иҷтимоиёт
КӮПРУКИ ЛАРЗОНУ МАРДУМИ ҲАЙРОН. МУШКИЛЕ, КИ АЗ МАСЪУЛОН МАСЪУЛИЯТИ ВОҚЕӢ МЕХОҲАД
Чанд сол мешавад, ки сокинони деҳоти Сугати ноҳияи Лахш азоби бероҳию набудани кӯпрукро мекашанд. Зеро ҳар баҳор бо сабаби омадани сел дар ин минтақа кӯпрукчаи ларзони онҳо, воқеъ дар километри 218-уми шоҳроҳи Душанбе – Ваҳдат – Рашт– сарҳади Қирғизистон, ки ин деҳотро бо маркази ноҳия мепайвандад, туъмаи дарёи Сурхоб (Вахш) гардида, қисмате аз шоҳроҳи байналмилалиро низ бо худ мебарад. Ҳар вақти сар задани ҳодиса масъулон пайдо шуда, даст дар миёну ҳолатро аз назар мегузаронанду бо ҳамин нопадид мегарданд. Аз амали онҳо дараке намешавад. Боз ҳам мардуми аз ин мушкил солҳо дар ранҷбуда аз ҳар ҷо тахтапораю масолеҳ ҷамъ оварда, кӯпрукчаи дигари ларзонак месозанд, то баҳори дигар...
Гуфтан дар бораи ин пули ларзон осон аст. Аммо аз он гузаштан, ки болои дарёи пурталотум бо чӯбу симтурҳои хеле ноустувор сохта шудааст, на танҳо мушкил, балки даҳшатангез аст. Оё касе барои худ иҷозат медиҳад, ки аз ҳамин тавр кӯпруки хатарзо ба он сӯи соҳил гузарад? Вале бошандагони ин ҷо аз ноилоҷӣ солҳост чашм пӯшида, ҷон бар каф мегиранду тавассути он дар даст бору коло мегузаранд. Агар боз бемореро ба маркази ноҳия расондан хоҳанд, чӣ мушкиле онҳоро пеш меояд, худашон медонанду Худо.
Мусаллам аст, тариқи кӯпруке, ки як одам ба зӯр мегузарад, кашондани маҳсулот, аз ҷумла маҳсули дасти деҳқонон - картошкаю мевагиҳо, имконнопазир аст. Аксари заминҳои кишти бошандагони деҳаҳои Себзор, Озодагон ва Сугат дар мавзеи номбурда ҷойгиранд. Онҳо алъон ҳайронанд, ки ба кадом роҳ ба сари замини кишташон трактор баранд ва ё тухмию пору кашонанд. Пас, кишоварзони ин ҷо дар чунин ҳолат барои фурӯши маводашон ва пеш бурдани зиндагӣ чӣ кор кунанд?
Аз суҳбат бо сокинон бармеояд, ки аз сабаби набудани кӯпруки ба қалбе дилпури замонавӣ кишоварзони ин ҷо маҳсулоташонро ба пуррагӣ фурӯхта наметавонанд ва дар анборҳо пӯсида нобуд мешавад. Бинобар ин, чанд сол аст, ки садҳо гектар замини ҳосилхези минтақаи Сугати ноҳия - яке аз беҳтарин ҷойҳои зироаткорию чорводорӣ бекор хобидаанд. Дар минтақаи номбурда садҳо гектар замини обӣ, ҳазорҳо гектар чарогоҳ мавҷуд аст.
- Картошкаро бо мошинҳо ба соҳили дарё оварда, сипас пуштора тариқи кӯпрукча ба қавле то ба ободӣ мерасонем. Баъд аз ин, мошинҳои калони боркаш маҳсулотамонро мехаранд. Ҳолати нобудии роҳ борҳо меҳнати шабонарӯзии мо - бошандагони ин деҳаро ба боди фано додааст, - изҳор дошт Неъматулло Аюбов, сокини Ҷамоати деҳоти Сурхоб.
