фарҳанг
ТӮРАҚУЛ ЗЕҲНӢ. ПУШТИБОНИ ЗАБОНУ АДАБИ ТОҶИК
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба ифтихори 130 - солагии забоншинос ва фарҳангнигори номвари тоҷик Тӯрақул Зеҳнӣ Конфронси ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Тӯрақул Зеҳнӣ ва масъалаҳои забон, адабиёт ва фарҳанги тоҷикӣ» баргузор гардид.
Фарҳод Раҳимӣ, президенти АМИТ, дар мавриди ҷойгоҳи ин шахсияти шинохта дар бедории фикрӣ изҳори назар карда, гуфт: «Ёдбуди Тӯрақул Зеҳнӣ дар номгӯйи ҷашнҳои тасдиқнамудаи Ҳукумати ҷумҳурӣ барои соли 2022 шомил шуда, конфронси мазкур оғози маҳфилҳои илмиву адабӣ дар гиромидошти ин пажӯҳишгар аст. Мо дар ҳамкорӣ бо роҳбарияти вилояти Самарқанд нақша дорем, ки моҳи майи соли ҷорӣ бахши дувуми ин конфронсро он ҷо бигзаронем, зеро як бахши кор ва ҷамъугири мақолаҳо якҷо бо донишмандони Ӯзбекистон сурат гирифт».
Ба ифтихори ин ҷашн ду китоб, яке «Зеҳнинома» ва қисми аввалини куллиёти Зеҳнӣ – «Санъати сухан» нашр ва рӯнамоӣ гардиданд.
Чӣ тавре ки зикр шуд, Зеҳнӣ дар ҳама соҳаҳои илму адаб, аз ҷумла дар тазкиранигорӣ, матбуот, адабиёт ва забоншиносӣ, эҷоди шеър, миллатшиносӣ ва адабиёти шифоҳии мардум таълифоти густурда дошта, муаллифи китобҳои дарсӣ, таҳқиқотӣ ва 300 мақолаи илмист.
Ҷомеи адабии мо ӯро бештар бо китоби муҳиму машҳураш «Санъати сухан» шиносанд ҳам, дар соҳаи маориф муаллифи китобҳои аввалини дарсӣ барои тоҷикон бо хатти лотинӣ ва фарҳангнигори мумтоз будааст.
Бино ба гуфтаи олимон, Тӯрақул Зеҳнӣ дар иншои китоби арзишманди «Намунаи адабиёти тоҷик» ёвари асосии устод Айнӣ буда, муаллифи китоб ӯро «дасти рости ман» гуфта тавсиф мекунад.
Тӯрақул Зеҳнӣ дар тартиб додани луғати маъруфи «Фарҳанги забони тоҷикӣ» дар ду ҷилд (1969) хидмати бедареғ кардааст. Академик Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ ранҷи шабонарӯзии номбурдаро чунин ситоиш мекунад: «Қариб ними кори ин фарҳанги бузургро худаш ба танҳоӣ ба субут расондааст». Луғатшинос Амон Воҳидов дақиқан зикр мекунад, ки аз 1747 саҳифаи фарҳанг 786 саҳифаи он ба қалами Зеҳнӣ тааллуқ дошт, ки дар маҷмуъ, ними китоб аст.
Устод Зеҳнӣ ҳангоми таҳсил дар мадрасаи Тиллокории шаҳри Самарқанд хатти форсиро ба таври амиқ омӯхта, минбаъд дар корҳои таълифотӣ аз фарҳанги муътабари «Ғиёс-ул-луғот» ба таври фаровон истифода мебурд. Ин таҷрибаи ӯ дар мураттаб кардани «Фарҳанги забони тоҷикӣ» хеле судманд буд.
Дар баробари омӯзгорӣ навиштани аввалин китобҳои дарсиро рисолати худ донист ва соли 1928 якҷо бо Вадуд Маҳмудӣ якбора се китоб - «Омӯзиш» барои синфҳои 2, 3, 4 навишт. Соли 1930 китоби дарсии «Сарфи забони тоҷикӣ»-ро таълиф кард. Бо ин кори хайр ӯ дар бедории фикрии чанд насли тоҷик хидмати бузург анҷом дод.
Соли 1956 ба Душанбе омад ва ҳамкориашро бо муассисаҳои илмии Тоҷикистон ба роҳ монд. Соли 1960 китоби «Санъати сухан»-ро бори аввал рӯйи чоп овард, ки аз маъруфтарин таълифоти ӯст. Ин китоби ба ҳама ошно аз он замон то соли 2022 чор маротиба таҷдиди чоп шуда, аз китобҳои рӯйимизии донишҷӯёну эҷодкорони навроҳ аст.
Ба гумони ғолиб, пажӯҳиши решашиносии вожаи «тоҷик» дар гирумони таърих ҳанӯз замони ҳамкориву ҳамрозӣ бо устод Айнӣ ва ёрмандии ӯ дар иншои «Намунаи адабиёти тоҷик» (1926) дар дили Зеҳнӣ реша давонда буд. Барои мисол, ӯ ҳанӯз моҳи майи соли 1926 дар ҷаридаи «Овози тоҷик» матлабе бо номи «Мубоҳиса дар бораи забон ва адабиёт», «Маслиҳатҳои ман дар бораи забон» навишта («Раҳбари дониш», 1929) алорағми даъвогарон мавҷудияти забони мукаммалеро барои давраи нав ва насли ҷадид ҷиддан таъкид кардааст. Бино ба гуфтаи ӯ, «аз нав забони чопагӣ (чопӣ) офаридан, кори миллате аст, ки пеш аз ин забони чопа ва адабӣ надошта бошад. Ва ҳол он ки соҳиби забони китобӣ будем ва ҳастем».
Баъзе аз матлабҳои хусусияти миллидоштаашро бо номи мустаори Рустам нашр мекардааст. Ёд кардан месазад, ки мавсуф аз муаллифони фаъоли рӯзномаи «Тоҷикистони шуравӣ», имрӯза «Ҷумҳурият» буд. Даҳҳо мақолаҳояш дар бораи масъалаҳои миллӣ дар ин ҷарида чоп шудаанд.
Аз он даврон то соли 1985 як силсила иттилоъро аз мадракҳои муътабар ҷамъ оварда, ниҳоят дар моҳномаи «Садои Шарқ» мақолае навишт бо унвони «Калимаи тоҷик дар осори гузаштагон». Ин мақолаи бисёр муҳим ва фарогир иттилои навро ба илми тоҷикшиносӣ дод. Мақола замоне чоп шуд, ки дар кишварҳои Иттиҳоди Шуравӣ руҳияи худшиносӣ кам-кам болу пар мекушод.
Дар ин мақола дар баробари ифтихору нозиш аз забони ноби ҳазорсола ва эминмонда аз ҷабрҳои таърих, инчунин, таъкид мешавад, ки «тоҷик дар гузашта номи қавме будааст, ки номвожаи Эрони бузургро ифода ва аз он дифоъ мекарда».
Зеҳнӣ, ҳамзамон, яке аз аввалин мунаққидони забони рӯзномаҳои он айём буд ва пайваста садо баланд мекард, то забони адабии тоҷикӣ дар ҷаридаҳо бо камолу ҷамол истифода шавад. Бавижа, дар мақолаи «Забони «Овози тоҷик» мақолаву матлабҳои ин рӯзномаро мавриди таҳлил қарор медиҳад ва эродҳои худро бо далелҳо собит мекунад.
Ҷабри айём бисёр дида ва ранҷу машаққати зеҳниву фикрӣ бешумор кашида бошад ҳам, умри пурбаракат дид, яъне 90 сол. Дар фарқ бо дигарон, то рӯзи вопасин аз навиштану таҳрир, таҳлилу таҳқиқ канора наҷуст ва охирин рамақҳои ҷонашро рӯйи коғаз мерехт. Маҳсули ранҷи айёми пирии ӯ дар китоби «Аз таърихи лексикаи забони тоҷикӣ» маҳфуз аст. Ин китобро устод дар навадсолагӣ омодаи чоп карда буд, аммо дидани китоб ба ӯ муяссар нашуд. Он пас аз маргаш интишор ёфт. Пажӯҳиши мазкур дар зоти худ бисёр арзишманд буда, аз тарафи забоншиносон эътимод ва эътироф дарёфтааст. Дар ин рисола муаллиф ба маводу матлабҳои илмии асрҳои Х-XI такя карда, дар асоси забони мардуми Варорӯд ташаккул ёфтани забони адабии муосири тоҷикии форсиро собит мекунад.
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 18.03.2022 №: 54 Мутолиа карданд: 2349