Хабарҳо
ИЖТ МАСОИЛИ САРҲАДИРО БОЗТОБ НАМУД
Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Маркази тадқиқоти миллӣ ва байналмилалӣ дар мавзуи “Тақвияти зарфияти журналистон ва таҳлилгарони ватанӣ дар дарк ва инъикоси масъалаҳои сарҳадӣ” семинари таълимӣ баргузор намуд.
Дар чорабинӣ Зинатулло Исмоилзода, раиси ИЖТ, Табассум Азимзода, роҳбари иҷроияи МТМБ, Абдуллоҳи Раҳнамо, сиёсатшинос, Шералӣ Ризоён, номзади илмҳои сиёсатшиносӣ, коршиносон ва рӯзноманигорони расонаҳои дохилӣ, ки ба бозтоби масоили сарҳадӣ машғуланд, ширкат карданд.
Зинатулло Исмоилзода гуфт, ки ҳадафи асосии семинар боло бурдани маълумоти воқеӣ, маҳорати таҳлилии иштирокчиён дар бораи моҳияти масъалаҳои сарҳадӣ, ошноӣ ба равишҳои дуруст ва муассири фаъолият дар фазои иттилоотӣ мебошад.
Ба андешаи Абдуллоҳи Раҳнамо, ҷамъомад барои инъикоси масъалаҳои сарҳадӣ дар чорчӯбаи манфиатҳои миллӣ нақши муҳим дорад.
М. БАҲРОМ, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1355