logo

барқияҳо

БАРҚИЯҲОИ ТАБРИКӢ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Дар рӯзҳои ҷашнии наврӯзӣ ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз номи як қатор сарварони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ ва роҳбарони созмонҳои байналхалқию минтақавӣ ба муносибати Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ барқияҳои табрикӣ ворид шуданд.
 
СИ ҶИНПИН, 
РАИСИ ҶУМҲУРИИ 
МАРДУМИИ ЧИН:
«Муҳтарам ҷаноби Президент!
Дар робита ба табрикотатон барои Иди баҳори Чин аз самими қалб миннатдории худро иброз менамоям. Ба муносибати фарорасии Наврӯз, Иди анъанавии Тоҷикистон, иҷозат фармоед, то Шумо, Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистонро аз номи худ ва мардуми Чин самимона табрику таҳният бигӯям.
 Ба наздикӣ мо муштаракан 30-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Мардумии Чин ва давлатҳои Осиёи Марказиро таҷлил намудем.
 Дар давраи иштироки Шумо дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои олимпии зимистона дар Пекин мо зимни суҳбати пурмуҳтаво ҷиҳати таъмиқи робитаҳои Чину Тоҷикистон ба як қатор мувофиқаҳо даст ёфтем.
 Ман ба рушди муносибатҳои Чину Тоҷикистон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамоям ва омодаам ҳамроҳ бо Шумо дар ростои таҳкими дӯстии анъанавӣ миёни ду кишвар ва бардоштани онҳо ба зинаҳои нав ба нафъи ду давлат ва мардумонамон саъю талош намоям.
Ба Шумо сиҳатмандии комил ва дар фаъолиятатон комёбиҳо орзумандам.
Ба мардуми дӯсти Тоҷикистон саодату некуаҳволӣ хоҳонам».
 
ҶОЗЕФ БАЙДЕН, 
ПРЕЗИДЕНТИ ИЁЛОТИ 
МУТТАҲИДАИ АМРИКО:
«Муҳтарам ҷаноби Президент!
Ман мехоҳам ба Шумо, аҳли оилаи Шумо ва мардуми Тоҷикистон Наврӯзи осоишта, шодмон ва шукуфон орзу намоям.
Мардуми зиёд дар Иёлоти Муттаҳида ва дар саросари ҷаҳон дар ин ҷашни навсозӣ ва эҳё ба ҳам меоянд.
Имсол Иёлоти Муттаҳида ва Ҷумҳурии Тоҷикистон 30-солагии робитаҳои дипломатиашонро ҷашн мегиранд. Кишварҳои мо дар ин муддат бо мақсади ноил гаштан ба ҳадафҳои умумӣ бомуваффақият ҳамкорӣ доштанд.
Маъмурияти ман хостори идомаи минбаъдаи чунин ҳамкорӣ дар мубориза бо пандемия, мусоидат ба барқарорсозии иқтисодиёти ҷонибҳо, рафъи нигарониҳои муштараки амниятӣ ва бо мақсади таъмиқи бештари муносибати барои ҷонибҳо судманд мебошад.
Мо, инчунин, омодаем, ки бо Шумо дар пешбурди раванди “C5+1” ва дастгирии ҳадафҳои муштараки минтақавӣ ҳамкорӣ намоем».
 
ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ, 
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ 
ӮЗБЕКИСТОН:
«Муҳтарам 
Эмомалӣ Шарифович!
Ба муносибати фарорасии Наврӯз, иди бедориву навсозии баҳорӣ Шумо, Ҷаноби Олӣ ва мардуми дӯсти кишваратонро сидқан ва гарму ҷӯшон табрик намуда, таманниёти самимии худро ба Шумо ирсол менамоям.
Иди Наврӯз, ки таҷассумгари расму оинҳои умумӣ, арзишҳои воло ва анъанаҳои камназири мардумони бародари мо мебошад, ҳамчун сарчашмаи муҳими маънавӣ ҷиҳати таҳкими минбаъдаи руҳияи дӯстӣ ва ҳамраъйии минтақавӣ хизмат менамояд.
Шарикии стратегии байни Ӯзбекистону Тоҷикистон, ки бар пояи ҳусни ҳамҷаворӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва дӯстӣ устувор шудааст, ба шарофати саъю талошҳои қатъии мо, бешубҳа, минбаъд низ ба таври пайваста тавсеа хоҳад ёфт.
Сафари Шумо ба Ӯзбекистон, ки дар ояндаи наздик сурат мегирад, бешак, ба таъмиқи минбаъдаи равобити байни кишварҳоямон такону неруи тоза хоҳад бахшид. 
Дар ин айёми фараҳбахш, ки саршор аз илҳоми баҳорист, ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, умри дароз, саломатии бардавом, саодати оилавӣ ва дар фаъолияти пурмасъулияти давлатиатон комёбиҳои нав, ба мардуми бародари Тоҷикистон сулҳу некуаҳволӣ орзу менамоям».
 
ҚОСИМ-ЖОМАРТ ТОКАЕВ, 
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ 
ҚАЗОҚИСТОН:
«Муҳтарам 
Эмомалӣ Шарифович!
Шумо ва ҳамватанони Шуморо ба муносибати иди барои ҳамаи мо умумӣ – Наврӯз сидқан табрик менамоям.
Ин иди мубораки баҳор, ки арзишҳои волои ахлоқиро таҷассум менамояд, моро ба азнавсозии маънавӣ ва сулҳу ягонагӣ водор месозад. Бигзор Наврӯзи аз қадимулайём соҳибқадр ба давлатҳои ба ҳам бародару муттафиқи мо хушнудиву осудаҳолӣ эҳдо намояд. 
 Итминони комил дорам, ки ба туфайли талошҳои муштараки мо шарикии стратегии Қазоқистон ва Тоҷикистон, ки бар дӯстии мустаҳкам ва дастгирии якдигар асос ёфтааст, ба нафъи мардумонамон минбаъд низ ба таври афзоянда рушд хоҳад ёфт.
 Дар ин рӯзи фирӯз ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, дар татбиқи ҳамаи иқдомҳои некатон ба хотири пешрафту рушди босуботи кишваратон комёбиҳои бузург, ба мардуми бародари Тоҷикистон некуаҳволӣ ва шукуфоӣ орзумандам.
Бигзор Наврӯз осудаҳоливу шукуфоиро насиби ҳар як хонадон гардонад!».
 
ИЛҲОМ АЛИЕВ, 
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ 
ОЗАРБОЙҶОН:
«Муҳтарам 
Эмомалӣ Шарифович!
Ба муносибати фаро расидани Иди Наврӯзи хуҷаста Шумо ва тамоми мардуми Тоҷикистонро аз номи худ ва халқи Озарбойҷон аз самими қалб табрик менамоям.
Ин ҷашн таҷассумгари пурраи фалсафаи ҳаётӣ ва ҳазорон солҳо озмудашуда буда, нишонгари дурахшандаи меҳр ва эҳтироми баланд ба табиат мебошад.
Итминон дорам, ки муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Озарбойҷон ва Тоҷикистон, ки имрӯз анъанаҳои бостонии Наврӯзро ба манфиати халқҳои ду кишвар зинда нигоҳ медоранд, минбаъд инкишоф ва тақвият хоҳанд ёфт.
Бо истифода аз ин фурсат ба Шумо тандурустӣ, хушбахтӣ ва дар фаъолиятатон муваффақият, ба мардуми дӯсти Тоҷикистон суботи доимӣ таманно дорам».
 
САДИР ЖАПАРОВ, 
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ 
ҚИРҒИЗИСТОН:
«Муҳтарам 
Эмомалӣ Шарифович!
Шуморо ба муносибати Иди Наврӯз сидқан табрик менамоям.
Наврӯз иди куҳанбунёди зиндагиву сарчашмаи баҳор ва орзуҳои дурахшони оянда аст.
Бовар дорам, ки муносибатҳои гуногунҷанбаи байни ду кишвар минбаъд низ дар руҳияи дӯстиву некуҳамсоягӣ таҳкиму таъмиқ хоҳанд ёфт. 
Ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, саломатии бардавом, хушбахтии оилавӣ ва дар фаъолияти давлатиатон комёбиҳо, ба мардуми бародари Тоҷикистон сулҳу шукуфоӣ орзу менамоям».
СЕРДАР БЕРДИМУҲАМЕДОВ, 
ПРЕЗИДЕНТИ 
ТУРКМАНИСТОН:
«Муҳтарам 
Эмомалӣ Шарифович!
Бо сарфарозӣ ба Шумо ва тамоми мардуми бародари Тоҷикистон табрикоти самимӣ ва таманниёти беҳтарини худро ба муносибати Иди байналмилалии Наврӯз ирсол менамоям.
Иди Наврӯз аз қадимулайём таҷассумгари эҳёи табиат, тантанаи зиндагӣ ва омадани баҳор мебошад. Ин ид анъанаҳои меҳмоннавозӣ, сулҳдӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва усулҳои волои инсондӯстиро фаро гирифта, барои таҳкими ягонагӣ ва дӯстии мардумон аҳамияти хосса дорад.
Бигзор ҷашни ин иди фархунда ба Шумо ва тамоми мардуми кишвари Шумо хушнудиву некуаҳволӣ ва шукуфоӣ оварад!».
 
САЙИД ИБРОҲИМ РАИСӢ, 
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ 
ИСЛОМИИ ЭРОН:
«Ҷаноби оқои Эмомалӣ Раҳмон,
Президенти муҳтарами 
Ҷумҳурии Тоҷикистон!
Ба муносибати фаро расидани Наврӯзи нишотофарин ва дубора ҷон ёфтани табиату замин, фаро расидани соли 1401 ҳиҷрии хуршедиро ба Ҷаноби Олӣ, хонаводаи муҳтарам ва мардуми азизи кишваратон самимона табрик ва таҳният мегӯям. Наврӯз намод ва падидаи тамаддунии арзишгаро аст.
Таваҷҷуҳ ба дигаргунии табиат, мояи бедории дил ва дастовезе барои рушду таолии башарият аст. Шоири бузург Саъдӣ низ ба некӣ месарояд:
Хезу ғанимат шумор ҷунбиши боди рабеъ,
Нолаи мавзуни мурғ бӯи хуши лолазор.
 
Умедворам, дар қарни ҷадид ҳаракат ба сӯи арзишҳои инсонӣ суръати бештаре ёбад ва, ҳамчунин, Наврӯз, рӯзу рӯзгори шодтар ва хуррамтаре барои дилҳо ва ҷонҳои ҳамаи мардумони он диёр ва ҳамдиливу оромиши бештар барои ҳамаи миллатҳои минтақа рақам бихӯрад. Ҷумҳурии Исломии Эрон тақвияту густариши ин ҳамбастагии фарҳангиро навидбахши оромиш ва сулҳ барои ҳамаи кишварҳои минтақа ва ҷаҳон медонад ва дар ин росто дасти дӯстиро ба гармӣ ба сӯи ҳамаи кишварҳо дароз мекунад.
Аз Худованди мутаол саломативу муваффақияти он Ҷаноб ва шодкомиву сарафрозии кишвари дӯсту бародари Тоҷикистонро хосторам ва соле саршор аз хайру баракат барои Шумо орзу дорам».
 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.03.2022    №: 56 - 57    Мутолиа карданд: 3638
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед