иҷтимоиёт
КӮЛОБ. АВЛАВИЯТ БА СОЛИМИИ ОИЛА
Солҳои охир афзоиши бекоршавии ақди никоҳ дар байни ҷавонон боиси нигаронии аҳли ҷомеа гардидааст. Ин масъалаи мубрами рӯз, аз ҷумла дар шаҳри Кӯлоб низ, ҳамвора мавриди баррасӣ қарор мегирад. Марям Саймуминзода, мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳр, изҳор дошт, ки оила рукни асосии давлату давлатдорӣ буда, пойдевори асосии ҷамъият ба шумор меравад. Ин пойдевор танҳо дар сурати муоширати хуби хонаводагӣ, ҳамдигарфаҳмии аҳли оила, ишқу муҳаббат, иззату эҳтироми якдигар ва оқилона бартараф намудани мушкилоти иҷтимоӣ мустаҳкам мешавад.
Ба андешаи номбурда, тайёр кардани ҷавонон ба ҳаёти мустақилу оиладорӣ яке аз қисмҳои муҳимтарини тарбия ба ҳисоб меравад.
– Яъне, омода намудани ҷавонон ба оиладорӣ вазифаи асосии хонавода, мактаб ва аҳли ҷамъиятчигии ҷомеа мансуб меёбад. Зеро ба уҳдаи зан-модар, ки меҳвари асосии ҳар хонадон аст, дар қадами аввал вазифаи басо муқаддасу масъулиятнок тарбияи насли нав ва дар ниҳоди ӯ ҷойгир намудани ахлоқи ҳамида, раҳму шафқат, муҳаббат, эҳсоси ватанпарварию меҳнатдӯстӣ гузошта шудааст. Таҷрибаи зиндагӣ исбот сохтааст, ки барои бунёди оилаи солим маърифати комил доштан зарур меояд. Оилаи солим аз навхонадорон омодагии ҷиддии равонию ҷисмонӣ, маънавӣ ва иқтисодиро талаб мекунад. Мутаассифона, баъзе ҷавононе, ки оила барпо менамоянд, ба зиндагии мустақил омода нестанд. Таҷрибаи рӯзгор нишон медиҳад, ки сабабҳои пошхӯрӣ ва вайроншавии оилаҳои ҷавон ин бармаҳал хонадор шудан, тайёр набудани онҳо ба ҳаёти мустақилона, маърифати паст, дахолати падару модар ё хусуру хушдоман ба зиндагии фарзандон, безурётӣ, никоҳи хешутаборӣ, бекорию муҳоҷирати меҳнатӣ мебошад. Ҳамчунин, истифодаи нодурусти телефонҳои мобилӣ ва гирифтани шаҳрвандии давлатҳои хориҷӣ низ омили пошхӯрии оилаҳои ҷавон мегардад.
Мувофиқи талаботи моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» чанд сол боз бастани ақди никоҳ байни хешовандони наздик, аз қабили фарзанди бародарон, хоҳарон, бародару хоҳар, тағо, ҷиян, амак, бародарзода, хола ва хоҳарзода қатъиян манъ аст. Чунки аз ин оилаҳо фарзандони носолим ва маъюб ба дунё омада, боиси ҷудошавии онҳо мегарданд, - гуфт Марям Саймуминзода.
Тавре ҳамсуҳбати мо иброз дошт, дар шаҳри Кӯлоб масъулони сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар асоси талаботи соҳа дар ҳамбастагӣ бо фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва бахши кор бо занон ва оила сурат мегирад. Онҳо якҷо бо сархатибони масҷидҳои ҷомеъ, равоншиносон, зиёиён ва пирони муътабару омӯзгорони ботаҷриба оид ба пешгирии ҷудошавии оилаҳо дар байни аҳолӣ, соли сипаригашта суҳбату вохӯриҳои зиёд доир намуданд. Ин суҳбатҳо натиҷаҳои хуб ба бор оварданд, зеро 10 оилаи дар ҳолати вайроншавӣ қарордошта барқарор ва ба зиндагии босаодат баргардонда шуд.
Дар вохӯриҳо бештар таъкид мегардад, ки аз никоҳи хешутаборӣ пешгирӣ шавад, то навхонадорон ҳаёти худу фарзандонро доғдор насозанд. Зеро тибқи андешаи мутахассисони соҳаи тандурустӣ, тақрибан 20-25 дарсади таваллуди кӯдакони маъюб аз никоҳи хешутаборӣ сарчашма мегирад. Барои пешгирии ин раванд дар шаҳр ба гузаштани муоинаи ҳатмии тиббии шахсони никоҳшаванда диққати махсус медиҳанд.
- Муоинаи тиббии пешакӣ барои фароҳам овардани шароити зарурӣ дар ташаккули оилаи солим, пешгирии таваллуди кӯдакони маъюб ва бемориҳои ба ирсият асосёфта гузаронда мешавад. Ин муоина барои навхонадорон комилан ройгон мебошад. Аммо сарфи назар аз чорабиниҳои амалигашта, ҳоло ҳам вазъият дар ин самт нигаронкунанда боқӣ мемонад. Мувофиқи маълумотҳои оморӣ, соли 2021 дар САҲШ-и шаҳр 1924 ақди никоҳ ба қайд гирифта шудааст. Бекоршавии ақди никоҳ дар ин давра 240 ададро ташкил дод. Ба истиснои оилаҳое, ки солҳои зиёд фарзанд наёфтаанд ё аз никоҳи хешутаборӣ фарзандони маъюб таваллуд кардаанд, бо аризаи тарафайн 70 оила ақди никоҳро бекор кард. Инчунин, 170 оилаи дигар бо ҳалномаи суд барҳам дода шуд.
Масъулони бахши САҲШ минбаъд низ ташаккул бахшидани маърифати оиладории ҷавонон, танзими муносибатҳои тарафайн, тарбияи маънавӣ ва ахлоқии фарзандон дар оила, қабул ва баррасии саривақтии муроҷиатҳои шаҳрвандонро дар меҳвари фаъолияти худ қарор медиҳанд, - бо итминон гуфт Марям Саймуминзода.
Холназар КАСИРОВ,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 28.03.2022 №: 58 - 59 Мутолиа карданд: 781