сиёсат
ҶОМЕА. ВАҚТЕ РОҲБАР ҶАВОНПАРВАР АСТ...
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавононро неруи тавонои созанда ва пешбарандаи ҳамаи соҳаҳои ҳаёти мамлакат меҳисобад ва ҳалли мушкилоту масъалаҳои вобаста ба зиндагӣ ва таҳсилу фаъолияти онҳоро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии худ эътироф менамояд.
Гузашта аз ин, Ҳукумати Тоҷикистон ҳифзу пойдории истиқлоли миллӣ, бунёди давлати муосиру пешрафта ва рушди ояндаи онро ба иштироки фаъолона ва саҳми бевоситаи ҷавонон вобаста медонад ва бо истифода аз имконоти мавҷуда кӯшиш мекунад, ки вазъи иҷтимоиву иқтисодии наврасону ҷавонон беҳтар гардида, барои рушди ҳамаҷонибаи онҳо ҳамаи шароити зарурӣ фароҳам оварда шавад.
Дар тули 30 соли Истиқлоли давлатӣ тамоми соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт рӯ ба беҳбудӣ оварда, барои зиндагии шоис-та шароит муҳайё гардид. Дар ин замина, Ҳукумати мамлакат ба соҳаи таълим назари махсус зоҳир намуда, сиёсати маорифпарваронаро пеш гирифт. Сохтани садҳо иншооти хурду бузург барои муассисаҳои таълимӣ, таҷҳизондани онҳо бо техникаву технологияи муосир ва дигар шароитҳои муосири таълимӣ гувоҳи аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирӣ ёфтани неруи зеҳниву фик-рии ҷавонон ба шумор меравад. Натиҷаи ин ҳама дастгириҳо ва ободкориҳо буд, ки олимони тоҷик дар арсаи байналмилалӣ бо ҷоизаву диплом ва дигар мукофотҳо қадр мегарданд.
Таъсису фаъолияти Ташкилоти ҷамъиятии “Пайравони Пешвои миллат” ва намояндагиҳои он, яъне маҳфилҳои “Пайравони Пешвои миллат” дар сатҳи вилояту шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои таълимӣ имкон дод, ки ҷавонон ҳамчун пайравони асили Пешвои миллат, зери шиори “Тоҷикистон ба пеш” муттаҳид гарданд, аз корнома ва қаҳрамониҳои Сарвари давлат, ҳамчун намунаи олии ҷавонмардӣ, мактаби созандагиву ватандориро омӯзанд ва меҳани худро дӯст дошта, онро ҳифз намоянд. Соҳаи варзиш имрӯз дар ҷумҳурӣ рушд ёфтааст. Дар ин самт низ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдомоти наҷибе пеш гирифта, дар тамоми гӯшаву канори диёри азизамон толору майдонҳои варзиш ва дигар шароити мусоидро барои рушд ва оммавигардонии варзиш фароҳам овардааст. Дар даврони 30 соли Истиқлоли давлатӣ шумораи иншооти варзишӣ 9 баробар зиёд гардид. Агар то соли 1991 дар мамлакат қариб ҳазор иншооти варзишӣ фаъолият дош-та бошад, пас солҳои охир шумораи онҳо ба беш аз 10 ҳазор расид. Аз шумораи умумии иншооти ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатӣ сохташуда 23 дарсадашро иншооти соҳаи варзиш ташкил медиҳад, ки ин натиҷаи таваҷҷуҳ ва ғамхории давлату Ҳукумат ба наврасону ҷавонон мебошад. Ҳамин буд, ки имрӯз варзишгарони тоҷик ҳунари волои худро нишон дода, Парчами давлатии моро байни дигар давлатҳо боло мебардоранд.
Ғамхориву таваҷҷуҳ ва ҳидоятҳои Сарвари давлат бори дигар моро водор месозад, ки пайваста илмҳои замонаро аз худ намуда, ҷиҳати пешгирии падидаҳои манфӣ, тарбияи ахлоқии ҷавонон, ҳифзи марзу буми кишвар ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳмгузор бошем. Дар ин росто, омӯзиш ва тарғиби осори пурарзиш, суханрониҳо, рӯзгори ибратпазир ва хизматҳои содиқонаву тақдирсози Пешвои миллат ояндаи моро боз ҳам мунаввар месозад.
Шамсиддин САИДОВ,
Саиднисо ВАҲОБОВА
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 28.03.2022 №: 58 - 59 Мутолиа карданд: 1018