logo

иҷтимоиёт

НОСИРИ ХУСРАВИ ҚУБОДИЁНӢ – ШОИРИ ОЗОДА ВА ХИРАДГАРО

Ба дасти ману туст некахтарӣ,
Агар бад наҷӯем, некахтарем.
Абумуиниддин Носири Хусрави Қубодиёнӣ  соли 1004 дар Қубодиён дида ба дунё кушодааст. Ӯ дар олами шеър бо тахаллуси «Ҳуҷҷат» машҳур аст. Носири Хусрав таҳсили нахустини худро дар зодгоҳаш гирифта, пасон дар мадрасаи шаҳри Балх илм омӯхтааст. Аз айёми ҷавонӣ ба хидмати давлатӣ дар дарбори Ғазнавиҳо медарояд. Ӯ худ дар ин бора дар «Сафарнома» маълумот медиҳад: «Ман боргоҳи мулук ва салотини Аҷам дидаам, чун Султон Маҳмуди Ғазнавӣ ва писараш Масъуд». 
Баъдан ӯ ба хидмати Салҷуқиён медарояд ва ба кори дабирӣ мепардозад. Ба ин маънӣ вай дар «Сафарнома» чунин мегӯяд: «Ман марди дабирпеша будам ва аз ҷумлаи мутасаррифон дар амвол ва аъмоли султонӣ. Ва ба корҳои девонӣ машғул будам ва муддате дар он шуғл мубошират намуда, дар миёни ақрон шуҳрате ёфта будам». Шоир дар бобати шуҳраташ дар дарбори амир баъдҳо боифтихор мегӯяд:
Ҳамон Носирам ман, ки холӣ набуд,
Зи ман маҷлиси миру садру вазир.
Мушоҳидаи зиндагии вазнини мардум, беадолатиҳои ҳокимони бегона - Ғазнавиён ва Салҷуқиён, фиребу найранги намояндагони дин, руҳониён, фақеҳон, шоирони маддоҳ ва аз ҷониби дигар мутолиаи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, ба ҷаҳонбинии Носири Хусрав таъсири мусбат мерасонанд. Бинобар ин, дар тафаккураш тағйирот ба вуҷуд меояд. Ӯ ин тағйиротро бештар ба хоби худ, ки дар синни 40-солагиаш мебинад, иртибот медиҳад. Хулоса, ӯ ба ҷустуҷӯи ҳақиқат мебарояд. Дар ин сафари маънавӣ ӯро бародараш Абусаид ва як ғуломи ҳиндӣ ҳамроҳӣ мекарданд. Носири Хусрав ҳафт солро дар сайру сафару ғурбат мегузаронад. Ӯ баъди зиёрати Макка ба ҳузури халифаи Фотимиёни Миср - Мустансари Биллоҳ роҳ меёбад. Халифа ба ӯ унвони «Ҳуҷҷати Хуросон»-ро арзонӣ медорад. Шоир баъд аз бозгашт ба Балх, ба ташвиқи мазҳаби исмоилия мепардозад, аммо мавриди ҳуҷуми уламои расмии суннӣ қарор мегирад. Онҳо Носири Хусравро ба бадмазҳабӣ муттаҳам менамоянд ва халқро бар зидди ӯ мешӯронанд. Шоир маҷбур мешавад, ки ба кӯҳистони Бадахшон рӯ биёрад ва дар Юмгондара пинҳон шавад. Вафоти ӯ дар соли 1088 дар ҳамон ҷо иттифоқ афтодааст.
 Носири Хусрав марди пурмутолиаву пуркор будааст. Аз ин рӯ, аз худ осори зиёд боқӣ гузоштааст, ки муҳимтарин осори шоир инҳоянд: «Девони ашъор», «Сафарнома», «Зод-ул-мусофирин», «Ҷомеъ-ул-ҳикматайн», «Хон-ул-ихвон», «Кушоиш ва раҳоиш», «Ваҷҳи дин», «Рӯшноинома», «Саодатнома» ва ғайра. Воқеан, шоир ба забони арабӣ низ девон доштани худро борҳо дар шеърҳояш ёдовар шудааст.
Носири Хусрав адиб ва мутафаккири мубориз, миллӣ, инсондӯст, адолатҷӯ, озодихоҳ, худшинос ва дар орзуи ташкили давлати миллӣ аст. Ба ҳокимони золими Ғазнавӣ ва Салҷуқиёни мутаассибу хунхор нафрат меварзад, онҳоро «гургони биёбонӣ» меномад. Ӯ аз фурӯпошии давлати миллии Сомониён ва рӯи кор омадани давлатҳои бегонатабор, ки Хуросонро ба хоку хун кашидаву мардумро қатлу овораю саргардон кардаанд, афсӯс мехӯрад ва босароҳат эълом медорад:
Хуросон з-оли Сомон чун тиҳӣ шуд,
Ҳама дигар шудааст аҳволу сомон.
Бояд гуфт, ки дар саросари осори шоир андеша ва руҳи миллӣ мавҷ мезанад. Ӯ баъд аз Фирдавсӣ ягона адибест, ки рӯирост аз ҷабри ҳокимони арабу турк, аз хориву оҷизии озодазодагон, ки давлатдориро аз даст додаанд, шикоят менамояд:
Туркон ба пеши мардон з-ин пеш дар Хуросон,
Буданд хору оҷиз ҳамчун занон сароӣ.
Имрӯз шарм н-ояд озодазодагонро,
Кардан ба пеши туркон пушт аз тамаъ дутоӣ.
Носири Хусрав шоир ва андешаманди ҳассос, кунҷков, пажӯҳанда, беқарор, ноором, сафаргаро, ғурбатдида, чуну чарокунанда, мубориз, эътирозгар, амирситез, исёнгар, мардумдӯст, деҳқонситой, адолатхоҳ, инсондӯст буда, руҳониёни зоҳиргарой, мардумфиреб, шоирони маддоҳ, дингароёни муқаллиду ҷоҳил, нотавонбинони хурофотӣ, афроди беҳувият, чоплусро, ки дар хидмати бегонагон қарор доштанд, дар осораш мазаммат менамояд. Мо дар тамоми осори ӯ ба ин гуна афкори ифшогароёна ва пешқадамона рӯ ба рӯ мешавем:
Эй зуҳдфурӯшанда, ту аз қолу мақолӣ,
Бо маркабу бо зайъату бо сандусу қолӣ.
Гар зуҳд ҳамеҷӯӣ чандин ба дари мир,
Чун медавӣ, эй беҳуда, чун аспи даволӣ…
 
Бузург нест, на доно ба назди ӯ, магар он-к
Амомае қасабу асбу симу зар дорад.
Зимнан, бояд гуфт, ки Носири Хусрав идомадиҳандаи андешаву орои гузаштагони худ, бавижа Рӯдакӣ, Кисоӣ, Абушакур, Фирдавсӣ ва дигарон буд. Аммо таъсири орову афкори Фирдавсӣ дар тамоми осораш машҳуд аст. Носири Хусрав, ба қавли донишманди фаронсавӣ Пол Омер, «баъд аз он ки ба синни рушд расид, қитъаоте аз ашъори Фирдавсии Тӯсиро ба даст оварда, хонд ва мутаваҷҷеҳ шуд, ки эрониён дар қадим қавми барҷаста будаанд ва султаи қавми араб онҳоро дучори инҳитот кард…». Ин қазияро ҳамсониҳои фикрӣ, ҷаҳонбинӣ ва мавқеи иҷтимоии эшон низ собит менамояд. Ба маълумоти зерини Носири Хусравро, ки дар «Сафарнома» доир ба мардуми араб додааст, таваҷҷуҳ фармоед: «Ва душанбеи бисту дувуми зулҳиҷа ба Тоиф расидем, ки аз Макка то он ҷо дувоздаҳ фарсанг бошад. Тоиф ноҳияте аст бар сари кӯҳе… Аз Тоиф бирафтем ва кӯҳу шикастагӣ буд… Қавме араб будааст, ки пирони ҳафтодсола маро ҳикоят карданд, ки дар умри хеш ба ҷуз шири шутур чизе нахӯрда буданд. Чи дар ин бодияҳо чизе нест, илло алафи шӯр, ки шутур мехӯрад ва эшон худ гумон мебаранд, ки ҳамаи олам чунон бошад… Чун ҳамроҳони мо сусмор медиданд, мекуштанд ва мехӯрданд ва ҳар куҷо араб буд, шири шутур медӯшиданд. Ман на сусмор тавонистам хӯрд ва на шири шутур… Ва баъд аз машаққати бисёр ва чизҳо, ки дидему ранҷҳо, ки кашидем, ба Фалҷ расидем. Ноҳияте бузург будааст, валекин ба таассуб хароб шудааст...». 
Мусаллам аст, ки таълимоти исмоилия, асосан, дар поёни асри VIII ва аввали асри IX ба Мовароуннаҳру Хуросон меояд. Он дар замони Сомониён ривоҷу равнақ меёбад, аммо дере нагузашта рӯ ба инҳитот меорад ва пайравони он таъқибу қатл мешаванд. Хусусан, баъд аз фурӯпошии Сомониён ва рӯи кор омадани сулолаи Ғазнавиён, Салҷуқиёну Қарахониёни мутаассиб, бо баҳонаи интишори дини ислом, рофизию қармативу муътазиликушӣ авҷ мегирад:
Ном ниҳӣ аҳли илму ҳикматро
Рофизию қарматию муътазилӣ.
Аммо Носири Хусрав ҳамчун шоири масъул, дорои ғурури миллию инсонӣ хомӯш наменишинад. Ӯ ин амали ғайриинсонии подшоҳону ҳокимон, ки аз номи дини ислом анҷом медоданд, фошу маҳкум менамояд. Ин қазияро дар мисоли кишварситонӣ, қатлу куштори Маҳмуд, ки ба номи ғазо дар Ҳинд сурат гирифтааст ва ба ғаразҳои шахсию сиёсии ӯ вобаста мебошад, воқеъбинона ба қалам медиҳад:
Он, ки ба Ҳиндувон шуд, яъне, ки ғозиям,
Аз баҳри бардагон, на зи баҳри ғазо шудаст.
Носири Хусрав, ки шоири озода, дӯстдори фарҳангу адаб ва забони миллист, забони модариаш (тоҷикӣ, форсӣ, дарӣ)-ро аз ҷону дил дӯст медорад. Он барояш аз дурру гавҳар ҳам болотар аст. Бинобар ин, онро «дар пои хукон намерезад».
Ман онам, ки дар пойи хукон нарезам,
Мар ин қиматӣ дурри лафзи дариро.
Албатта, ин гуна арҷгузорӣ ба забони модарии худ ва дар муқобили шоирони чоплус, ки онро дар ҳокимони истилогар истифода мекарданд, қарор гирифтани шоир ва ситоиш аз он аз масъулияту ҷасорати камназири ӯ дарак медиҳанд. 
Агарчи Носири Хусрав аз дасти бегонагон, мутаассибон, аҳли хурофот азобу машаққатҳои зиёд мекашад, овораву саргардону ғариб мешавад, аммо ҳеҷ гоҳ умеду орзуро аз даст намедиҳад, балки бовар дорад, ки рӯзе озодагон боз давлати худро аз истилогарон ва бегонагон бозпас мегиранд, соҳиби давлати миллии худ мешаванд. 
Носири Хусрав шоире ҳақҷӯю ҳақгӯю нотарс аст. Хусусан, дар бозтоби ҳимояи манфиатҳои миллӣ тавоност. Мо камтар шоиреро мешиносем, ки дар замони бедавлатӣ бо чунин ҷуръат афкори миллӣ, ватандӯстона гуфта бошад ва дар як лаҳзаи ҳассосу мушкили таърихи халқу кишварамон ба инъикоси ҳақиқат пардохта, кору амали подшоҳону ҳокимони бегона ва мутаассибони дину аҳли хурофотро ифшо карда, ба муқовимат бар зидди неруҳои зиддимиллӣ, ки тавассути истило ва табаддулот ҷилави кишварро аз дасти озодагон гирифтаву онҳоро ночиз карда буданд, бархезад, бо як ҷасорати фавқулода ба дифои руҳу андешаи миллӣ иқдом намояд, бо суханони оташину ҷанговаронааш ба майдон барояд, таслими душман нашавад ва паёми ҳақиқат ба ҳаммиллатони хеш бигӯяд:
Ҳаргиз нашавам бо коми душман,
То бар тани хеш комгорам.
Носири Хусрав ба ақл ва ҳастӣ арҷ мегузорад. Ӯ ба тағйирёбанда будани дунёи моддӣ, истиқлолияту абадият, аз рӯи қонуни инкишоф амал кардан, зоҳиран дигаргун шудан, аммо ҷавҳарро нигаҳ доштани он, ки мӯҷиби тараққии илмҳои дунявӣ мегардад, қоил аст. Ин назария ва мавқеи мутараққии шоир имкон медиҳад, ки пеши ҷаҳолату нодонӣ гирифта шавад, хираду дониш биафзояд, ратсионализм ё ақлгароӣ дар ҷомеа ҳокимият кунад ва ривоҷу равнақ ёбад. Бо ҳарфи дигар, Носири Хусрав такомули моддӣ ва маънавии инсонро дар ақлу хиради ӯ мебинад, ки ин, албатта, афкори пешқадам ва мусбат мебошад. Ин андешаи шоирро пешрафтҳои ҷаҳони муосир, ки мо бо чашми сар мебинем, ба субут мерасонанд. Маҳз аз файзи ақлу хирад аст, ки одам оламро тағйир медиҳад, инсон аз мавҳумоту хурофоту аҷзу бечорагӣ рӯ ба созандагӣ, ободгарӣ меорад:
Озод шавад ба ақл банда
В-обод шавад ба ақл вайрон...
Кори хирад аст бозҷустан
Аз ҳосили халқу чархи даврон.
Дар ҳақиқат, Носири Хусрав, ки шоири ақлгаро аст, ба қувваи ақл бовар дорад. Бинобар ин, дар осораш, бавижа девони ашъораш, ҳамвора аз он ситоиш менамояд:
Хирад аст он, ки туро банда шудастанд бад-ӯ
Ба замин шеру палангу ба ҳаво бошаву боз.
Маълум аст, ки Носири Хусрав дар замоне мезист, ки давлати миллии тоҷикон аз байн рафта буд, онҳо ҳеҷ гуна неруи сиёсӣ барои мубориза бо бегонагон ва ба даст гирифтан қудратро надошт. Биноан, ақлу хирад ягона яроқи муборизаи эшон маҳсуб мешуд. Беҳуда шоир нагуфтааст:
Бо лашкари замонаву бо теғи тези даҳр
Ақлу хирад бас аст сипоҳу сипар маро.
Носири Хусрав дар осораш ҳамон қадар, ки аз ақлу хирад ситоиш менамояд, ба ҳамон андоза аз илму дониш низ васф мекунад, зеро ақлу хирад, илму дониш мисли ду боли як парандаанд, ки бидуни онҳо паранда наметавонад парвоз кунад, авҷ бигирад. Ақлу хирад ва илму дониш барои инсон низ ҳамин мартабаро доранд. Башар ҳам бидуни ақлу хирад ва илму дониш наметавонад зиндагиашро сару сомон бахшад, ҳаёташро шукуфо созад ва дар рафоҳу шодмонию шодкомӣ бизияд. 
Мавзуи худшиносӣ дар маркази диққати шоир қарор дорад. Ӯ ҳам дар қасида ва ҳам маснавиҳояш ин мавзуъро дунбол мекунад ва ба мардум дарси хештаншиносӣ, худогоҳӣ, аз аслу ҷавҳари худ воқиф шудан, барои чи ба ин дунё омадан, чӣ гуна масъулияту маъмурият доштанаш муқаррар сухан мегӯяд. Чунончи:
Чунин гуфтанд, рав, бишнос худро,
Тариқи куфру дину неку бадро.
