logo

сафарҳо

САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Субҳи 20 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Хатлон ташриф оварданд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Бохтар Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, фаъолон ва сокинони касбу кори гуногун дар фазои идона гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилоят якчанд иншооти гуногуни муҳимро ифтитоҳ намуда, ба раванди корҳои бузурги созандагӣ, киштукори баҳорӣ оғоз бахшиданд.
 
ИФТИТОҲИ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ ОБИ ҶАВ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ
20 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи саноатии шаҳри Левакант корхонаи истеҳсоли оби ҷави Маҷмааи истеҳсолии корпоратсияи «Салтанат»-ро мавриди истифода қарор доданд.
Корхонаи нави истеҳсолӣ дар заминаи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар, дар доираи «Солҳои рушди саноат» аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Сироҷиддинзода Баҳриддин сохта шудааст.
Бо таъсиси корхонаи нави саноатӣ дар шаҳри Левакант, дар ду баст 250 сокини маҳаллӣ, аз ҷумла ҷавонони соҳибтахассуси тоҷик ва бонувони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд. Бояд тазаккур дод, ки хати муосири технологӣ аз ширкати аврупоии «Zip Technology» харидорӣ гардида, дар ҳамкорӣ бо мутахассисони хориҷӣ васлу насиб гардидааст. Айни замон хатҳои истеҳсолиро мутахассисони тоҷик назорат ва идора менамоянд.
Аснои шиносоӣ бо ҷараёни истеҳсолот дар корхонаи нави саноатӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки иқтидори истеҳсолии корхона дар як шабонарӯз 20 ҳазор литр оби ҷав мебошад. Дар корхонаи навбунёд 14 намуди маҳсулот, аз ҷумла оби ҷави равшан, торик, шаффофшуда, ношаффоф ва оби ҷави ғайриспиртӣ бо тамъи меваҷот истеҳсол мегардад.
Ҳамчунин, дар корхона истеҳсоли квас низ ба роҳ монда шудааст. Иттилоъ дода шуд, ки корхонаи нави саноатӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд бунёд гардида, барои пешбурди фаъолияти босамар чор мутахассиси баландихтисоси хориҷӣ, аз ҷумла технолог, сардори озмоишгоҳ ва муҳандис низ ба кор ҷалб гардидаанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми созандаи соҳибкори ватандӯстро ҷонибдории амиқ аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ карда, изҳори сипос намуданд.
 
КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ АФШУРАИ МЕВАЮ САБЗАВОТ ВА НӮШОБАҲО
20 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи саноатии шаҳри Левакант корхонаи истеҳсоли афшураи меваю сабзавот ва нӯшобаҳои Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Паймонаи заррин”-ро ба истифода супурданд.
Корхонаи нави истеҳсолӣ дар доираи эълони гардидани солҳои 2022 - 2026 “Солҳои рушди саноат” дар ҷумҳурӣ аз ҷониби Маҷмааи истеҳсолии корпоратсияи «Салтанат» таъсис ёфтааст. Баъди ба фаъолият оғоз намудани ин корхонаи муосири саноатӣ дар ду баст 280 нафар бо ҷойи кор таъмин гардид.
Дар корхонаи нави саноатӣ асосан, ду хати технологӣ барои коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураву шарбат ва обҳои ташнашикан аз кишварҳои пешрафтаи олам, аз ҷумла аз ширкатҳои маъруфи Олмон, дастрас гардида, онро мутахассисони тоҷик дар ҳамкорӣ бо мутахассисони Федератсияи Россия васлу насб ва идора менамоянд.
Иқтидори истеҳсолии корхона 50 ҳазор тонна меваи тару тозаи табиӣ дар як мавсим буда, корхона имкон дорад, ки дар як шабонарӯз то 10 ҳазор литр афшураи меваю сабзавот ва нӯшобаву обҳои ташнагишикан истеҳсол намояд. Дар хати муосири технологӣ меваю сабзавот нахуст коркард шуда, ба таври механикӣ ба ҷараёни истеҳсолот интиқол дода мешавад. Истеҳсоли афшураю нӯшобаҳо аз меваҳои шаҳдбори диёр, аз ҷумла себу нок, зардолу, шафтолу, олуву олуча, лиму, анор ва гулчини меваҳо дар қуттии гуногунҳаҷм анҷом дода мешавад.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки маҳсулоти истеҳсолшуда дар навбати аввал ба бозорҳои истеъмолии мамлакат пешниҳод мегардад ва дар сурати таъмини талаботи аҳолӣ ин навъи маҳсулоти ватанӣ ба хориҷи кишвар низ содирот хоҳад шуд.
 
КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ ХИШТ
20 март дар шаҳри Левакант Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон калонтарин корхонаи истеҳсоли хиштро дар вилояти Хатлон, ки фаъолияташ пурра тариқи хатҳои нави технологӣ ба роҳ монда шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Корхона аз ҷониби муассисони Корпоратсияи “Салтанат” ба хотири саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати мамлакат бунёд шуда, дар ин ҷо бо назардошти фаъолияти мунтазам дар бахши истеҳсолӣ, истихроҷи ашёи хом, фурӯши маҳсулоти тайёр ва дигар самтҳои ёрирасон зиёда аз 650 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардид.
Технологияи корхона асосан истеҳсоли ширкати бонуфузи «BRICTEC»-и Италия буда, ҷавобгӯи меъёру стандартҳои ҷаҳонӣ мебошад ва дар бештари кишварҳои дунё дар омодасозии хишти сохтмонӣ аз ҳамин гуна дастгоҳу таҷҳизоти пешрафта истифода мебаранд.
Ин корхона дар як сол имкони истеҳсоли зиёда аз 30 миллион дона хиштро дорад. Бартарии корхонаи нав дар он аст, ки маҷмуи таҷҳизот дар асоси дастовардҳои муосири техникии соҳа, аз ҷумла бо истифода аз технологияи Италия ва Ҷопон интихоб ва васлу насб шудааст.
Президенти мамлакат ба иқдоми муассисон баҳои баланд дода, таъкид доштанд, ки дар раванди истеҳсол бояд ба сифати маҳсулот таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд, зеро ин омил ба фаъолияти мунтазами корхона таъсири мусбат расонда, дастрасии ширкатҳои сохтмонӣ ва аҳолиро ба ин навъи масолеҳ осон мегардонад.
Дар маҷмуъ, дар се корхонаи истеҳсолии Корпоратсияи “Салтанат” 1200 нафар бо ҷойи кор таъмин гашт.
 
АГРЕГАТИ 3-ЮМИ НБО “САРБАНД” БА КОР ДАРОМАД
20 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Левакант ба Неругоҳи барқи обии “Сарбанд” ташриф оварда, агрегати 3-юми ин иншооти муҳими гидроэнергетикии мамлакатро ба кор дароварданд.
Агрегати мазкур, ки баъди таҷдиду навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, 49 мегаватт тавоноӣ дорад. Неругоҳи барқи обии “Сарбанд” бо иқтидори лоиҳавии 240 мегаватт аз ҷумлаи шашумин неругоҳҳои амалкунандаи маҷрои дарёи Вахш ба ҳисоб меравад.
Лозим ба ёдоварист, ки сохтмони неругоҳи мазкур соли 1956 оғоз гардида, аввалин агрегати он соли 1962 ба кор дароварда шудааст.
Бинобар сабаби истифодабарии тулонӣ, қисми зиёди таҷҳизоти электромеханикӣ ва гидромеханикии неругоҳ ва дастгоҳҳои тақсимкунандаи кушодаи он фарсуда шуда, дар давоми қариб шаст сол ба ҷуз аз таҷдиди як агрегат дигар ҳеҷ гуна корҳои таҷдиду навсозӣ анҷом дода нашуда буданд.
Бинобар ин, соли 2011 байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд оид ба амалӣ намудани лоиҳаи “Таҷдиди Неругоҳи барқи обии “Сарбанд” Созишномаи грантӣ ба маблағи зиёда аз як миллиард сомонӣ ба имзо расонда шуда, татбиқи он расман соли 2016 оғоз гардид.
Дар асоси созишнома, лоиҳа аз ду қисм иборат буда, даври якуми он пурра иваз кардани 5 агрегат, 2 автотрансформатор, бунёди бинои нави идоракунӣ ва дигар корҳои ба он алоқаманд ва қисми дуюми лоиҳа таҷдиди дастгоҳҳои тақсимкунандаи кушодаи 220/110 киловолтаро дар бар мегирад.
Татбиқи марҳилаи якуми лоиҳаро корхонаи муштараки “Синоҳайдро-Ҳайдрочайна” ба уҳда дошта, пас аз таҷдиду навсозӣ соли 2018 агрегати рақами 5 бо тавоноии 49 мегаватт, соли 2019 агрегати рақами 6 бо иқтидори 49 мегаватт ва соли 2020 агрегати рақами 2 бо тавоноии 45 мегаватт ба кор дароварда шуданд. Дар ҳоли ҳозир таҷдиду навсозии гидроагрегати рақами 1 идома дорад. Ҳаҷми корҳои иҷрошуда дар ин агрегат зиёда аз 60 фоизро ташкил медиҳад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо ҷараёни корҳои анҷомёфтаи таҷдиду навсозӣ дар НБО “Сарбанд” баҳои баланд доданд.
Дар қисми дуюми лоиҳа, Консорсиуми “Генсер GЕ”-и Туркия тибқи шартнома бо Ширкати саҳомии холдингии кушодаи “Барқи Тоҷик” барқарорсозии зеристгоҳҳои барқии 220 ва 110-киловолтро пурра ба анҷом расонд. 
Дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар доираи лоиҳаи мазкур агрегатҳо, трансформаторҳо ва дигар таҷҳизоти барқӣ аз ҷумҳуриҳои Олмон, Италия, Ҳиндустон, Чин ва Қазоқистон ворид карда шуданд.
Таъкид кардан ба маврид аст, ки бо назардошти куҳнаю фарсуда будани таҷҳизоти электромеханикӣ ва гидромеханикии неругоҳ, то оғози лоиҳа иқтидори миёнаи он 165 мегаваттро ташкил мекард. Дар натиҷаи татбиқи лоиҳаи “Барқарорсозии Неругоҳи барқи обии "Сарбанд" иқтидори лоиҳавии неругоҳ аз 240 ба 270 мегаватт бардошта шуда, сатҳи хизматрасонӣ дар неругоҳ ва таҳвилу таъминоти неруи барқ ба таври назаррас баланд хоҳад гардид.
 
