иҷтимоиёт
СИМОИ МИЛЛАТИ ТОҶИК
Сухан аз Наврӯз, сухан аз пирӯзиҳои миллати тоҷик аст! Сухан аз Наврӯз, сухан аз хуҷастагиҳои миллати мост. Сухан аз наврӯз, сухан аз хирад, фазилат, маърифат, сухан аз фарҳангу ҳунар ... ва фархундагиҳои бешумори дурахшони халқи некоину хушхилқати тоҷик аст.
Ба андешаи ман, Наврӯз ва Миллати тоҷик ду мафҳуми тавъаманд. Ду боли як Симурғи армонҳои баландпарвоз, ду рӯйи як чеҳраи азалии Хирад, ду дидаи дурбину дурахшони хайру некӣ ва ду дасти як сиришти ҷавонмардонаи футувват дар рӯйи оламанд.
Агар гӯянд, ки симои миллии ин ва ё он халқро дар кадом суннату маросимаш метавон таҷассум кард, бидуни таъхир хоҳем гуфт: Симои миллати тоҷик симои Наврӯз аст. Симои зоҳириву ботинӣ, маънавию воқеии миллати тоҷик симои Наврӯз аст. Симои ягон миллату халқе чунин барҷаста дар маросимҳои миллияш муҷалло нашудааст, чунон ки симои миллати тоҷик дар маросиму оину суннатҳои ҳаётбахши Наврӯзаш муҷаллост.
Наврӯзи тоҷикон шабеҳи он китоби дастнависи қадимаест, ки хат ба хат, саҳифа ба саҳифа, боб ба боб ин халқи куҳанбунёду фарҳангсолору соҳибзавқ бо табъи худододи эҷодкор, бо дасти ҳунарманду шарифи худ дар саҳифаҳои таъриху рӯзгорон онро сабт кардааст. Ин китоби мунаққашу зебо аржангест, ки саросар бо ҳама тасвирҳо, нақшу нигору наворҳои дилангези худ мафтункунанда ва пур аз эъҷоз аст. Ин китоби хирад, фазилат ва панду ҳикмати бегазанди рӯзгорон аст, ки ин пири барнодилу донишманд, соҳибзавқу накутабъ бо номи Миллати тоҷик дар тули асрҳо бар алайҳи ҳама нобасомониҳову шигифтиҳои рӯзгору таърих бо таҳаммулу тамкин, бо фурӯғи нурҳои лоязоливу яздонӣ эҷод кардааст.
Воқеан, агар ҳар касе мехоҳад симои воқеии миллати моро бубинаду шиносад, кофист, ки симои Наврӯзи моро барои худ кашф кунад. Наврӯз таҷассуми чеҳраи инсонӣ, хираду фазилат, одобу маърифат, илму адабу дониш ва ҳама хуҷастагиҳои дигари халқи тоҷк мебошад. Наврӯз симои некӣ: пиндору гуфтору кирдори нек, Наврӯз симои ишқу муҳаббат, сулҳу салоҳ, инсондӯстиву инсонпарварӣ, меҳанпарастиву заҳматдӯстӣ, симои хайрхоҳии миллати тоҷик аст.
Наврӯз гувоҳи озодагии миллати озоду озодаи мо дар ин сарзамини озодагон аст. Наврӯз гувоҳи ростиву росткории ин миллати некманиш дар ин остони ростон аст, Наврӯз гувоҳи ҳастии бегазанди ин халқи заҳматкашу фазилатсиришт дар ин сарзамини аҳуроии бостон, дар ин хоки муқаддаси Ориёно ва Хуросони бузург, сарзамини биҳиштосои тоҷикон аст.
Наврӯз саросар бо ҳар одобу анъана, урфу одат, оину маросим башорати башардӯстонаи миллати мост. Башарӣ шудани Нарӯз бо қарори ташкилоти Созмони Милали Муттаҳид ЮНЕСКО, эътирофи ҷаҳонӣ пайдо кардани он беҳуда нест. Тамоми ниятҳо ва ҳадафҳои неки Наврӯз ва тамоми оинҳои миллии мо ба дарди башар, ба дарди инсоният мехӯранд, одамони ирқу нажоди гуногун онро қабул доранд, зеро ки барандаи нури хирад ва паёми некиву хайрхоҳӣ, ишқу сулҳу салоҳ, суруду сурур аст.
Наврӯз миллати қадимаву фарҳангсолори моро дар тули таърихи хеле гарону хунину бераҳм ба шарофати суннатҳои волои некаш зинда доштааст. Имрӯз вазъи ҷаҳони нобасомон чунин аст, ки танҳо ҳамин Наврӯзи некманишу некбин, хайрхоҳу сулҳпарвару инсондӯсту башарпарвари мо метавонад, бо ҳадафҳои волои башардӯстонаи худ инсониятро аз ин вартаҳои муҳлик раҳоӣ бахшад. Агар мо Наврӯзро қабул дорем, агар Наврӯз раҳнамои мо, инсонҳост, агар Наврӯз, воқеан, ҷаҳонист, имрӯз Наврӯз метавонад моро наҷот бахшад, Наврӯз метавонад моро ба сулҳу салоҳу осоиштагӣ, ба меҳру муҳаббату меҳрубонӣ, ба ягонагӣ, ҳамҷаворӣ ва ҳамзистии хушбахтона дар саросари олам раҳнамо бошад.
Чаро!? Зеро суннатҳои неки Наврӯз ин рисолат ва ин ҳақиқатро доранд. Чунки ҳадафҳои волои Нарӯз мусоидат ба ин ҳадафи воло мекунанд.
Яке аз суннатҳои олии Наврӯз,ки дар олам шабеҳ надорад, ба замми садҳо суннати некбинонаву зебоипарасташ, ин суннати бахшидани гуноҳон аст. Дар Наврӯз одамон бояд гуноҳони ҳамдигарро бубахшанд, балки Наврӯз вомедорад, ки одамон аз баҳри гуноҳони ҳамдигар гузаранд. Хуҷастагии ин суннат вомедорад ҳатто душманон дӯст шаванд. Оё ин ғояти баланди зуҳури хираду фазилати инсонӣ нест, ки дар ин суннати наврӯзии мо арзи вуҷуд кардааст!?
Ҳаббазо, бо чунин оин, бо чунин суннат, ки душманиро аз байни инсонҳо бубарад. Ман ифтихор мекунам аз ин вожа, вожаи “Наврӯз” вожаи ноби забони модарии ман, забони тоҷикист. “Нав” ва “рӯз”- Наврӯз - ин ду пора нур ва пайки нек ба ҳам васл гардида, як олам рӯшноӣ ва хираду нишот мебаранд.
Имрӯз, ки инсоният дар варатаҳои муҳлики ҷангу марг қарор дорад ва мусаллам аст, ки оқибатҳои шигифтангези ин бархӯрдҳои бадбинона ба фоҷиаҳои нобахшидание хоҳанд овард, ки таҳдиди марговар ба тамоми инсоният, ба сайёраи Замин доранд, ба андешаи ман танҳо Наврӯз, Наврӯзи хуҷастапайу хуҷастахисоли мо бо оину суннатҳои неку хайрхоҳона, инсонпарваронаву башардӯстонаи худ метавонад инсониятро аз ин вартаҳои фоҷиазо раҳоӣ бахшад.
Камол НАСРУЛЛО,
Шоири халқии Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 19.03.2022 №: 55 Мутолиа карданд: 756