фарҳанг
ДДЗТ. БАРГУЗОРИИ ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ
Дар толори фарҳангии Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода 10-уми март бахшида ба Рӯзи Модар ва Рӯзи матбуоти тоҷик маҳфили идонаи хотирмон бо ширкати васеи намояндагони васоити ахбори омма дар сатҳи баланд баргузор гардид.
Дар чорабинӣ ректор Жило Гулназарзода, муовини роҳбари Дастгоҳи вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковник Умарҷони Эмомалӣ, рӯзноманигори рӯзномаи “Ҷумҳурият” Абдулқодири Раҳим, муовини сармуҳаррири нашрияи “Омӯзгор” Абдурауф Муродӣ ва муаллифи барномаи “Тоҷикистон ва ҷаҳон”-и Телевизиони “Тоҷикистон”, рӯзноманигор Фатҳиддин Замон ширкат ва суханронӣ карданд.
Жило Гулназарзода рӯзноманигорони кишварро ба ифтихори Рӯзи матбуоти тоҷик самимона табрику таҳният гуфта, барояшон саломативу сарбаландӣ, неруи қавӣ, иродаи матин ва дастовардҳои беназири эҷодиро таманно карда, аз ҷумла чунин иброз дошт: “Итминони комил дорем, ки рӯзноманигорони худшиносу ватандӯсти тоҷик бо қалами бурро ва сухани созандаи хеш дар пешрафту шукуфоии Ватани азизамон - Тоҷикистон саҳми арзанда хоҳанд гузошт.”
Шоир ва рӯзноманигор Абдулқодири Раҳим дар бораи пешаи рӯзноманигорӣ ва нақши васоити ахбори омма дар рушду суботи ҷумҳурӣ сухан гуфта, изҳор дошт, ки матбуот яке аз неруҳои пуриқтидори пешбарандаи ҷомеа ба ҳисоб рафта, нақши он дар мукаммалсозии фазои иттилоотӣ бисёр муҳиму бузургу созанда мебошад.
Рӯзноманигор Абдурауф Муродӣ дар хусуси нашрияи “Паёми донишҷӯ” ва маҷаллаи “Машъалафрӯз” – и Донишкада сухан гуфта, аз ҷумла изҳор дошт, ки аз нигоҳи ороиш, сифат ва мазмуну муҳтаво нашрияи “Паёми донишҷӯ” ва маҷаллаи “Машъалафрӯз”-ро метавон дар радифи беҳтарин нашрияву маҷаллаҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар номид.
Полковник Умарҷони Эмомалӣ ва рӯзноманигор Фатҳиддини Замон дар бораи вазъи сиёсии ҷаҳон, ҷангҳои иттилоотӣ ва дигар мавзуъҳои муҳим сухан ронда, ҷавонони худогоҳу худшинос ва меҳандӯстро барои ҳимояи арзишҳои миллӣ ва муаррифии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар сатҳи байналмилалӣ ҳидоят карданд.
Дар идома рӯзноманигорони кишвар, хабарнигорони ҷамоатии нашрияи “Паёми донишҷӯ” ва аъзои фаъоли маҳфили “Тулуи сухан”, ки дар муаррифии Донишкада саҳми шоиста гузоштаанд, бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик бо сипоснома ва туҳфаҳои раёсати Донишкада қадр шуданд.
Аз ҷониби донишҷӯёни соҳибистеъдоди Донишкада барномаи хотирмони фарҳангӣ- фароғатӣ, ки ба муносибати Рӯзи Модар ва Рӯзи матбуоти тоҷик омода шуда буд, пешниҳоди аҳли нишаст гардид.
Доро СУҲРОБӢ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 18.03.2022 №: 54 Мутолиа карданд: 2008