ОҒОЗИ КИШТИ ПУНБАДОНА ВА НАМОИШИ ТУХМӢ
20 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Кооперативи тиҷоратии “Боҳтуробод”-и шаҳри Левакант ба маъракаи кишти чигит оғоз бахшиданд. 
Кооперативи тиҷоратии тухмипарварии “Боҳтуробод” дар ҳудуди деҳоти Гулистон аз хоҷагиҳои калонтарин ва серсоҳа маҳсуб ёфта, ҳамасола дар хоҷагӣ дар майдони умумии 244 гектар пахта, картошкаву пиёз, ҷуворимакка ва ғалладона кишт карда мешаванд. Қабл аз оғози мавсими кишти баҳории пунбадона Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи тухмии зироатҳо, кӯчати помидору бодиринг, сабзавоти тару тоза, гулҳои гуногун ва ғалладонагӣ шинос шуда, доир ба вусъат бахшидани мавсими кишти имсола дастуру супоришҳо доданд.
Сарвари давлат оид ба истифодаи навъҳои серҳосили ғалладона, картошка, сабзавот, рушди боғу токпарварӣ ва афзун намудани иқтидори содиротӣ ба деҳқонон дастуру тавсияҳо доданд. Баъд аз боздиди намоишгоҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ниятҳои накуи фаровонии ҳосил ба кишти пунбадона ва мавсими киштукори баҳорӣ оғоз бахшиданд. Соли дуюм аст, ки дар Кооперативи тиҷоратии тухмипарварии «Боҳтуробод»-и шаҳри Левакант бо техникаҳои замонавӣ ва бо усулҳои ҷадид, яъне масофа гузоштан дар байни қаторҳо то 90 см пахта парвариш мекунанд. Ин навъи кишти пунбадона чигитро сарфа карда, дар як гектар 190 ҳазор ниҳоли пахта нашъунамо меёбад. Тавре маълум гардид, айни замон дар хоҷагии мазкур 50 тонна чигити аълосифати навъи австралиягӣ захира шуда, дар хоҷагии мазкур ва дигар хоҷагиҳои ҳамшафат низ аз ҳамин навъи чигит истифода хоҳанд кард.
Дар хоҷагӣ беш аз 400 нафар саҳмдор фаъолият мебарад. 
 
НОҲИЯИ КӮШОНИЁН. БУНЁДИ ТУТЗОР ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “ХУРСАНДӢ-2” 
20 март дар ноҳияи Кӯшониён Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Хоҷагии деҳқонии “Хурсандӣ-2” боздид намуда, барои бунёди тутзор ниҳол шинонданд.
Боғи тут бо мақсади дар амал татбиқ кардани дастур ва ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирӣ намудани соҳаи кирмакпарварӣ таъсис ёфта, бо ин мақсад дар масоҳати 2,5 гектар замин бо технологияи наву муосир 3700 адад ниҳоли тут шинонда шуд. Ниҳолҳо асосан навъи тути “Марҳамат” мебошанд.
Хоҷагии деҳқонии “Хурсандӣ-2” дар маҷмуъ, дорои 5 гектар замин мебошад. Дар қитъаи боқимондаи замини хоҷагии мазкур гандум кишт гардида, ҳамзамон, барои кишти пунбадона омодагӣ мебинанд. Ниҳолҳои тут аз ҳисоби барномаи рушди соҳаи кирмакпарварӣ таъмин гардиданд.
Бунёди боғҳои наву барқарор кардани боғҳои куҳна, ки аз талошҳову ташаббусҳои неки Сарвари давлат сарчашма мегирад, ба хотири таъсиси ҷойҳои корӣ, афзоиши содироти маҳсулот, таъмини корхонаҳои саноатии коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, боло бурдани иқтидори истеҳсолии кишвар, истифодаи самараноки заминҳо, гирифтани ду ва се ҳосил аз як замин дар як сол, ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои бекорхобида ва, ҳамчунин, ҷиҳати татбиқи барномаҳои давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ ва кирмакпарварӣ дар мамлакат, амалӣ карда мешавад.
 
МАРКАЗИ ТАЪЛИМӢ - ФАРОҒАТИИ КӮДАКОН БО НОМИ "ЗАРРИНТОҶ" 
20 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Кӯшониён Маркази таълимӣ - фароғатии кӯдаконро бо номи "Зарринтоҷ" мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. 
Маркази таълимии навбунёд аз 3 ошёна иборат буда, дар ноҳия калонтарин ба ҳисоб меравад. Он дар як вақт имкон дорад 200 нафар кӯдакро ба таълиму тарбия фаро гирад.Маркази таълимӣ аз тарафи соҳибкор Сафар Ҳалимов дар муддати 3 сол бо риояи талаботи сохтмонӣ ва шакли зебову замонавӣ бунёд карда шудааст.
Зимни шиносоӣ бо шароити фароҳамгардида дар ин маркази таълимӣ, Пешвои муаззами миллат ба иқдоми соҳибкори ватандӯст ҷиҳати саҳм гузоштан дар бунёди чунин иншооти зебову замонавӣ изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.
Дар ошёнаи якум ҷойи бозиҳои шавқовар бо ҳама шароит ва дар ошёнаи дуюм бошад 4 синфхонаи таълимӣ, маркази омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забонҳои русиву англисӣ ва як синфхонаи рассомӣ мавҷуд мебошад.
 
БИНОИ ИСТИҚОМАТӢ ВА МУАРРИФИИ ЛОИҲАИ СОХТМОНИ БИНОИ БАЛАНДОШЁНА ДАР НОҲИЯИ КӮШОНИЁН
20 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Кӯшониён бинои баландошёнаи истиқоматиро, ки аз 7 ошёна иборат мебошад, ба истифода доданд.
Мутобиқи маълумот, ошёнаи якуми бино ҳамчун маркази хизматрасонӣ пешбинӣ гардидааст. Баҳри самаранок истифода бурдани иншоот ва ҷиҳати таъмини сокинон бо ҷойҳои корӣ дар таҳхонаи бино коргоҳи хурди истеҳсоли дару тирезаҳои пластикӣ ба роҳ монда шудааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ ба ду оилаи эҳтиёҷманд калиди хонаҳои навро тақдим карданд.
Зимни шиносоӣ Президенти мамлакат бо шароити манзилҳои зист иқдоми пешгирифтаи соҳибкорро дар рӯзҳои таҷлили пуршукӯҳи Ҷашни байналмилалии Наврӯз муҳиму саривақтӣ маънидод намуданд.
Дар ошёнаи якуми бинои истиқоматӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо 150 нафар ятиму бепарастор, ки аз 5 шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон омада буданд, суҳбату мулоқоти самимии падарона анҷом дода, баҳрашон дастархони идонаи Наврӯзӣ оростанд.
Пешвои раиятпарвари миллат ҳамаи кӯдаконро бо ҷашни байналмилалии Наврӯз табрику таҳният гуфта, ба онҳо туҳфаҳои арзанда тақдим намуданд. Дар ҳамин ҷо ба Сарвари давлат лоиҳаи сохтмони бинои нави 9 - ошёнаи истиқоматӣ бо ҷойгиршавии марказҳои савдову хизматрасонӣ дар ошёнаи аввал, ки аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Дилшод Давлатов сохта мешавад, муаррифӣ гардид. Дар бинои баландошёнаи сохташаванда 64 хонаи 1 ва 2 - ҳуҷрагӣ ҷойгир мешавад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо лоиҳаи иншооти сохташаванда, ба соҳибкор ҷиҳати бо сифати баланд анҷом додани корҳои бунёдӣ дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.
 
МАЙДОНИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ
21 март дар идомаи сафари корӣ дар вилояти Хатлон, дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ пас аз бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ Маҷмааи варзишӣ ва иншооти таъиноти гуногунро, ки дар майдони 25 гектар бунёд шудааст, ба истифода супурданд. 
Сипас, дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Баландии сутунпояи Парчами давлатӣ 64 метрро ташкил намуда, андозаи матои он 10 ба 20 метр мебошад.   Саҳни майдони Парчами давлатиро бунёди гулгашти зебою назаррабо, дилфиребу ҷолиб сохта, роҳрав ва сутунпояи ин муқаддасоти миллӣ бо сангҳои ороишӣ зинат дода шудаанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз корҳои анҷомдодашуда изҳори қаноатмандӣ намуда, ба ҳиммати фарзандони бонангу номуси миллат, ки дар ободӣ ва пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми худро мегузоранд, баҳои баланд доданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ қомат афрохтани Парчами давлатӣ баробари таъмини зебоии мавзеъ, ҳамчунин собитгари гиромидошт ва ҳифзи арзишҳои миллати тоҷик буда, дар бедор намудани ҳисси худшиносию худогоҳӣ ва ватандӯстию ватанпарастии сокинон нақши ниҳоят бориз дорад.
 
ИФТИТОҲИ МАЙДОНИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ
21 март дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон майдони Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо нишонаи арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ дар пояи Нишони давлатӣ гулчанбар гузоштанд.
Майдони Нишони давлатӣ дар шаҳраки Балхи ноҳия бо санъати баланди меъморӣ ва истифодаи сангҳои ороишӣ бунёд ёфта, корҳои сохтмонӣ бо сифати баланд анҷом дода шудаанд. Баландии пояи Нишони давлатӣ 26 метрро дар бар мегирад. Гирду атрофи иншооти нав сабзкорӣ гардида, дар ин ҷо гулу буттаҳои ороишӣ шинондаанд, ки муҳити атрофро зебу зинат медиҳанд. Ҳамчунин, роҳрав ва ҳудуди иншоот сафолакпӯш гардида, бо шаклу услуби хос чароғон гардонда шудааст.
Мавриди зикр аст, ки майдони Нишони давлатӣ бо мақсади ҳифз ва арҷ гузоштан ба муқаддасоту асолати миллӣ бунёд карда шуда, барои доир намудани иду ҷашнҳо, сайру гашт ва тамошои сокинону меҳмонони ноҳия имконияти мусоид фароҳам гардидааст.
 
МУҶАССАМАИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ
21 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзи дуюми сафари корӣ ба вилояти Хатлон, дар шаҳраки Балхи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ гулгашт, муҷассама ва мақбараи яке аз бузургтарин суханварони машриқзамин - Мавлоно Ҷалолиддини Балхиро мавриди истифода қарор доданд. 
Иншооти мазкур дар ҳудуди Маҷмааи варзишии маркази шаҳраки Балх бунёд ёфта, корҳои созандагӣ дар ин ҷо соли 2018 оғоз гардида буд. Муҷассамаи шоир ва адабиётшиноси маъруфи тоҷик 17 метр баландӣ дорад. Зимни боздид Пешвои миллат ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, қомат афрохтани пайкараи олим ва файласуфи оламшумули тоҷик Мавлоно Балхиро дар самти эҳтиром гузоштан ба хизматҳои шоён ва қадрдонии шахсиятҳои таърихии миллати тоҷик нек арзёбӣ намуданд.
Мавриди зикри хос аст, ки бузургтарин асари Ҷалолиддини Балхӣ “Маснавии маънавӣ” мебошад, ки ба навиштани он соли 1259 шуруъ намуда, зиёда аз 10 сол ба эҷоди он машғул гаштааст. “Маснавии маънавӣ” аз шаш дафтар иборат буда, 25 ҳазору 632 байтро ташкил медиҳад, ки ҳама афкори ирфонию ахлоқӣ мебошад. Қисмати дуюми ашъори ӯро ғазалиёт ва рубоиёт ташкил медиҳанд, ки аз сад ҳазор байт иборатанд.
Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ аз бузургтарин чеҳраҳои миллати тоҷик аст, ки бо назарияи эъҷозу эҷодаш дар асри XIII ба адабиёти тоҷику форс такони бузург бахшидааст. 
Иншооти мазкур дар шафати шоҳроҳи Душанбе – Бохтар – Балх – сарҳади Афғонистон ҷойгир буда, макони тамошобобе барои сайёҳону меҳмонони дохилу хориҷ мегардад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз шароити фароҳамовардаи истироҳату фароғат, ба масъулин ҷиҳати дастгирии сиёсати созандаву бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуданд.
Мардуми сарбаланди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дастуру ҳидоятҳои Пешвои муазами худро сармашқи кори худ карда, ваъда доданд, ки минбаъд низ бо густариши корҳои ободонию созандагӣ саҳми худро дар пешрафти Ватани азизамон - Тоҷикистон хоҳанд гузошт.
 
ИФТИТОҲИ МАҚБАРАИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ
21 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои зиёрат ба оромгоҳи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ташриф оварданд.
Мавриди зикр аст, ки бо дастури Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз оромгоҳи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ як каф хок ба марқади Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ оварданд ва тибқи муқаррароти дини мубини ислом бо риояи аркони суннатии мо ба оромгоҳи ӯ гузошта шуд, ки минбаъд ихлосмандон ва ҳаводорони ашъори пурғановати Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ метавонанд онро зиёрат намоянд. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон назди оромгоҳи рамзӣ, ки хоки он аз дахмаи асосии шоир аз шаҳри Қунияи Туркия ба кишвари мо оварда шудааст, ба хотири суботи сартосарии Ватан ва эҳтиром ба гузаштагон, дасти дуо бардоштанд.
Мақбараи олим ва донишманди тоҷик дар асоси ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат дар ҳудуди “Гулгашти Балхӣ” ҷойгир мебошад. Мақбара тибқи суннати меъмории ниёгон сохта шуда, даромадгоҳи асосиаш аз қисмати ҷанубӣ, дар рӯбарӯи муҷассама қарор дорад. Дар дохили мақбара, дар чаҳор тарафи он чаҳор байт аз ашъори Мавлоно бо забони тоҷикӣ, хати ниёгон ва тарҷумаи англисӣ бо зарҳал ҳаккокӣ шудааст, ки андозаи ҳар як катиба 160 ба 22 см мебошад.
Мавриди зикр аст, ки Ҷалолиддин Муҳаммад ибни Баҳоуддин Муҳаммад ибни Ҳусайн Хатибии Балхӣ соли 1207 дар ноҳияи Вахши Тоҷикистон таваллуд шуда, яке аз бузургтарин олимон ва шоирони равияи тасаввуфи халқи тоҷик аст. Осори бегазанди ӯ, аз ҷумла “Девони ғазалиёт” ё “Девони кабир” ва “Маснавии маънавӣ”, аз дурдонаҳои арзишмандтарини адабиёти на танҳо мардуми тоҷик, балки кулли халқиятҳои дунё мебошанд.
Мақбара дар масоҳати 50 метри мураббаъ бунёд гардида, деворҳои он бо нақшу нигори қадима, ки ба давраи зиндагии шоир хос аст, оро ёфтааст. Баландии бино 5 метр буда, корҳои бунёдӣ аз ҷониби сохтмончиёни ватанӣ анҷом дода шудаанд. Роҳрав ва саҳни оромгоҳ бо тахтасангҳо зебо гардонда шуда, гулу буттаҳои ороишию сояафкан аз қисматҳои сабзкории оромгоҳ ба ҳисоб меравад. 
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди вусъати корҳои ободонӣ, арҷгузорӣ ба таъриху ниёгон, ба масъулину сохтмончиён изҳори сипос карда, истифодаи маҷмааи мазкурро дар арафаи таҷлил аз Ҷашни Наврӯзи байнамилалӣ туҳфаи арзандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ арзёбӣ намуданд.
Дар навбати худ сокинони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ барои талошҳову ғамхориҳои Сарвари давлат ва шароити фароҳамовардаи Ҳукумати мамлакат изҳори миннатдорӣ карда, ваъда доданд, ки ҷиҳати боз ҳам ободу пешрафта кардани кишвар камари ҳиммат хоҳанд баст.
 
"ХОНА-МУЗЕЙИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ" 
21 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи "Мақбараи Ҷалолиддини Балхӣ", "Хона-музейи Ҷалолиддини Балхӣ"-ро мавриди истифода қарор доданд.
Масоҳати хона-музей 1000 метри мураббаъ ва баландии он 3,5 метр мебошад. Хона-музей дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҳифзи арзишҳои фарҳангию таърихии миллати куҳанбунёди тоҷик, гиромидошти фарзандони фарзонаи миллат бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ сохта шудааст.
Сутун ва дари хонаҳо бо санъати баланд кандакорӣ шуда, диққати ҳар бинандаро ҷалб месозанд. Хонаи рамзии Мавлоно аз ҳавлии дарун ва берун иборат мебошад. Дар пешайвони даромадгоҳ аз дохил шоҳбайти Мавлоно ҳаккокӣ гардидааст. Бахши аввали хонаро “Ҳавлии берун” ташкил медиҳад. Дар байни ҳавлии берун сутуни кандакоришуда гузошта шудааст, ки он рамзи анҷоми рақси “Самоъ” аст. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми боздид аз "Хона-музейи Ҷалолиддини Балхӣ", бунёди онро дар замони ҷаҳонишваии фарҳангҳо ҷиҳати ҳифзи арзишҳои миллию таърихии халқи тоҷик, аз худ кардани таърих ва омӯхтани гузаштаи пурифтихори миллати тоҷик барои ҷавонон муҳиму саривақтӣ арзёбӣ карданд.
Пешвои миллат таъкид доштанд, ки бояд насли наврас осори пурҳикмати Ҷалолиддини Балхиро, ки аҳамияти бузурги маънавӣ дорад, бахусус асари безаволи "Маснавии маънави"-ро мутолиа намуда, ҷаҳонбинӣ ва тафаккури худро тақвият бахшанд. Аз тарафи рости даромад ба “Ҳавлии берун” “Дарсхона” ҷойгир аст, ки аз ду тиреза ва як меҳроб иборат аст. Хона бо усули анъанавии аҷдодӣ гиландова ё андова бо коҳгил сохта шудааст. Дар идомаи “Дарсхона” хонаи зисти Мавлоно ҷой гирифтааст.
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ маҳфили "Ворисони Ҷалолиддини Балхӣ" ташкил шудааст, ки дӯстдорони ашъори орифи тоҷик ба он ҷалб гардидаанд. Қобили зикр аст, ки то имрӯз осори пурғановати Ҷалолиддини Балхӣ ба забонҳои гуногуни дунё тарҷума шуда, чандин шарҳи «Маснавии маънавӣ» ба вуҷуд омадааст.
“Хона-музейи Ҷалолиддини Балхӣ" намои қадимаро ба худ касб карда, он тарзу усули зиндагонии аслии давраи гузаштаи адиби халқи тоҷикро муаррифӣ мекунад. Дар сиёсати пешгирифтаи имрӯзаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи арзишҳои миллӣ, эҳёи расму оин ва ҳунарҳои мардумӣ ҷойгоҳи махсус дошта, дар ин самт тадбирҳои муҳим амалӣ карда мешаванд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат ба масъулону фаъолони вилоят ҷиҳати ҳифзи арзишҳои миллӣ, гиромӣ доштани фарзандони фарзонаи миллат, омӯзиши васеи ашъори баландпояи Ҷалолиддини Балхӣ, ташвиқу тарғиби арзишҳои миллӣ ва дар руҳияи худшиносӣ тарбия намудани насли наврас дастуру супоришҳои судманд доданд.
 
БАИСТИФОДАДИҲИИ МАКТАБИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТӢ 
21 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар Маҷмааи навбунёди фарҳангӣ, варзишӣ ва таълимии шаҳраки Балх бинои хуштарҳу муосири Мактаби байналмилалии президентиро ба истифода дода, бо хонандагону омӯзгорон суҳбати озоду самимӣ анҷом доданд.
Муассисаи таълимии мазкур барои 720 нафар хонандаи болаёқат дар як баст пешбинӣ гардида, дар асоси дастуру роҳнамоии Сарвари маорифпарвари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо саҳми соҳибкори ватанӣ Раҳматулло Саъдуллоев ҷавобгӯ ба талаботи муосир сохта шудааст. Барои таълиму тарбияи насли ояндасоз дар ин даргоҳи маърифат 75 омӯзгор ба кор ҷалб карда шуд. 
Таълимгоҳ нахустин Мактаби байналмилалии президентӣ дар ҳудуди вилояти Хатлон буда, аз се ошёна бо таҳхона ва 36 синфхонаи муҷаҳҳази фаннӣ, аз ҷумла химия, биология, технологияи иттилоотӣ, лингафонӣ, таълими меҳнати писаронаю духтарона, китобхона, кабинетҳои омӯзгорону роҳбарият, ҳуҷраҳо барои баргузории маҳфилҳои гуногун ва дигар иншооти ёрирасон, иборат мебошад.
Дар ин даргоҳи маърифат бо мақсади расидан ба ҳадафҳои асосии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, дар асоси ҳидоятҳои Сарвари давлати Тоҷикистон ба омӯзиши илмҳои дақиқ таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардида, тамоми синфхонаҳо бо навтарин дастгоҳу аёниятҳои таълимии соҳа, аз ҷумла компютеру тахтаҳои электронӣ ва дастгоҳҳои ҳунаромӯзӣ таъмин карда шудаанд. Мактаб, ҳамчунин, дорои озмоишгоҳҳои муосири фаннӣ мебошад. 
 
ХОБГОҲ БАРОИ ХОНАНДАГОНИ МАКТАБИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТӢ 
21 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоии ҳамаҷониба бо имконот ва шароити таълиму тарбияи насли наврас дар бинои муосири Мактаби байналмилалии президентӣ, ду бинои хобгоҳ - писарона ва духтаронаро барои хонандагони ин муассисаи таълимии навтаъсис мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Биноҳои хобгоҳ барои 360 нафар хонанда бо иқдоми соҳибкори ватанӣ, роҳбарияти Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Ширкати холдингии Исмоили Сомонӣ” сохта шуда, бо тамоми шароити муосири будубош барои хонандагони шаҳру ноҳияҳои дурдаст пешбинӣ гардидааст. Ҳар ду иншооти навбунёд аз 4 ошёна ва таҳхона иборат буда, дар алоҳидагӣ барои писарону духтарон сохта шудааст. Масоҳати умумии замини биноҳо 10 ҳазору 620 метри мураббаъро ташкил дода, худи хобгоҳҳо дар майдони 1472 метри мураббаъ қомат афрохтаанд.
Корҳои сохтмонӣ дар ҳар ду бинои хобгоҳ моҳи марти соли 2019 дар асоси такмили инфрасохтори Маҷмааи варзишӣ, фарҳангӣ ва таълимии шаҳракаи Балх оғоз гардида, дар муҳлати муайянгардида бо ҷалби мутахассисони ватанӣ ва мутобиқ ба меъёрҳои муосир ба анҷом расонда шудааст. 
Дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ 70 нафар мутахассиси ватанӣ бо ҷойи кор таъмин гардида, бо мавриди истифода қарор гирифтани хобгоҳҳо 15 нафар ба шуғли доимӣ фаро гирифта мешавад. Биноҳои нави хобгоҳ барои хонандагони Мактаби байналмилалии президентӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, ҳамзамон, дорои нуқтаи махсуси гармидиҳӣ мебошанд, ки дар айёми сардиҳо гармии тамоми ҳуҷраҳоро таъмин мекунад. 
Дар атрофи биноҳо гулҳои гуногун ва ниҳолҳои ҳамешасабз шинонда шуда, роҳравҳои ҳудуди он пурра сафолакпӯш гардидаанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо имконоти муҳайёшуда дар хобгоҳҳо, ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, иқдоми соҳибкори ватаниро намунаи ибрат арзёбӣ карданд.
 
КӮДАКИСТОНИ ПРЕЗИДЕНТӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ
21 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бинои хуштарҳу замонавии кӯдакистони президентиро ифтитоҳ карданд.
Бинои кӯдакистони президентӣ сеошёна буда, бо унсури миллӣ ва шаҳрсозии муосир бунёд гардидааст. Муассисаи нави томактабӣ дар доираи сиёсати бунёдкоронаи роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо саҳми соҳибкори маҳаллӣ сохта шудааст. Дар кӯдакистон 330 нафар кӯдаки хуштолеи даврони соҳибистиқлолӣ ба таълиму тарбия фаро гирифта мешавад.
Таълим дар муассисаи томактабӣ бо ду забон, тоҷикӣ ва русӣ ба роҳ монда мешавад. Мувофиқи лоиҳа муассисаи томактабӣ аз синфхонаҳои муҷаҳҳази дарсӣ, фароғатӣ ва дигар ҳуҷраҳо барои гузарондани машғулиятҳо, ҳуҷраҳои шустушӯй, инчунин, толори варзишӣ ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.
Дар дохили бинои муассиса ду толор, як толори бозии кӯдакон ва як толор барои гузарондани чорабиниҳои муассиса мавҷуд мебошад. Бо назардошти шароити таълим, дар маҷмуъ, дар муассиса 14 гурӯҳи кӯдакон ба тарбия фаро гирифта мешаванд. Баъди ба фаъолият оғоз кардани кӯдакистони президентӣ 40 нафар бо ҷойи кор таъмин шуд, ки 20 нафари онҳо мураббияҳои соҳибкасбу ботаҷриба мебошанд. 
 
НАМОИШГОҲИ НАВРӮЗИ ХАТЛОН
21 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи бошукӯҳи Наврӯзи Хатлон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дидан намуданд.
Дар ҷашнвораи шукӯҳманди наврӯзӣ сокинони шарафманду меҳнатқарини 25 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон бо дили саршор аз меҳру муҳаббати ватандорӣ ва суруру шодмонӣ ширкат варзида, маҳсули заҳмат ва дастовардҳои меҳнатии худро ба намоиш гузоштанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳунармандону кадбонувони чирадаст суҳбати самимӣ ороста, онҳоро ба Ҷашни ҷаҳонии Наврӯз самимона таҳният гуфтанд.
Ба таъкиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Наврӯз ҳамчун ҷашни кадимаи миллати тамаддунофару фарҳангсолори тоҷик, таърихи беш аз 6-ҳазорсола дорад. Ҷавҳари таърихиву фарҳангии ин ҷашн саодату пирӯзии аҳли башар буда, инсонҳоро ба ҳамзистии осоишта, накукориву созандагӣ ва банёдкорӣ ҳидоят менамояд.
Сарвари давлат иброз доштанд, ки яке аз рамзҳои дигари наврӯзӣ - тозаву озода кардани хонаву манзили зист, кӯчаву хиёбон ва шинондани ниҳолу коштани донаи умед мебошад.
Ба ифтихори Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ин ҷо хони идонаи ҳафтсину ҳафтшин, ки бозгӯи фарҳанги қадимаи дастархондории миллати куҳанбунёди тоҷик аст, ороста шуд. Инчунин, кадбонувони соҳибзавқу хушсалиқаи вилоят дар гӯшаҳои алоҳида маҳсулоти нонию қаннодӣ, аз ҷумла кулчаю қалама, чаппотию фатир ва дигар навъи шириниҳо омода ва пешниҳод карданд.
Дар намоишгоҳи наврӯзӣ ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили зардӯзӣ, гулдӯзию кашидадӯзӣ, чакандӯзӣ, атласу адрасбофӣ ва тоқидӯзию шерозбофӣ ба таври шоиста аз тарафи бонувони ҳунарманди вилоят муаррифӣ гардиданд. Бояд гуфт, ки ҳунарҳои қадимаи кандакорӣ, табақтарошӣ, гаҳворасозӣ, сабадбофӣ ва оҳангарию дуредгарӣ дар байни сокинони шарафманди вилояти Хатлон солҳои охир аз нав эҳё шуда, аз насл ба насл гузашта, рушду нумӯ меёбанд.
Гӯшаи дигари базмгоҳи наврӯзиро хӯрокҳои миллӣ, аз қабили қурутобу шакароб, таҳмолу фатирмаска, оши бурида, дангича, суманаку самбӯса ва дигар ғизоҳои бо гиёҳҳои шифобахши баҳорӣ омодашуда зебу зинат мебахшиданд. 
Маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла картошкаю сабзӣ, пиёзу гулкарам, сирпиёзу шалғам ва гандуми биринҷ, ки маҳсули аҳли заҳмати кишоварзони вилояти Хатлон мебошад, ба намоиш гузошта шуд. Дар баробари ин, маҳсулоти зиёди саноатӣ низ муаррифӣ гардид, ки бозгӯи рушди босуръати соҳаи саноати хӯрокворӣ дар вилоят аст.
Ҳамчунин, хоҷагиҳои ниҳолпарвари шаҳру ноҳияҳои вилоят ниҳоли дарахтони гуногуни мевадиҳанда, сояафкан ва ороиширо пешкаш намуданд. Хоҷагиҳои ҷангали вилоят низ беш аз 20 намуд хушкмеваи худрӯйро муаррифӣ намуданд, ки дорои унсурҳои бойи табиӣ буда, хусусиятҳои шифобахшӣ доранд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки таҷлили Ҷашни бостонии Наврӯз дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ басо рамзӣ мебошад, зеро мардуми куҳанбунёди ин гӯшаи диёр дар пойдории асолат, пояҳои таърихиву фарҳангии Наврӯз ва ҳифзу идомаи накутарин анъанаҳои миллӣ саҳми басо арзишманд доранд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки мо мардуми шарафманди тоҷик бисёр хушҳолу сарбаланд ҳастем, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ин ҷашни воқеан мардумиро чун дастоварди бузурги хиради башар пазируфтааст. Бо қаноатмандӣ изҳор шуд, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ба сифати ҷашни ҷаҳонӣ пазируфта шудани Наврӯз гувоҳи он аст, ки сокинони сайёра ба ин оини моҳиятан фарҳангиву инсонпарваронаи тоҷикон ва кишварҳои ҳавзаи Наврӯз эҳтиром доранд ва онро ҳамчун воситаи баҳамоӣ, таҳкими сулҳу субот, покиву садоқат ва зебоиву бедорӣ эътироф менамоянд.
Хусусиятҳои хоси дигари Ҷашни Наврӯз инсонпарварӣ, некиву накукорӣ, бахшишу меҳрубонӣ ва созандагиву бунёдкорӣ мебошад.
Сокинони заҳматпешаи вилояти Хатлон бо барпо кардани намоиши дастовардҳо, анъанаҳои неки наврӯзӣ, расму оинҳои миллӣ, маҳсули дасти кадбонуҳо, ҳунари устоҳои чирадаст, ташкили бозиҳои варзишӣ ин маконро ба базмгоҳи ҳақиқии идона табдил доданд.
 
БА ИСТИФОДА ДОДАНИ ВАРЗИШГОҲИ МАРКАЗӢ
21 март дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Варзишгоҳи марказии ноҳияро мавриди истифода қарор доданд.
Майдони маҷмааи варзишӣ 6 гектар буда, 15 000 ҷойи нишаст дорад. Бинои варзишгоҳ 3-ошёна буда, дар он барои духтарону писарон толорҳои алоҳидаи машқу тамрин бунёд шудааст. Дар рафти бунёди варзишгоҳ 100 нафар сохтмончӣ бо кори муваққатӣ ва баъди мавриди истифода қарор додан 20 нафар сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин шуд.
Маҷмааи варзишӣ аз як даромадгоҳи марказӣ ва 5 даромадгоҳи иловагӣ иборат мебошад. Масоаҳти майдони футбол 118 бар 72 метрро ташкил дода, ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонда шудааст. Дар ин маҷмааи муосири варзишӣ, ҳамчунин имкон аст, ки дилхоҳ чорабиниҳои сатҳи баланди фарҳангӣ гузаронда шаванд.
Аввалин чорабинии идона – таҷлили Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо иштироки Пешвои муаззами миллат буд, ки бо ҳузури шумораи зиёди роҳбарону фаъолони вилояти Хатлон баргузор гардид.
 
ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ 
21 март дар Варзишгоҳи марказии ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавии ҷумҳуриявӣ ба ифтихори Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи иштирокчиёни ҷамъомади идона ва дар шахси онҳо мардуми шарифи кишвар, ҳамватанони бурунмарзӣ ва мардумони ҳавзаи Наврӯзро ба ифтихори ин оини бостонӣ самимона табрик гуфтанд.
Тантанаҳои идонаи наврӯзиро барномаи бошукӯҳи консертӣ идома дод, ки бисёр хотирнишин ва хоси Ҷашни Наврӯз буд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.03.2022    №: 56 - 57    Мутолиа карданд: 3017
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед