иҷтимоиёт
НАВРӮЗ – ИДИ БАШАР
Наврӯз бо ҳама ҳусни табииву заминияш намунаи як фарҳангу тамаддуни олӣ ба ҳисоб рафта, аз давраҳои дерин барои муҳаббату самимият ва ҳамдигарфаҳмию ваҳдати байни инсонҳо заминаи беҳтарини маънавӣ фароҳам овардааст.
Эмомалӣ РАҲМОН
Наврӯз акнун бо маросиму анъанаҳои хеш пайвандгари тамаддунҳо ва халқу кишварҳост, зеро ормону арзишҳои волои он ба тамоми инсоният тааллуқ доранд. Наврӯз меросу ёдгори муқаддастарини гузаштагони инсоният аст ва ҷашни падиди навшавӣ, муждаи сапедадам, навиди рӯшноӣ, давоми ҳастӣ, дӯстию рафоқат, покию зебоӣ, баҳору эҳёст, чуноне аз номаш бармеояд, бузург аст.
Вожаи «Наврӯз» мураккаб буда, (паҳлавӣ: nōk-rōč) ба маънии рӯзи нав, рӯзи тоза, рӯзи рӯшан, рӯзи дурахшида омадааст. Дар фарҳангу луғот омадааст: «Наврӯз 1. Рӯзи нав, рӯзи тоза; 2. Бузургтарин ҷашн, ки дар нахустин рӯз аз нахустин моҳи (фарвардин) соли шамсӣ, он гоҳ ки рӯзу шаб баробар гардад, оғоз шавад; 3. Яке аз нағмаоти мусиқии қадими ориёӣ» ва дар мавриди Наврӯзи бузург: 1. Наврӯзи хосса; 2. Гӯшае аст аз овоз дар мусиқии қадим». Маънии дуюми «Наврӯзи бузург» шояд мансуб ба маънии аввалӣ аст, яъне, ин наво ё мусиқӣ бахшида ба Ҷашни Наврӯзи бузург ё Наврӯзи хосса падид омадааст. Аз ин ҷост, ки Манучеҳрӣ мегӯяд:
«Наврӯзи бузург»-ам бизан, эй мутрибам, имрӯз,
Зеро ки бувад навбати «Наврӯз» ба Наврӯз.
Бале, Наврӯзи хуҷастапай чун қудуму паяш фархунда, шукуфта, пероста ва устувор аст, таърихи зиёда аз шашҳазорсола дорад. Ин ҷашн дар байни тоҷикон се ҳазор сол то пазируфтани оини зардуштӣ вуҷуд доштааст ва дар ҳар давру замон ва ҳукмронии сулолаву шоҳони гуногун чун Ҳахоманишӣ, Ашконӣ ва Сосонӣ бо рангу таровати аҷиб таҷлил мегашт.
Абулқосим Фирдавсӣ дар «Шоҳнома»-и безаволи хеш аз таърихи пайдоиши Наврӯз дар замони ҳукмронии Ҷамшед мегӯяд:
Ба Ҷамшед бар гавҳар афшонданд,
Мар он рӯзро Рӯзи нав хонданд.
Сари соли нав Ҳурмузи Фарвардин,
Баросуда аз ранҷ тан, дил зи кин.
Ба Наврӯзи нав шоҳи гетифурӯз,
Бар он тахт биншаст фирӯзрӯз...
Аз рӯйи гуфтаҳои Фирдавсӣ шоҳ Ҷамшед замоне дар сарзаминҳои ориёӣ ба ҷаҳонпӯйӣ машғул буд ва чун ба Озарбойҷон расид, бифармуд, ки он ҷо тахте гузоранд ва бар сар тоҷе зарин ниҳод, чунончи нури хуршед бар тахту тоҷи зарин расид, ҷаҳон мунаввар шуд, мардум шодмонӣ карданд ва он рӯзро «Наврӯз» хонданд.
Абуалӣ Муҳаммади Балъамӣ дар «Таърихи Табарӣ» аз Наврӯз ёдовар шуда, онро «Рӯзи дод» (адл) медонад ва сабаби пайдоиши онро чунин овардааст: «Пас, Ҷамшед уламоро гирд кард, ки чист ин подшоҳии ман бар ман поянда ва боқӣ дорад? Гуфтанд: Додгустарӣ миёни халқи Худой. Пас, ӯ дод бигустурд ва уламоро бифармуд, ки он рӯз, ки ман бинишинам ба мазолим, шумо ҳам назди ман бошед, то ҳарчи дар адлу дод бошад, бинамоед, то ман он кунам. Ва ба чунин рӯз, ки ба додхоҳӣ нишаст, рӯзи ҳурмузд буд аз моҳи фарвардин, пас он рӯзро Наврӯз карданд ва то кунун бар мо суннат гашт».
Дар даврони Сосониён Наврӯзро гӯё 30 рӯз ҷашн мегирифтанд. Баъдтар ба 6 рӯз мерасад: рӯзи аввал пазироиву қабули мардум, рӯзи дуюм бо масъулони музофотҳо, рӯзи сеюм бо мубадону руҳониён, рӯзи чаҳорум бо аҳли дарбор, рӯзи панҷум бо хешовандону наздикон ва ниҳоят, рӯзи шашум «Наврӯзи бузург»-ро ҷашн мегирифтанд.
Абурайҳони Берунӣ дар «Осор-ул-боқия» меорад: «Аз расмҳои порсиён Наврӯз чист? Нахустин рӯз аст аз фарвардинмоҳ ва з-ин ҷиҳат «Рӯзи нав» ном кардаанд, зеро ки пешонии соли нав аст, он чӣ аз пеши ӯст, аз ин панҷ рӯз ҳама ҷашнҳост».
Ҳаким Умари Хайём дар «Наврӯзнома» менигорад: «Сабаби ном ниҳодани Наврӯз аз он будааст, ки Офтоб дар сесаду шаступанҷ шабонарӯз ва рубъи (4) аввали дақиқаи Ҳамал боз ояд ва чун Ҷамшед он рӯзро дарёфт, Наврӯз ном ниҳод ва ҷашн оин овард ва пас аз он подшоҳон ва дигар мардумон ба ӯ иқтидо кардаанд. Чун он вақтро подшоҳони Аҷам дарёфтанд, аз баҳри бузургдошти Офтоб онро нишона карданд ва он рӯзро ҷашн сохтанд ва оламиёнро хабар доданд, то ҳамагон онро бидонанд ва он таърихро нигоҳ доранд. Бар подшоҳон воҷиб аст оину расми мулкро ба ҷой оранд аз баҳри муборакӣ ва баҳри таърих ва хуррамӣ кардан дар аввали сол. Ҳар кӣ рӯзи Наврӯз ҷашн кунад ва ба хуррамӣ пайвандад, то Наврӯзи дигар умр дар шодӣ гузаронад ва ин таҷрибатро ҳукамо аз барои подшоҳон карданд».
Дар ҳар давру замон ба оину русуми писандидаю пазируфта ва суннатҳои он созгор намудани расму ҷашнвораҳо мардуми мо кӯшишу заҳмати зиёде намудаанд. Чунончи, Абурайҳони Берунӣ мегӯяд: «Ва чанде ҳашвия мегӯянд, ки чун Сулаймон бинни Довуд ангуштарини хешро гум кард, салтанат аз дасти ӯ берун рафт. Вале пас аз чил рӯз бори дигар ангуштарини худро биёфт ва подшоҳию фармондиҳӣ бар ӯ баргашт ва мурғон бар даври ӯ гирд омаданд: «Наврӯз омад», яъне рӯзи тоза биомад. Нисбат ба он ки пайдоиши Наврӯз ба замони шоҳ Ҷамшед чӣ муносибат дорад, ин аст, ки дар айёми Таҳмурас, собиа ошкор шуд ва чун Ҷамшед ба подшоҳӣ расид, динро аз нав кард. Ва ин кори хеле бузург ба назар омад ва он рӯзро, ки рӯзи тоза буд, Ҷамшед ид гирифт, агарчи пеш аз ин ҳам Наврӯз бузургу муаззам буд».
Зи кӯйи ёр меояд насими боди наврӯзӣ,
Аз ин бод ар мадад хоҳӣ, чароғи дил барафрӯзӣ.
Таърих гувоҳ аст, ки бо шукӯҳу шаҳомати шоҳона таҷлил намудани ин иди куҳанбунёд бори дигар аз устуворию побарҷойӣ ва бузургии Наврӯз мужда медиҳад.
Бояд гуфт, ки нуфузи байналмилалӣ гирифтани Наврӯз далелест бар он, ки акнун мартабаю ҷойгоҳи ҳақиқии хешро дар масири таърих пайдо кард. Зеро чун ба пайдоиш ва таҷлили Наврӯз дар садаҳои гузашта назар андохтем, маълум гашт, ки ин ҷашн бо нишондоди дар худ ҳифз намудани маънавияти волои инсондӯстӣ ва дар марзу буми густурдаю васеъ новобаста аз дин, кеш, мазҳаб ва забон паҳн шудани он башоратест, ки аз аввал байналмилалӣ (ҳарчанд бе расмият) буд. Аммо тоҷикон бояд бифахранду биболанд, ки давоми асрҳо тавонистанд ин ҷашнро ҳифз намоянд ва дар ҳама дунё бо номи Наврӯз маълуму машҳур ва таҷлил шудааст.
Ин ҷашн бо бузургияш, ба гуфтаи ҳаким Фирдавсӣ, бешак, ҷашни хусравонӣ баҳри инсонҳост, зеро дар таърих падид омадану чӣ гуна ҷашн гирифтани онро ба иқдомоти шоҳон нисбат медиҳанд ва ба ин васила, рамзи қарину наздик ва ҳамроҳу ҳамдам будани шоҳу сарвар бо мардуми хеш инъикос мегардад.
Чунин рӯзи фараҳ аз он рӯзгор,
Бимонда аз он хусравон ёдгор.
Имрӯз далели раднопазир дар ин маврид ташаббусу ибтикорот ва кӯшишу талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҷаҳонӣ шудани Ҷашни Наврӯз маҳсуб меёбад. Як меваи ширини Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамин аст, ки ҷашни ниёгони мо – Наврӯз, 19 феврали соли 2010 дар иҷлосияи 64, аз ҷониби Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид – Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон шуда, ба мартабаи расмии иди байналмилалӣ бирасид, зеро «Мантиқу фалсафа ва моҳияту ҳикмати Наврӯз аз донишу хирад, меҳру муҳаббат, сулҳу субот ва шодию нишот иборат буда, дар тули ҳазорсолаҳо барои мардуми мо ҳамчун омили ҳастиву муттаҳидкунанда хизмат кардааст»
Бо ин шоҳкории Пешвои миллат Тоҷикистон ба ҳайси давлати комилҳуқуқ ва ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ саҳми худро дар фарҳанги ҷаҳонӣ гузошт, барои густариши ин ҷашни бошукӯҳ дар ҷаҳон заминаҳои мусоид фароҳам овард ва Наврӯз шукӯҳу ҷалоли тоза пайдо кард. Наврӯз чун пайвандгари тамаддунҳо ва халқу кишварҳо боқӣ мемонад, чунки моҳияташ инсонпарварию зебопарастист.
Пас, Иди Наврӯз иди ҳаёти инсоният аст. Василаи талқини рисолати волои инсонист. Наврӯз замон, ҳолат, лаҳза, мавқеъ, марҳилаи кушоиши рамзҳои зиндагист, дарак, нишона, мужда, пайке аз будан, зистан, шодӣ кардану шукргузорӣ намудан аст ва бад-ин сабаб мегӯем:
Ало Наврӯз, эй Наврӯз!
Биёву сабз кун боз орзуҳоро.
Либоси нав бипӯшон дар тани дунё.
Ало Наврӯз, эй Наврӯз!
Биё, к-аз шарми дидори ту сурхида
Баногӯши арӯси шармгини гул.
Бигир аз остини гул.
Биё, то ки суруди ишқро хонад
Шабошаб духтари борон.
Биё, то пур кунад авроқи гул шеъри тари борон.
Ало Наврӯз, эй Наврӯз!
Биё, аз остони бостон то манзили имрӯз,
Ба дӯши хеш овар сад сабад гулҳои шодиро,
Нишоти сабз овар кӯҳу водиро.
Ало Наврӯз, эй Наврӯз!
Биёву бо қадамҳоят
Зи роҳи умри мо гарду ғубори
тирагиро рӯб,
Заминро мужда деҳ аз навҷавонию
ҷаҳоният.
Ало, Наврӯз, эй Наврӯз!
Жило ГУЛНАЗАРЗОДА,
доктори илмҳои филология,
ректори Донишкадаи
давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 18.03.2022 №: 54 Мутолиа карданд: 890