logo

иҷтимоиёт

НАВРӮЗ ДАР ТАМАДДУНИ МУОСИР

 
Дар таърихи фарҳангу тамаддуни инсонӣ асли варосат, яъне ба мерос гузоштани он чи наслҳои пешин офаридаанд ва истифодаи  наслҳои баъдӣ аз он мерос асоси пешрафту тараққии тамаддунҳо будааст. Чунки маҳз мероси  моддӣ ва маънавии гузаштагон сабаби асосии офаридани  ашё ва асбоби нав гардида, он чи аз тарафи онҳо  эҷод шудааст, ғанӣ мегардад ва дар заминаи он осори моддӣ ва маънавии тоза ба вуҷуд меояд. 
 
 
Дар радифи мероси муқаддаси ниёгон мо ифтихоре боз аз он дорем, ки онҳо Ҷашни зебои Наврӯзро ба армуғон гузоштаанд. Ва чанде аз халқҳое, ки  дар забонашон калимаҳои ноби тоҷикии нав ва рӯз вуҷуд надорад, Наврӯзро ҷашн мегиранд ва баъзан ин калимаро моли забони худ медонанд. 
Асоси ба вуҷуд омадани Наврӯз ва ҷашн гирифтани он ворид шудани Офтоб ба бурҷи Ҳамал, ки  натиҷаи он баробарии шабонарӯзии баҳорӣ будааст. Ва эҳёи табиат дар ин мавсим оғоз шуда, Замин бо мавҷудоти зиндаи он, хоссатан  инсон, сардиро паси сар намуда, ба гармӣ рӯ меоваранд. 
Наврӯз анъанаи дерини мардуми ориёист, ки маҳз ба туфайли бо тору пуди фарҳанги эрониёну тоҷикон сиришта шудани он ҳамчун ҷашни бузурги миллии мо побарҷо мондааст. Бояд гуфт, ки инсонҳо ҳанӯз аз оғози корҳои кишоварзӣ, ки барои таъмин бо маводи хӯрока ва киштукор вобаста буд, барои муайян кардани мавсими кишт ва ҷамъоварии ҳосил кӯшиш мекарданд. Ин амал ба оғози дигаргунсозии табиат аз тарафи инсон буд. Дар китоби муқаддаси оини зардуштӣ - Авасто ба кишти зироат аҳамияти зиёд дода мешуд ва «тухми зироат коштан» ҳазор бор авлотар аз адои маросими мазҳабӣ дониста шуда, ҳамзамон, дар Авасто гузариш аз ҳаёти шикоргарӣ ба зиндагии соҳилнишинӣ ва домдорӣ бо сароҳати том тарғибу ташвиқ мешавад. 
Ривоятҳои зиёде ҳаст, ки баъд аз шикасти Давлати Сосониён Искандар низоми нави фарҳангию идеологии юнониро хост интишор диҳад ва анъанаҳои муттаҳидкунандаи эронитаборонро ба мисли Тахти Ҷамшед  барҳам занад. Вале Наврӯз аз он гирдоби хунин ва харобиовар, ки вайронаҳои Тахти Ҷамшед гувоҳи он аст, ҳамчун руҳи боландаи мардуми  мо боқӣ монд. Истилогарони араб низ хостанд Наврӯзро ҳамчун ҷузъи фарҳанги зардуштӣ аз миён бардоранд, вале ин кор ба онҳо муяссар нашуд. Тоҷикон ва халқҳои дигари форсизабон Наврӯзро ҳамчун мероси муқаддаси аҷдодии худ ҳифз карданд,  бар илова, ба халқҳои дигар фарҳанги худ, аз ҷумла Наврӯзро, эҳдо намуданд.
Фирдавсӣ, ки ватанпарасти бузург ва шоиру таърихнигори бемонанд буд, чунон ифтихори волои миллӣ дошт, ки бо «Шоҳнома»-и худ таърихи халқҳои эронинажодро  эҳё  намуд, то ҷое, ки то Инқилоби Октябр дар аксари хонаҳои шахсони босаводу соҳибфазилати тоҷик  ин китоб дар баробари девонҳои Саъдӣ, Ҳофиз,  Бедил, Ҷомӣ, Камол, Ҳилолӣ  мавҷуд буда, шоҳномахонӣ яке аз анъанаҳои аҳли илму адаб ба ҳисоб мерафтааст. 
Фирдавсӣ бо истинод ба устураҳои қадими эронӣ Наврӯзро  ба замони подшоҳии  Ҷамшед нисбат медиҳад. Мувофиқи ин ривоят шоҳ корҳои бузургеро дар давлатдорӣ анҷом медиҳад, ки солҳои зиёд мардум осудаву ором зиндагӣ доштаанд ва дар соли панҷоҳум Ҷамшед тахти бузург ва зебое барои худ месозад.
Умари Хайём ҳам дар «Наврӯзнома»-и худ зикр кардааст: «Аммо сабаби  ниҳодани Наврӯз он будааст, ки чун бидонистанд, ки Офтобро ду давр бувад, яке он ки ҳар сесаду шасту панҷ рӯзу рубъе аз шабонарӯз ба аввал дақиқаи Ҳамал боз ояд ба ҳамон вақту рӯз, ки рафта буд, бад-ин дақиқа натавонад омадан, чи ҳар сол аз муддат ҳаме кам шавад ва чун Ҷамшед он рӯзро дарёфт, Наврӯз ном ниҳод ва ҷашн оин овард ва пас аз он подшоҳону дигар мардумон бад-ӯ иқтидо карданд». Баъзе донишмандон, аз ҷумла олиму фарҳангнигори  бузург Алиакбари Деҳхудо, ки «Луғатнома»-и бисёрҷилдаи муфассал таҳия кардааст, бар ин назар аст, ки то замони Ҷамшед низ Наврӯзро бузургу муаззам медонистаанд. Ин ақида аслан аз Абурайҳони Берунӣ аст, ки дар асараш «Осор-ул-боқия» дар фасли «Дар бораи иду ҷашнҳое, ки дар моҳҳои порсиён аст», чунин овардааст: «баъзе аз уламои Эрон мегӯянд: «сабаби ин ки ин рӯзро Наврӯз меноманд, ин аст, ки дар айёми Таҳмурас собиа ошкор шуданд. Ва чун Ҷамшед ба подшоҳӣ расид, динро аз нав кард. Ва ин кори хеле бузург ба назар омад ва он рӯзро, ки рӯзи тозае буд, Ҷамшед ид гирифт, агарчи пеш аз ин ҳам Наврӯз бузургу муаззам буд».
Агар ба Наврӯз аз нигоҳи таърихию фалсафӣ назар афганем, пас маълум мешавад, ки он ҷузъи муҳимтарини худогоҳии миллӣ, ҷилвадиҳандаи табиати мусолиматомези тоҷикону эрониён мебошад. Ин ҷашн, чунонки аз ривоёти таърихнигорон ва донишмандоне чун Фирдавсию Берунӣ, Умари Хайём ва дигарон маълум мегардад, бо оини давлатдорӣ робитаи бевосита доштааст, зеро ин ҷашн ҳангоми вуҷуди давлат бо сарварии подшоҳ  расмият пайдо кардааст.  
Шахсоне ҳам аз ҷумлаи мутаассибони дин дар гузашта  Наврӯзро ҳамчун ҷашни зардуштӣ дониста, онро бо ислом носозгор мешумориданд ва тарафдори аз байн бурдани он будаанд ва мутаассифона, имрӯзҳо ҳам  гоҳ-гоҳ ин ақида изҳор мешавад. Вале хушбахтона, ин кӯшишҳо аз ҷониби халқ дастгирӣ наёфтанд. Зеро маълум аст, ки Наврӯз на танҳо ихтилофе бо  дин, умуман, ва бо ислом, махсусан надорад, балки бо фарҳанги исломӣ якҷо тафаккури миллиро ғанӣ намуда, ҳамчун синтези фарҳанги тоисломӣ ва исломӣ, ҷузъи муҳимтарини руҳи боландаи миллати мо буруз намудааст. Агар ба диққат назар кунем, пас маълум хоҳад шуд, ки мутафаккирону шоироне, ки таодули рӯзу шаб ва эҳёи табиатро ҳангоми Наврӯз васф кардаанд, онро ҳамчун ҷашни баробарӣ ва адолату покниҳодӣ, меҳру муҳаббати инсонҳо таъкид кардаанд. Аз ин ҷиҳат, бузургони гузашта бо васфи Ҷашни Наврӯз дар маркази афкору орои худ адолати иҷтимоиро низ қарор додаанд. Ва ин андеша ҷиҳати хеле муҳим дар таърихи афкори сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мардуми ориёӣ ва абнои башар будааст.
Истиқлоли давлатӣ ба ғайр аз масоили сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, ки ҳаллашон пояҳои онро таҳким мебахшанд, эҳтиёҷ ба рушди маънавиёти ҷомеа дорад. Дарки таҳкими пояҳои истиқлол ба воситаи дар шуури мардум ҷойгир шудани арзишҳои маънавие мебошад, ки омили таъмин ва таъмими ваҳдати афроди кишвар ва минтақаҳои гуногуни он маҳсуб меёбад.
Агар аз ҳамин бурҷ назар афканем, пас Наврӯз на танҳо як ҷашни оғози сол, эҳёи табиат, хуррамии рӯзгор,  балки такондиҳандаи андешаи ваҳдати оламу одам, шиносоӣ бо таърихи пурғанои миллӣ ва омили тақвияти ифтихори миллӣ мебошад. Бар асари файзи Наврӯз шаҳрҳою ноҳияҳо, кӯчаву хиёбонҳо, идораҳову хонаҳои истиқоматӣ, боғҳову чаманҳо зеботар, поктар, дилоротар мегарданд.
Дар давраи Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон Наврӯз шукӯҳу таҷалии тоза пайдо кард. Басо рамзист, ки дар давраи ҷаҳонишавӣ ё дақиқтар гӯем, ҷаҳонигардонӣ,  Наврӯз ба ҷашни байналмилалӣ табдил ёфт, чунки вай моҳиятан ҷашни инсонпарварона, хайрхоҳӣ ва зебоипарастист. Бинобар ин, мо, тоҷикистониён,  ин ҷашнро ҳамчун мероси муқаддастарини ниёгон ва ҷашни покию зебоӣ, баҳору эҳё  дар фазои истиқлолу ваҳдат бо шукргузорӣ, бо шукӯҳи бештар аз ҳар сол таҷлил менамоем. Бо супориши Сарвари давлат Комиссияи миллиии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО барои ба Феҳристи фарҳанги ғайримоддии ин созмон ворид намудани Наврӯз корҳои судмандро низ анҷом дода буд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  эҳсоси хурсандии худро ҳангоми шунидани хабари дар Шурои 64-уми Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид ҷаҳонӣ шудани Наврӯз чунин изҳор намудаанд: «Вақте ки ин хабарро шунидам, ба худ гуфтам: «Ҳама орзуву омоли башардӯстонаи ниёгони мо, ки дар Наврӯзи ҷаҳонафрӯз таҷассум ёфтааст, ниҳоят дастраси оламиён гардид!»...Метавон бо сарбаландӣ гуфт, ки дар талошҳои чанд кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг Тоҷикистони соҳибистиқлол низ дар сафи пеш қарор дошт ва дар ҷаҳонишавии Наврӯзи бостонӣ саҳми арзишманди худро гузоштаст». 
Бояд гуфт, ки Наврӯз яке аз масъалаҳои муҳим дар сиёсати фарҳангии давлати Тоҷикистон мебошад. Дар арафаи Наврӯз мулоқоти Президент бо зиёиёни мамлакат ба ҳукми анъана даромадааст ва дар ҷараёни ин мулоқот Пешвои миллат вазифаҳои муҳими сиёсати давлатиро оид ба фарҳанг, илм ва адабиёт муҳокима намуда, барои пешрафти онҳо тадбирҳои андешидаи худро эълон мекунанд. 
Ҳоло, дар оғози даҳсолаи сеюми қарни бисту якум инсоният боз ҳам ба мушкилиҳои зиёд рӯ ба рӯ шудааст. Ба ғайр аз хатарҳои экологӣ  таҳдидҳои  глобалӣ, аз ҷумла зиддияту  ҷангҳои байни давлатҳо ва минтақаҳои ҷаҳон, вусъати амалҳои террористию паҳн шудани маводи мухаддир ва бемориҳои марговар ва ғайра инсониятро ба партгоҳи нобудӣ савқ медиҳанд. Дар ҳамин вазъи хатарзои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ таблиғу интишори ормонҳои наврӯзӣ, даъват ба сулҳу дӯстӣ ва ҳаёти  мусолиматомез  яке аз  амалҳои  хайр барои ҳифзи тамаддун хоҳад буд. 
 
Кароматулло  ОЛИМОВ, 
академики АМИТ    


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.03.2022    №: 55    Мутолиа карданд: 725
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед