Хабарҳо
СУҒД. 145 КОРХОНАИ НАВИ САНОАТӢ БУНЁД МЕШАВАД
Таҳти раёсати раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иҷлосияи даҳуми маҷлиси вакилони халқи вилоят, даъвати шашум баргузор гашт. Дар он иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 2020, №293 “Дар бораи Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025”, дар бораи ворид намудани тағйирот ба буҷети вилоятӣ барои соли 2022 ва ҳисоботи комиссияи доимии маҷлиси вакилони халқи вилоят оид ба масъалаҳои сиёсати сармоягузорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Муовини якуми раиси вилоят Хол Ҳайдар иттилоъ дод, ки барои амалӣ гардондани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» бо қарори раиси вилоят нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2020-2025 иборат аз 9 банду 43 зербанд таҳия ва тасдиқ шудааст.
Гуфта шуд, ки соли 2021 дар вилоят 122 корхонаву коргоҳи нав, бо 3056 ҷойи кор таъсис дода шуд. Корхонаҳо, асосан, дар соҳаҳои саноати химия, маъдан, масолеҳи бинокорӣ, хӯрокворӣ ва сабук таъсис ёфта, барои таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ ва воридотивазкунанда мусоидат намуданд.
Соли рафта ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 20,9 миллиард сомонӣ расонда шуд. Суръати рушди саноат бо нархҳои амалкунандаи корхонаҳо ба 136,7 фоиз ва бо назардошти индекси нархҳо бошад, ба 131,3 фоиз баробар гашт.
Дастовардҳо имкон доданд, ки раванди афзоиши саҳми вилоят дар ташаккулёбии маҷмуи маҳсулоти саноатии кишвар идома ёфта, ҳиссаи саноати вилоят ба 55 фоиз баробар шавад.
Ба масъулон дастур дода шуд, ки баҳри иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи чорабиниҳо дар вилоят корбариро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда, дар хусуси таъмини нақша ва иҷрои босифати барнома тамоми имкониятҳои мавҷударо сафарбар намоянд ва барои ҳарчи зудтар ноил шудан ба ҳадафи чоруми стратегӣ - саноатикунонии босуръати кишвар тадбирҳои судманд андешанд. Тибқи нақша соли равон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 145 корхонаи нави саноатӣ бунёд хоҳад шуд.
Раиси вилоят барои таъмини фаъолияти мунтазами корхонаҳои саноатӣ, дар ҳамбастагӣ бо сохторҳои масъули вилоятӣ ва вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати сари вақт ҷудо намудани қитъаҳои замин барои бунёди минтақаҳои саноатӣ, то 130 фоиз таъмини афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилоят дар соли равон, ба кор даровардани иқтидорҳои нав ва корхонаҳои аз фаъолият бозмонда, истеҳсоли маҳсулоти саноатии рақобатпазири воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда ба раисони шаҳру ноҳияҳо ва сохторҳои вилоятӣ супоришҳо дод.
Нигина РАҲМОН,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 805