фарҳанг
ВОСЕЪ. САД ҲАЙФИ КИНОТЕАТРИ «ШОҲИН»
Кинотеатри «Шоҳин»-и ноҳияи Восеъ, ки дар гузашта макони ободу зебо буду нуфузи вижа дошт, мутаассифона, рӯ ба харобӣ овард. Ба гуфтаи Маъруф Саймиддинов, директори муассисаи мазкур, соли 1998 кинотеатр аз фаъолият боз монд.
Кохи “Шоҳин” беш аз 500 ҷойи нишаст дошт. Муассиса дар тавозуни “Тоҷикфилм” қарор дорад. Мутасаддиён мудом ваъда медиҳанд, ки кинотеатрро барқарор мекунем. Вале натиҷае нест.
Тавре мушоҳида гардид, аз кинотеатр ба ҷуз як бинои валангор дигар осоре намондааст. На ҷойи нишаст дораду на дастгоҳҳои кинопахшкунӣ. Вақти боридани борон бомаш мечакад. Феълан, чанд ҳуҷраи бинои мазкур ба нуқтаи хӯришҳои тезтайёр ва ҷойи дилхушии кӯдакон табдил ёфтааст.
Шариф Назаров, сокини ноҳия, дар суҳбат гуфт:
- Дар хотир дорам, ки филмҳои тоҷикиро вақте пахш мекарданд, ҷойи нишастан намеёфтӣ. Аз серодамӣ ҷойи поймонӣ набуд. Умедворем, ки кинотеатр дубора эҳё гардида, ба фаъолият мепардозад.
Дӯстмурод Ёрматов, собиқ корманди кинотеатр, иброз дошт, ки пеш аз сафари кории Пешвои муаззами миллат ба ноҳия, намояндагони “Тоҷикфилм” ба рангубори беруни кинотеатр шуруъ намуданд. Мутаассифона, корро пурра ба сомон нарасонданд.
Суоли матраҳ чунин аст. Кохи “Шоҳин” чаро валангор шуд? Оё кинотеатр дубора эҳё мешавад?
«Ҷумҳурият» мавзуъро пайгирӣ хоҳад кард.
Суннати СОДИҚ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 18.03.2022 №: 54 Мутолиа карданд: 3495