Агар бишнохтӣ худро ба таҳқиқ,
Ҳам аз ирфони Ҳақ ёбӣ ту тавфиқ...
На баҳри хобу хӯрдӣ ҳамчу ҳайвон,
Барои ҳикмату илмӣ чу инсон.
Носири Хусрав, ки марди воқеъгаро, донишманду огоҳ аст, ба афсонаву нақлу ривоёт кам гароиш дорад. Бинобар ин, ӯ ҳамеша далел талаб мекунад, шоҳид меҷӯяд, то ба воқеияту ҳақиқат даст ёбад. Воқеан, ӯ аз зарбулмасали «шунидан кай бувад монанди дидан» ба такрор ва ба шакли мухталиф дар осораш истифода намуда, афроду ашхос ва руҳониёни манфиатҷӯ аз ояту ҳадисро маҳкум мекунад:
Макун бовар суханҳои шунида,
Шунида кай бувад монанди дида.
Агар бо дидаӣ, нодида машнав,
Ту бурҳон хоҳ, бар тақлид маграв.
Чӣ гӯӣ, к-ин ривоят мекунад он,
Зубайр аз Холиду Холид зи Салмон...
Талаб кун аслу бурҳону далоил,
К-аз ӯ равшан шавад рамзи авоил...
Ӯ, хусусан ба аҳли хурофот ва суханони эшон, эътиқод надорад. Бинобар ин, мегӯяд:
Далел аз ҳуҷҷату чуну чаро кун,
Нахустин мартабат фавқ-ус-само кун...
Сухан кам гӯй, кам кун ин хурофот,
Мақомот асл дорад, на мақолот.
Маҳз худшиносӣ, худтакмилдиҳӣ, ислоҳи ахлоқ ва пок кардани дил ба Носири Хусрав имконият медиҳад, ки худро аз расмиятҳои динӣ наҷот бидиҳад ва дар сафи қаламкашони озодандешу вораста қарор гирад. Ҳамин аст, ки ӯ ҷаннатро бо ахлоқи нек ва ба Худо як шудан, дӯзахро ахлоқи бад дар ин олам тафсир мекунад. Ба ин мазмун дар «Саодатнома» чунин мегӯяд:
Ҳадиси дӯзаху ҷаннат раҳо кун,
Парастиш хос аз баҳри Худо кун.
Туро бар ҳар ду гетӣ баргузиданд,
Ҳам охир баҳри корат офариданд.
Бояд гуфт, ки дар масъалаи маод ба «зинда гардондани баъд аз мирондан» эътиқод надоштани Носири Хусрав аз шеъри ҳаҷвии зерини ӯ маълум аст:
Мардакеро ба дашт гург дарид,
З-ӯ бихӯрданд каргасу долон.
Он яке рист  дар буни чоҳе
В-он дигар рафт бар сари вайрон.
Инчунин кас ба ҳашр зинда шавад?
Тиз бар риши мардуми нодон.
Носири Хусрав аҳли ҷаҳлу хурофотро ҳамвора ҳадафи тири маломати хеш қарор медиҳад ва дурӣ аз ин гурӯҳро аз мардум тақозо менамояд:
Манигар сӯи он касе, ки забон-ш
Ҷуз хурофоту фаря  надрояд.
Маълум аст, ки ағлаби мардум аҳкоми динро кӯр-кӯрона иҷро менамоянд, ба маънои он сарфаҳм намераванд. Масалан, “Қуръон” мехонанд, намоз мегузоранд, рӯза мегиранд, аммо моҳияти онҳоро дарк наменамоянд. Носири Хусрав дар ин абёти худ ба ҳамин маънӣ ишора менамояд:
Аз хондани чизе, ки бихонию надонӣ,
Ҳаргиз нашавад ҳосил чизет ҷуз афғон.
* * *
Чун рӯза надонӣ, ки чӣ чиз аст, чӣ суд аст,
Беҳуда ҳама рӯза туро будани ноҳор?
Мусаллам аст, ки аҳли дин, бавижа руҳониён ва фақеҳони мутаассиб, дар ҳар замон ва макон бо табақаи ҳокиму аҳли дарбор якҷо ва якгап шуда, ба тороҷи молу мулки мардуми бенаво мепардохтанд. Ин амал дар замони Носири Хусрав ва ғалабаи руҳи мазҳабӣ, ки аз дину шариат ба фоидаи худ суд меҷустанд, дучандон гардида буд, хусусан руҳониён, фақеҳони қишри мутаассиб сахт фаъол гардида буданд. Аз ин хотир, Носири Хусрав ба ифшои сурату сирати ин гурӯҳи риёкор, мардумфиреб, золим дар осораш ҳиммат мегуморад ва мегӯяд:
Ин ришватхорон фуқаҳоанд шуморо,
Иблис фақеҳ аст, гар инҳо фуқаҳоянд.
Аз баҳри қазо хостану хӯрдани ришват
Фитна ҳамагон бар кутуби байъу широанд.
Ришват бихӯранд, он гаҳ рухсат бидиҳандат,
На аҳли қазоанд, бал аз аҳли қафоанд.
Албатта, дар ин ғоратгариву истисмор қозиёну муфтиён аз фақеҳон қафо намемонданд, балки дар баробари онҳо даст ба тороҷи халқ мезаданд ва аз ҳеҷ гуна тамаъ рӯ наметофтанд:
Ҳар зишту хатои ту сӯи муфтӣ
Хуб асту раво, чу дид диноре.
В-ар зоҳидиву надодӣ ришват,
Ё беш дуруст ҳамчу деворе.
Мо авҷи озодандешии Носири Хусравро дар қасидаи «Мунозира бо Худо»-и ӯ мушоҳида менамоем. Албатта, ин қасида мунозираи бевоситаи Носири Хусрав бо Худо нест, балки бо уламои мазҳабӣ мебошад, ки Худоро воҷибалвуҷуди замину замон медонистанд. Ба ҳар ҳол, Носири Хусрав дар ин қасида сабабгор ва гунаҳгор будани иштибоҳҳои башарро бар дӯши Худованд мегузорад:
Худоё, арзу тули оламатро
Тавонӣ дар дили мӯре кашидан…
Агар неканд в-агар бад, хилқат аз туст,
Халиқе, хуб боист офаридан…
Ниҳоли фитна дар дилҳо ту киштӣ
Дар оғози халоиқ офаридан…
Ту гар хилқат намудӣ баҳри тоат,
Чаро боист шайтон офаридан…
Агар мехостӣ, к-инҳо напурсам,
Маро боист ҳайвон офаридан…
Худоё, рост гӯям фитна аз туст,
Вале аз тарс натвонам ҷағидан…
Ниҳоят, Носири Хусрав шоири ситамситез ва зидди ҳама гуна зулму истисмор аст. Бинобар ин, вай дар осораш башари ситамгору хунхорро маҳкум менамояд. Ӯ барои ибрози ин андешаи мутараққӣ ва башардӯстона аз андешаи маъруфи мардумию динии «мукофоти амал» ва асотир суд меҷӯяд.
Осори Носири Хусрав моломол аз ин гуна афкори мутараққӣ мебошад. Хусусан, андешаҳои ӯ дар заминаи ақлу дониш аз партави лоязолӣ бархӯрдоранд, онҳо замону маконро дарменаварданд ва имрӯзу фардо низ ба башар хидмат менамоянд. Аз ин рӯ, ҳар фарди ҳушманд, новобаста аз миллату нажоду забону синну сол, метавонад аз ин андешаву орои ҳакими Қубодиёнӣ барои худ тӯшае андӯзад ва бад-ин васила бар хираду дониши хеш биафзояд.
 
Ҷамолиддин САИДЗОДА, номзади илмҳои педагогӣ
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.03.2022    №: 53    Мутолиа карданд: 1030
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед