иҷтимоиёт
АЗ БАҲОРИ «АБСТРАКТ» ТО БАҲОРИ «КОНКРЕТ»
Вақте ба таърих, ҳатто ба гузаштаи на чандон дури худ бо дидаи ақлу ибрат менигарем, пешорӯи мо фоҷиаҳои бузург, кизбу дурӯғу туҳмат ва фаҳмишҳои якҷониба ба хотири садоқат ба идеологияи давр, сохти ҳукмрон арзи ҳастӣ мекунанд. Албатта, ба он хотир, ки бояд ба замони худ, ҳастии худ ва сиёсати давр муқоиса бинамоем. Агар он хуб аст, пас, шукрашрову аҷрашро бояд ба ҷо биёрем ва агар акси он мебошад, худро тасалло бидиҳем, ки то ба мо ҳам дунё чунин буда. Инчунин, мардуме дар он рӯзгор мезистанд, ки камтар аз мо ранҷ намекашиданд.
Бо дарки ин ҳақиқат суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз зеҳнамон, аз пеши чашмамон мегузарад ва дар вуҷудамон бори дигар садо медиҳад, ки ба қадри Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, сулҳу осоиштагӣ, сарзамини аҷдодӣ бирасему ҳамзамон, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем.
Ҳолиё ба шарофати ин неъматҳо ва сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат матбуот озод аст. Ҳар нафар дар эҷоди асарҳои бадеӣ низ аз ин озодӣ бархӯрдор мебошад. Мутолиаи онҳо ин ҳақиқатро равшану возеҳ собит месозад.
Дар солҳои 40-ум, на солҳои 20-уму 30-юми асри гузашта, адиб аз чунин озодие, ки имрӯз мо дорем, ҳаргиз баҳравар набуд. Ҳар сухани ӯ, ҳар навиштаи ӯ, ҳатто баъди садо додан ва нашр шудан низ мавриди таҳлилу таҳқиқу танқиди ҷиддӣ қарор мегирифт. Агар ҳам дар бораи фаслҳои сол адиб шеъре ба нашр мерасонд, дар мизони идеология баркашида мешуд.
Масалан:
Парда бикшод баҳор аз рухи зебоманзар,
Баст сармои зимистон зи ватан рахти сафар.
Булбули маст ба шохи гули бишкуфтаи боғ
Месарояд ба дили шод ба ҳангоми саҳар.
Хонандаи даврони ҳозир ба ин банд, ки воқеан, васфи зебоии баҳор аст, ҳеҷ эроде гирифта наметавонад, хосса агар боз бидонад, ки он шеъри Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода мебошад.
Акнун баргардем ба соли чилуми асри гузашта. Дар он даврон ин шеър аз нигоҳи идеологӣ шеъри хуб маҳсуб намешуд ва муаллифаш, аз ин рӯ, мавриди танқиди ҷиддӣ қарор гирифт. Ин навиштаро бо имзои Ҳ. Юсуфӣ 15 октябри соли 1940 дар рӯзномаи «Тоҷикистони сурх» (ҳоло «Ҷумҳурият» (№ 241 (3640)) ба табъ расондаанд: «Масъалаи муҳим ва ҳалкунанда дар он ҷост, ки темаи гирифтагии худро то кадом андоза пурра медонад ва дар асари худ акс кунонда метавонад.
... Мана баҳорро Турсунзода чӣ гуна тасвир мекунад».
Пас аз ин ҷумла барои мисол шеъри фавқуззикрро меорад ва ба таҳлили он аз нигоҳи шахсӣ, талаботи давру идеологияи ҳукмрон шуруъ менамояд: «Ин гуна гапҳо дар шаъни баҳор, албатта, номувофиқ нестанд. Аммо магар онҳо ягон манзараи баҳори конкрет – баҳори Тоҷикистонро дар пеши назар меоранд? Шоир дар ин ҷо на дар бораи баҳори маълум, балки дар бораи «умуман» баҳор (баҳори асбтракт) гап мезанад».
Пас аз 4 рӯз мақолаи дигари ин муаллиф дар ҳамин рӯзнома бо номи «Барои поэзияи муносиби давр» ба табъ мерасад. Мақолаи якуми муаллифи мазкур «Боз чанд калима дар бораи поэзияи имрӯзаи мо» ном дошт, ки он посух ба мақолаи Х. Мирзозода буд. Мақолаи Х. Мирзозода 8 октябри ҳамон сол дар ин рӯзнома бо номи «Баъзе фикрҳо дар бораи поэзияи имрӯзаи тоҷик» нашр гардидааст.
Мавсуф дар баробари танқиди шадиди шеъри муосири даврони худ, ҳамзамон, менависад: «Яке аз нуқсонҳои актуалии поэзияамон ин аст, ки асарҳои сюжетнок ва поэмаҳо надорад». Муаллиф, аз ҷумла «поэмаи» «Хазон ва баҳор»-и Мирзо Турсунзодаро истисно мекунад. Пас аз он чунин ибрози андеша менамояд: «Дар мамлакати мо мавзуъҳо ва сюжетҳо аз ҳад зиёданд. Шумо темаҳои умумиинсониро, фарз кунем, нагирифта, дар худи Тоҷикистон будагиро ҳам гиред, ба як умр бас мекунад».
Муаллифи мақола танҳо «поэма» будани «Хазон ва баҳор»-ро ишора мекунад, дар мавриди ҳусну қубҳи он сухан намегӯяд. Ҳ. Юсуфӣ дар мақолаи дувумаш ба таъкид аз ин достон ёдовар мешавад ва андешаҳояшро иброз медорад. Ӯ аз ҷумла менависад: «Дар поэзияи мо дар баробари будани ифодаҳои образноки нав ва муваффақиятнок, истифодаи номувофиқи ғайритабиӣ бисёр ёфт мешавад...
Як мисол аз достони «Хазон ва баҳор»-и Турсунзода:
Ду рухсораш зи лола сурхтар буд,
Лаби ёқут лабрези шакар буд.
Ду гесӯяш мисоли хирмани гул,
Хабар додӣ зи рангу бӯи сунбул».
Албатта, истеъдоди ҳунари тасвиргарӣ ва устодии Мирзо Турсунзода аз ин ду байт барои мо маълум мегардад, аммо дар он даврон писанди бархе аз танқидгарону шоирон, он ҳам аз рӯи талаботи давр, набуд. Дар посухи ин ду байти устод андешаи муаллифи мақола чунин аст: «Чӣ қадар куҳна, хондашуда будани ин гуна ифодаҳоро худи рафиқ Турсунзода ҳам бояд иқрор кунад». Бо ин ҳама муаллиф қадами аввалини достоннависии Мирзо Турсунзодаро низ «ҳамчун тарафҳои нағз ва мусбати поэзияи имрӯзаи тоҷик» эътироф менамояд ва ин масъаларо ба миён мегузорад, ки онро «нишон додан лозим аст».
Х. Мирзозода дар мақолааш адабиёти ин давронро чунин тавсиф менамояд: «Адабиёти советии тоҷик дар давраи 20-23-солаи тараққии худ ва мубориза ба муқобили адабиёти буржуазӣ – миллатчигӣ хеле пеш рафт». Ӯ, ҳамзамон, таъкид мекунад, ки ин адабиёт метавонад бо як қатор адибон ва асарҳояшон ифтихор бинамояд. Дар қатори номҳои адибони зикршуда номи устод Мирзо Турсунзодаро низ меорад.
Ҳамин тавр, адибон ва муаллифони мақолаҳо вазифадор шудаву масъул буданд, ки эҷод ва таълифашон дар чаҳорчӯбаи идеологияи давр бошад. Мухолифат бо ин идеология ва сиёсати давр дар ҳеҷ сурат мумкин набуд. На «абстракт» пазируфта мешуд ва на «конкрет»-и урён.
Абдулқодири РАҲИМ,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 19.03.2022 №: 55 Мутолиа карданд: 715