Собиқ директори хоҷагии «60-солагии октябр» Мирзовалӣ Рӯзиев, изҳор дошт, ки дар замони мавҷуд будани роҳу кӯпруки обод аз майдонҳои кишти мавзеи Сугат бештар аз 2 ҳазор тонна картошка гирифта мешуд ва саршумори моли майдаи хоҷагӣ 15 ҳазор сарро ташкил медод.
- Вале бероҳӣ имрӯз монеи кори кишоварзон гардидааст. Минтақаи номбурда ба макони касногузар табдил ёфтааст. Ҳол он ки рӯду чашмаҳои фаровоне ин ҷо ҷорист. Тақрибан 12 сол қабл барои обёрии 300 гектар замини бекорхобидаи Сугат лоиҳаи сохтмони хати оби полизӣ маблағгузорӣ гардида буд, аммо коре анҷом наёфт. Боз валангор гардидани пул ва роҳи мошингарди он ба имкониятҳои мавҷудаи истеҳсолоти кишоварзӣ дар ин ҷо зарари бисёр расонд. Сокинонаш аз идомаи картошкапарварӣ дилсард шуда, ин минтақаи басо хушбоду ҳаво ва зархезро тарк намуда истодаанд, - нигаронӣ намуд Мирзовалӣ Рӯзиев.
Ба гуфтаи Аъзам Ғафуров, раиси Ҷамоати деҳоти Сурхоб, барзгарон дар минтақаи Сугат назар ба гӯшаҳои дигари ноҳия ҳосили аз ҳама баланди картошка мегиранд. Агар дар минтақаҳои дигар ҳосилнокии миёна аз як гектар 200 – 220 сентнер бошад, дар минтақаи Сугат ин нишондиҳанда 300 – 350 сентнерро ташкил медиҳад. Ҳамчунин, ин мавзеъ беҳтарин макони чорводорист. Барои сохтмони як пули мустаҳкаму устувор ва 9 километр роҳи мошингард Файзулло Баротзода, раиси ноҳия, талоши зиёд анҷом дода истодааст. Хуб мешуд, ки масъулони вазорату идораҳои дахлдор ҳам сари ин масъалаи ҳаётан муҳим чораи амалӣ андешанд, - изҳор намуд ӯ.
Тавре аз гуфтаҳои бошандагони ин гӯшаи зебои Ватан бармеояд, Сугат на фақат ба кӯпруки мошингузар эҳтиёҷ дорад, балки ин ҷо ҳамчун минтақаи муҳими кишоварзӣ бояд аз мушкили бероҳию набудани пули мошингузар ҳарчи зудтар халос шавад. Имконияти истеҳсоли ҳазорҳо тонна картошка, мева, ғалла ва парвариши даҳҳо ҳазор чорво аз даст берун мондааст. Бошандагонаш дар азоб.
Дар зарфи 5 соли охири бероҳӣ дар ин ҷо масъулони Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ ҳадди ақал чӣ гуна ва аз кадом қисмати муносиб сохтани кӯпруку роҳи мошингардро муайян накардаанд, чи расад ба таҳияи лоиҳаи хуби сохтмони он. Аз ин бармеояд, ки масъулони соҳа вобаста ба тақдири пулу роҳи мошингузари деҳоти Сугат ҳанӯз ҳам хунукназарӣ зоҳир менамоянд.
Пас, чӣ гуна бунёди як пули мустаҳками тобоварро аз онҳо интизор шавем? Воқеан, Азим Иброҳим, вазири нақлиёти кишвар аз маблағгузорӣ гардидани лоиҳаи сохтмони пул ваъда дод. Бовар дорем, ки ин дафъа ваъда ба воқеият мубаддал мешавад ва ҷои ин ҳолати ҳузнангезро манзараи фараҳбахшу киштзорони хурраму созандагиҳо мегирад.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 28.03.2022 №: 58 - 59 Мутолиа карданд: 2290