logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАХИРАҲОИ ГЕНЕТИКӢ

 
Қонуни мазкур асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодии фаъолият дар соҳаи захираҳои генетикиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда, ба дастрасӣ ва ҳифзи растаниҳо, ҳайвонот ва микроорганизмҳо, ҳамчун намунаҳои захираҳои генетикӣ, равона шудааст. 
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ 
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
1) арзёбии маҷмуии намунаҳо – таҳқиқоти саҳроӣ ва озмоишгоҳии намунаҳои захираҳои генетикии растаниҳо, ҳайвонот ва микроорганизмҳо (минбаъд - захираҳои генетикӣ), ки ба мақсади гирифтани маълумот дар бораи сохти генетикӣ, тавсиф, афзоиш ва имконияти истифодаи онҳо амалӣ карда мешавад; 
2) бонки захираҳои генетикӣ – захира кардан ва нигоҳдории тухмиҳои навъу намудҳои (нутфаи зотҳои) арзишманд, нодир, камшумор, нобудшаванда ё зери хатари нобудшавӣ қарордоштаи захираҳои генетикӣ; 
3) генофонд – маҷмуи омилҳои ирсият, ки дар намуди захираи генетикӣ ё гурӯҳи намудҳои захираи генетикӣ мавҷуд мебошанд; 
4) донишҳои анъанавӣ оид ба захираҳои генетикӣ – дониш, сирри истеҳсолӣ, малака, навгонӣ ё таҷрибае, ки аз насл ба насл мегузаранд ва тарзи ҳаёти анъанавии сокинони маҳал, ё иттиҳодияҳои онҳоро оид ба захираҳои генетикӣ ташкил медиҳанд;
5) захираҳои генетикӣ – организмҳо ё қисмҳои онҳо, таҳаввулот ва ҷузъиёти дигари биотикии системаҳои экологӣ, ки барои инсон арзиши воқеӣ ва (ё) имконпазир дошта, барои таҳқиқотҳои илмӣ ва гирифтани фоида аз онҳо истифода мешаванд;
6) захираҳои генетикии ҳифзшаванда (EX - SITU) – ҷузъиёти гуногунии биологӣ, ки онҳо берун аз муҳити зист бо роҳи ташкили коллексияҳо ва бонки захираҳои генетикӣ, зиёд ва паҳн кардани растанӣ дар табиат ё парвариши ҳайвоноти ваҳшӣ дар объектҳои махсус нигоҳ дошта мешаванд; 
7) организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта – организм ва генотипҳое, ки бо усулҳои инженерияи генӣ бо таври сунъӣ тағйир дода шудаанд;
8) захираҳои генетикии ин-ситу (IN-SITU) – мавҷудияти захираҳои генетикии дар шароити табиӣ ва ё намудҳои дар муҳити махсус парваришшавандаи онҳо, ки хосиятҳои фарқкунандаи худро соҳиб гардидаанд; 
9) истифодаи устувори гуногунии биологӣ – истифодаи ҷузъиёти гуногунии биологӣ бо назардошти манфиатҳои ҷомеа ва нигоҳ доштани мувозинати экологӣ; 
10) коллексияҳои захираҳои генетикӣ – маҷмуи намунаҳои захираҳои генетикӣ, ки интихобӣ ё бо усулҳои омӯзиши ирсиятҳои фарқкунанда ба мақсади истифода дар корҳои илмӣ, селексионӣ, таълимӣ, иҷрои дигар корҳо бо низоми ягона ҷамъоварӣ карда шудаанд; 
11) маводи генетикӣ – ҳар гуна маводи аз растанӣ, ҳайвонот ва микроорганизмҳо ҳосилшаванда, ки дорои воҳидҳои функсионалии ирсият мебошад;
12) намунаи захираи генетикӣ – растанӣ, ҳайвонот ва микроорганизмҳо, инчунин, қисмҳои зиндаи онҳо, ки барои ба даст овардани организм ё организмҳои ба як намуд, ё таксони дохилинамудӣ мансуббуда истифода мешаванд ва ҷузъи коллексияи захираҳои генетикӣ, воҳиди асосӣ барои нигоҳдорӣ, омӯзиш ва истифода дар корҳои илмӣ, селексионӣ, таълимӣ ва барои дигар мақсадҳо ба ҳисоб меравад; 
13) намунаҳои коллексияҳои захираҳои генетикӣ – намунаҳои захираҳои генетикӣ, аз ҷумла захираҳои генетикии миллӣ ва байналмилалӣ, ки бо мақсади таҳқиқот ва истифода дар барномаҳои илмӣ дар байни истифодабарандагони муассисаҳои гуногун паҳн карда мешаванд; 
14) таҳқиқоти биологӣ – ҷустуҷӯ ва ҷамъоварии захираҳои генетикӣ дар муҳити табиии нумӯи онҳо ё парваришгоҳҳо, ки бо мақсади пурра кардани коллексияҳои захираҳои генетикӣ гузаронда мешавад; 
15) шиносномаи генетикӣ – ҳуҷҷате, ки аз тарафи озмоишгоҳи ташхиси генетикӣ бо сабти маълумот оид ба ирсиятҳои фарқкунандаи растаниҳо, ҳайвонот, микроорганизмҳо, шумораи намуна, номҳои биологию илмӣ, санаи ворид кардан ба коллексияи захираҳои генетикӣ, мансубияти ҷуғрофӣ ва тасвири онҳо ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дода мешавад.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи захираҳои генетикӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи захираҳои генетикӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Доираи амали Қонуни мазкур
1. Қонуни мазкур нисбат ба муносибатҳо вобаста ба захираҳои генетикии ҳифзшавандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва донишҳои анъанавӣ оид ба онҳо татбиқ мегардад. 
2. Қонуни мазкур нисбат ба муносибатҳо вобаста ба захираҳои генетикӣ ва организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта, инчунин истифодаи узв ва бофтаҳои бадани инсон татбиқ намегардад. 
3. Қонуни мазкур нисбат ба муносибатҳо оид ба дастрасӣ ба захираҳои генетикӣ ва тақсимоти фоида аз истифодаи онҳо, ки мутобиқи санадҳои ҳуқуқи байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон танзим мешаванд, татбиқ намегардад.
Моддаи 4. Сиёсати давлатӣ дар соҳаи захираҳои генетикӣ 
Сиёсати давлатӣ дар соҳаи захираҳои генетикӣ ҳамчун қисми таркибии сиёсати иқтисодию иҷтимоии давлат барои ҳифз, ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, омӯзиш ва истифодаи оқилонаи онҳо бо мақсади таъмини амнияти иқтисодӣ, озуқаворӣ ва экологӣ равона карда мешавад.
Моддаи 5. Объектҳои захираҳои генетикии ҳифзшаванда
1. Ба объектҳои захираҳои генетикии ҳифзшаванда инҳо дохил мешаванд:
1) олами набототу ҳайвонот, аз ҷумла тамоми намудҳои гуногунии биологии экосистемаҳои табиӣ, инчунин фонди генетикии онҳо;
2) намудҳои набототи корам ва зотҳои ҳайвоноти кишоварзӣ.
2. Намуди набототи корами ҳифзшаванда метавонад аз якчанд растанӣ, қисм ё якчанд қисмҳои алоҳида иборат бошад, ки дар оянда дар заминаи онҳо намуди нав ва пурарзиши растанӣ ба вуҷуд оварда мешаванд. Ба гурӯҳҳои нав намуди клонӣ, авлодӣ, гибриди насли якум тухмиҳои растаниҳои ҷангал ва растаниҳои табиӣ ҳудуди муайян дохил мешаванд.
3. Ба зотҳои ҳифзшавандаи ҳайвоноти кишоварзӣ авлод, кросс, генофонди зоти камшумор ва гурӯҳҳои дохилизотӣ дохил мешаванд. 
4. Намунаҳои баъзе захираҳои генетикӣ дар асоси принсипи «қуттии сиёҳ» барои таъмини эминии онҳо дар ҳолатҳои ғайричашмдошт ё фавқулодаи табиӣ нигоҳдорӣ карда мешаванд.
Моддаи 6. Принсипҳои асосии ҳифз ва истифодаи захираҳои генетикӣ
Ба принсипҳои асосии ҳифз ва истифодаи захираҳои генетикӣ мансубанд:
1) асоснокии илмии ҷанбаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ дар ташаккул, ҳифз ва истифодаи захираҳои генетикӣ;
2) авлавияти ҳифзи захираҳои генетикии махсусан пурарзиш;
3) мониторинги вазъи ҳифз ва истифодаи захираҳои генетикӣ;
4) баҳисобгирии захираҳои генетикӣ бо мақсади таъмини талаботи иҷтимоии аҳолӣ;
5) ҳавасмандгардонии таҳқиқотҳои илмӣ оид ба ҳифз, ҷамъоварӣ ва истифодаи самараноки захираҳои генетикӣ;
6) алоқамандии чораҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, илмӣ, молиявӣ ва иттилоотӣ дар омӯзиш, баҳодиҳӣ, ҳифз ва истифодаи захираҳои генетикӣ;
7) дастрасӣ ба намунаҳо ва иттилоот дар бораи захираҳои генетикӣ;
8) таъмини иштироки шаҳрвандон ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар ҳалли масъалаҳои марбут ба ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳои генетикӣ.
Моддаи 7. Ҳуқуқи моликият ба захираҳои генетикӣ
1. Давлат ба захираҳои генетикии дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷудбуда ҳуқуқи истисноии моликият дорад.
2. Намунаҳои коллексияҳои захираҳои генетикӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд дар моликияти давлатӣ ё хусусӣ бошанд.
3. Ҳуқуқи моликият ба коллексияҳои захираҳои генетикии таъиноти байналмилалидошта дар асоси созишномаҳои байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, муайян карда мешавад. 
БОБИ 2. ТАНЗИМИ ДАВЛАТИИ ФАЪОЛИЯТ ДАР СОҲАИ 
ЗАХИРАҲОИ ГЕНЕТИКӢ
Моддаи 8. Вазифаҳои танзими давлатии фаъолият дар соҳаи захираҳои генетикӣ 
Вазифаҳои танзими давлатии фаъолият дар соҳаи захираҳои генетикӣ аз инҳо иборат мебошанд:
1) такмили низоми муносибатҳои ҷамъиятӣ оид ба нигоҳдории дарозмуддат, омӯзиш ва истифодаи оқилонаи коллексияҳои захираҳои генетикӣ;
2) ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ, субъектҳои хоҷагидор, муассисаҳои илмӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон оид ба ҳифз ва истифодаи захираҳои генетикӣ; 
3) таъмини фаъолият вобаста ба ташаккул, бақайдгирӣ, нигоҳдории дарозмуддат, омӯзиш ва истифодаи коллексияҳои захираҳои генетикӣ ва намунаҳои онҳо;
4) мониторинги раванди ҳифз, ҷамъоварӣ, нигоҳдории дарозмуддат ва истифодаи захираҳои генетикӣ дар муҳити табиӣ ва парвариши онҳо; 
5) мусоидат ба омӯзиши ҳамаҷониба ва истифодаи устувори захираҳои генетикӣ дар муҳити табиӣ. 
Моддаи 9. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи захираҳои генетикӣ
Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи захираҳои генетикӣ мансубанд: 
1) татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба ҳифз ва истифодаи захираҳои генетикӣ;
2) муайян намудани мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи захираҳои генетикӣ;
3) таъсиси Маркази миллии захираҳои генетикӣ;
4) тасдиқи барномаҳои давлатӣ ва байнидавлатӣ оид ба истифодаи оқилонаи захираҳои генетикӣ;
5) тасдиқи тартиби истифодаи коллексияҳои захираҳои генетикӣ ва пешбурди Феҳристи миллии намунаҳои коллексияҳои захираҳои генетикӣ;
6) тасдиқи регламентҳои техникии ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва истифодаи захираҳои генетикӣ;
7) муайян намудани самтҳои асосии ҳамкориҳои байналмилалӣ;
8) амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 10. Мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи захираҳои генетикӣ 
1. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист оид ба захираҳои генетикӣ ваколатҳои зерин дорад:
1) амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи захираҳои генетикӣ;
2) таҳияи дурнамо, стратегия, консепсия, барнома ва нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳифз ва истифодаи захираҳои генетикӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти дахлдори давлатӣ дар татбиқи онҳо; 
3) ташкил ва гузаронидани мониторинги ҳолати захираҳои генетикӣ;
4) таҳияи регламентҳои техникӣ оид ба ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва истифодаи захираҳои генетикӣ;
5) таҳияи механизми дастрасӣ ба намудҳои захираҳои генетикӣ, донишҳои анъанавӣ оид ба захираҳои генетикӣ, инчунин тақсимоти одилонаи фоида аз истифодаи онҳо; 
6) баррасии дархостҳо, муқаррар намудани квота, муҳлат ва тарзи ҷамъоварии захираҳои генетикӣ;
7) амалӣ намудани ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи захираҳои генетикӣ;
8) таҳия ва тасдиқи усулҳо, шартҳои дастрасӣ, ҳифзи дарозмуддату бехатари генофонди миллии растаниҳо ва ҳайвонот; 
9) амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ оид ба захираҳои генетикӣ ваколатҳои зерин дорад:
1) ташаккули бонки захираҳои генетикӣ;
2) ташкили Феҳристи миллии намунаҳои коллексияҳои захираҳои генетикӣ;
3) ташкил ва гузаронидани мониторинги ҳолати истифодаи набототи корам ва ҳайвоноти кишоварзӣ;
4) ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ҳангоми гузаронидани таҳқиқотҳои илмӣ дар корхонаҳои (хоҷагиҳои) зотпарварӣ ва тухмипарварӣ;
5) татбиқи чорабиниҳо оид ба барқароркунии намунаҳои захираҳои генетикӣ ва васеъ кардани минтақаҳои паҳншавии онҳо дар кишвар;
6) таҳияи механизми дастрасӣ ба навъҳои маҳаллии растаниҳо ва зотҳои ҳайвоноти кишоварзӣ;
7) андешидани тадбирҳо оид ба таъмини мутаносибии миқдор ва тақсимоти намудҳои растаниҳо ва ҳайвонот дар минтақаҳои кишвар;
8) таъмини шароит ҷиҳати дастрасии иттилоот оид ба донишҳои анъанавӣ дар бораи захираҳои генетикӣ; 
9) ба роҳ мондани ҳамкориҳои байналмилалӣ дар гузаронидани таҳқиқотҳои илмӣ оид ба ҳифз ва истифодаи навъҳои растании корам ва ҳайвоноти кишоварзӣ;
10) дастгирии усулии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, субъектҳои хоҷагидор, аз ҷумла хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) оид ба ҳифзи навъҳои маҳаллии растаниҳо ва зотҳои ҳайвоноти кишоварзӣ;
11) амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон. 
3. Мақоми ваколатдори давлатии соҳаи хоҷагии ҷангал оид ба захираҳои генетикӣ ваколатҳои зеринро дорад:
1) назорати истифодаи захираҳои генетикӣ дар фонди ягонаи ҷангал ва объектҳои обии соҳаи хоҷагии ҷангал;
2) ташкили корҳо оид ба нигоҳдорӣ ва баланд бардоштани маҳсулнокии биологии шикоргоҳҳо ва барқарорсозии ҷангалҳо бо мақсади барқароркунии генофонди захираҳои генетикӣ;
3) иштирок дар барқароркунии намунаҳои захираҳои генетикӣ ва васеъ кардани минтақаҳои паҳншавии онҳо дар заминҳои фонди давлатии ҷангал;
4) пешгирӣ кардани қочоқи намунаҳои олами ҳайвоноти нодир, мусодира, ташкили нигоҳдорӣ ва ба шароити зисти табиӣ баргардонидани онҳо;
5) таъмини мутаносибии миқдорӣ ва тақсимоти намудҳои растаниҳо ва ҳайвонот дар заминҳои фонди давлатии ҷангал; 
6) амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон. 
Моддаи 11. Ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи захираҳои генетикӣ
Ба ваколатҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи захираҳои генетикӣ мансубанд:
1) амалисозии чорабиниҳо оид ба пешгирии дастрасии беиҷозати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба ҷузъиёти гуногунии биологии маҳаллӣ;
2) маҳдуд ва (ё) манъ намудани ҷамъоварӣ ва истифодаи захираҳои генетикии маҳаллӣ;
3) дастгирии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, субъектҳои хоҷагидор, аз ҷумла хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва аҳолӣ дар амалисозии чораҳо оид ба ҳифзи гуногунии биологӣ ва истифодаи самараноки онҳо дар истеҳсолот; 
4) амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон. 
Моддаи 12. Ваколатҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар соҳаи захираҳои генетикӣ
Ба ваколатҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар соҳаи захираҳои генетикӣ мансубанд:
1) иштирок дар амалисозии чорабиниҳо оид ба пешгирии дастрасии мустақилонаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба ҷузъиёти гуногунии биологӣ;
2) иштирок дар чорабиниҳо оид ба маҳдуд ва (ё) манъ намудани ҷамъоварӣ ва истифодаи захираҳои генетикӣ;
3) дастгирии хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва аҳолӣ дар амалисозии чораҳо оид ба ҳифзи гуногунии биологӣ; 
4) амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон. 
Моддаи 13. Маркази миллии захираҳои генетикӣ 
1. Маркази миллии захираҳои генетикӣ ташкилоти илмию таҳқиқотии махсусгардондашуда буда, фаъолияти худро оид ба нигоҳдорӣ ва истифодаи коллексияҳои захираҳои генетикӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳад. 
2. Маркази миллии захираҳои генетикӣ вазифаҳои зеринро иҷро мекунад:
1) пешбурди бонки захираҳои генетикӣ, ташаккул ва такмили коллексияҳои захираҳои генетикӣ; 
2) пешбурди Феҳристи миллии намунаҳои коллексияҳои захираҳои генетикӣ;
3) гузарондани экспертизаи маълумоти шиносномаҳои генетикӣ ва баҳодиҳии намунаҳои коллексияҳои захираҳои генетикӣ; 
4) санҷиши намунаҳои коллексияҳои захираҳои генетикӣ бо мақсади муайян кардани сатҳи таҳқиқотҳои гузарондашудаи намунаҳои мазкур;
5) бақайдгирии коллексияи захираҳои генетикӣ, ки намунаҳои онҳо барои истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ ва дар соҳаи кишоварзӣ истифода мешаванд; 
6) банақшагирӣ ва амалисозии фаъолияти ҷустуҷӯии биологӣ ва тадбирҳо оид ба ҷамъоварӣ ва омӯзиши захираҳои генетикӣ;
7) таҳияи дастурҳои методӣ оид ба ҷамъоварӣ ва нигоҳдории намунаҳои коллексияҳои захираҳои генетикӣ ва тартиби дастрасӣ ба онҳо; 
8) ташкили ҳифз ва нигоҳдории дарозмуҳлати намунаҳо дар коллексияҳои захираҳои генетикӣ; 
9) ҳамоҳангсозии фаъолияти соҳибони коллексияҳои захираҳои генетикӣ оид ба ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва истифодаи захираҳои генетикӣ;
10) ҷалби муассисаҳои илмию истеҳсолӣ барои омӯзиши захираҳои генетикӣ; 
11) ҳамкорӣ бо соҳибони коллексияҳои захираҳои генетикӣ ва дастгирии иттилоотию машваратии онҳо;
12) иштирок дар ҳамкориҳои байналмилалӣ оид ба ҳифз ва истифодаи захираҳои генетикӣ;
13) иҷрои вазифаҳои дигар дар соҳаи захираҳои генетикӣ мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
БОБИ 3. ДАСТРАСӢ ВА ИСТИФОДАИ 
ЗАХИРАҲОИ ГЕНЕТИКӢ
Моддаи 14. Дастрасӣ ба захираҳои генетикӣ ва тақсимоти фоида аз истифодаи онҳо
1. Дастрасӣ ба захираҳои генетикӣ ва тақсимоти фоида аз истифодаи онҳо дар асоси шартномаи байни таҳвилгарон ва истифодабарандагон басташуда амалӣ карда мешаванд. 
2. Дастрасӣ ба захираҳои генетикӣ, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон хосиятҳои фарқкунандаи худро соҳиб гардидаанд ё дар асоси Конвенсияи гуногунии биологӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудаанд, бо риояи шартҳои зерин амалӣ карда мешавад:
1) ризоияти соҳибони захираҳои генетикӣ;
2) дастрасӣ ба захираҳои генетикӣ ва тақсимоти фоида аз истифодаи онҳо;
3) таъмини иҷрои шартҳои мувофиқашуда аз ҷониби тарафҳо;
4) таҳвили маводи генетикӣ дар асоси созишномаи иловагӣ.
3. Фоида аз истифодаи захираҳои генетикӣ метавонад натиҷаҳои таҳқиқотҳои якҷоя ва корҳои иҷрошударо оид ба истифодаи захираҳои генетикӣ, таҳвили технологияҳои истифодаи чунин захираҳо ва иштирок дар таҳқиқотҳои биотехнологиро дар бар гирад. 
4. Тақсимоти фоида аз истифодаи захираҳои генетикӣ дар ҳолати ба роҳ мондани истеҳсоли оммавии маҳсулоти аз онҳо ба даст овардашуда, метавонад дар шакли пулӣ амалӣ карда шавад.
Моддаи 15. Дастрасӣ ва истифодаи донишҳои анъанавӣ оид ба захираҳои генетикӣ
1. Дастрасӣ ба донишҳои анъанавӣ оид ба захираҳои генетикӣ дар асоси ризоият ва шартҳои бо сокинони маҳал ё иттиҳодияҳои онҳо мувофиқашуда амалӣ карда мешавад.
2. Тартиби ягонаи эътироф кардани донишҳои сокинони маҳал ё иттиҳодияҳои онҳо ҳамчун донишҳои анъанавӣ оид ба захираҳои генетикӣ, инчунин қоидаву талаботи меъёрӣ оид ба дастрасӣ ва истифодаи донишҳои мазкурро дар асоси пешниҳоди мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи захираҳои генетикӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
3. Мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи захираҳои генетикӣ якҷоя бо сокинони маҳал ё иттиҳодияҳои онҳо истифодаи мақсаднок ва оқилонаи донишҳои анъанавӣ оид ба захираҳои генетикиро ташкил менамоянд.
4. Ҳангоми дастрасӣ ва истифодаи донишҳои анъанавӣ оид ба захираҳои генетикӣ истифодабарандагони донишҳои анъанавӣ уҳдадоранд талаботи меъёрҳои одоби касбиро риоя намоянд.
Моддаи 16. Таҳвилгарон ва истифодабарандагони намунаҳои захираҳои  генетикӣ ва донишҳои анъанавӣ 
1. Таҳвилгарони намунаҳои захираҳои генетикӣ ва донишҳои анъанавӣ дар асоси шартҳои мувофиқашуда барои дастрасӣ ва истифодаи онҳо мутобиқи муқаррароти Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамоянд. 
2. Таҳвилгарони намунаҳои захираҳои генетикӣ ва донишҳои анъанавӣ, ки маълумоти пурарзишро оид ба хусусиятҳои махсусу фоиданоки захираҳои генетикӣ ё донишҳои анъанавӣ барои таҳвил истифода менамоянд, иштироки сокинони маҳал ё иттиҳодияҳои онҳоро ҳангоми мувофиқасозии шартҳои дастрасӣ ва тақсимоти фоида аз истифодаи онҳо таъмин мекунанд.
3. Муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ ва таълимӣ, ташкилотҳои дигар, новобаста аз шакли моликият, ки дар соҳаҳои кишоварзӣ, илмию таҳқиқотӣ, истеҳсоли доруворӣ, маснуоти ороишӣ, биотехнология ва дигар соҳаҳо фаъолият менамоянд, истифодабарандагони захираҳои генетикӣ мебошанд.
4. Истифодабарандагони намунаҳои захираҳои генетикӣ ва донишҳои анъанавӣ барои ҷамъоварии онҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист бо нишон додани маълумоти зерин дархост пешниҳод менамоянд:
1) мақсади ҷамъоварӣ ва самти истифода; 
2) номгӯй ва миқдори захираҳои генетикии ҷамъоваришаванда;
3) муҳлат ва давомнокии ҷамъоварӣ;
4) возеҳ нишон додани хатсайрҳои ҷамъоварӣ;
5) дарҷ намудани фоидаи имконпазири истифода;
6) ба ихтиёри давлат мондани ҳиссаи баробари фоидаи имконпазир аз маводи генетикии ҷамъоваришуда;
7) фароҳам овардани имконият барои гузарондани таҳқиқоти илмӣ ва ҷалби мутахассисон барои татбиқи лоиҳаҳои ҳамкорӣ. 
5. Истифодабарандагони захираҳои генетикӣ, ки захираҳои мазкурро барои таҳқиқот ва офаридани маҳсулоти нав истифода мебаранд, дар тақсими одилонаи фоида масъул мебошанд.
6. Истифодабарандагони донишҳои анъанавӣ, ки маълумоти пурарзишро дар бораи хосиятҳои махсусу фоиданок ва истифодаи имконпазири захираҳои генетикӣ аз сокинони маҳал ё иттиҳодияҳои онҳо дастрас мекунанд, тақсимоти одилонаи фоидаи бадастомадаро таъмин менамоянд.
Моддаи 17. Маҳдудиятҳо дар ҷамъоварӣ, таҳқиқот, нигоҳдорӣ ва истифодаи захираҳои генетикӣ
1. Ҷамъоварӣ, таҳқиқот, нигоҳдорӣ ва истифодаи захираҳои генетикӣ ба мақсади ҳифзи манфиатҳои давлат, муҳити зист, объектҳои таърихӣ ва фарҳангӣ метавонанд бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд карда шаванд. 
2. Маҳдудиятҳо дар ҷамъоварӣ, таҳқиқот, нигоҳдорӣ ва истифодаи захираҳои генетикӣ дар асоси натиҷаҳои мониторинги онҳо ё пайгирии дарозмуддати дигаргуншавии генофонди захираҳои генетикӣ, арзёбӣ ва пешгӯии инкишофи онҳо аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист дар доираи ваколатҳояш ҷорӣ карда мешаванд.
Моддаи 18. Ҳифзи захираҳои генетикӣ 
1. Ҳифзи захираҳои генетикӣ бо риояи талаботи зерин амалӣ карда мешавад:
1) таъмини шароити ин-ситу барои нигоҳдории захираҳои генетикӣ;
2) таъмини дастрасии хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва сокинони маҳал ё иттиҳодияҳои онҳо ба захираҳои генетикӣ;
3) гузарондани таҳқиқотҳо дар хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва муҳити табиӣ ба мақсади муайян кардани таъсири омилҳои иҷтимоию иқтисодӣ ба захираҳои генетикӣ;
4) таъмини пешбурди корҳои селексионӣ ҷиҳати нигоҳдории захираҳои генетикӣ.
2. Ҳифзи захираҳои генетикӣ бо андешидани тадбирҳои зерин таъмин карда мешавад:
1) ҳифз ва барқароркунии захираҳои генетикӣ дар муҳити табиӣ;
2) ташкили ҳудудҳои махсус муҳофизатшавандаи табиӣ;
3) назорат, пешгирӣ ва кам кардани таъсири манфии технологияҳои дар соҳаи кишоварзӣ истифодашаванда;
4) кам кардани истифодаи воситаҳои кимиёвӣ, аз ҷумла пеститсидҳо;
5) маҳдуд намудани савдои намудҳои растаниҳо ва ҳайвоноти нодир, нобудшаванда ё таҳти хатари нобудшавӣ қарордошта;
6) ташкили парваришгоҳҳо;
7) ташаккули бонки захираҳои генетикӣ.
3. Ҳифзи захираҳои генетикии намудҳои нодир, нобудшаванда ва зери хатари нобудшавӣ қарордошта, ки барои системаҳои экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти муҳим доранд, тавассути татбиқи чорабиниҳои махсуси давлатӣ амалӣ карда мешавад. 
Моддаи 19. Барқароркунии генофонди захираҳои генетикӣ
1. Барқароркунии генофонди захираҳои генетикӣ дар асоси маҷмуи чорабиниҳо оид ба ҳифзи гуногунии биологӣ ва ба вуҷуд овардани муҳити мусоид барои инкишофи онҳо амалӣ карда мешавад, ки инҳоро дар бар мегирад:
1) истифодаи усулҳои маҷмуии барқароркунии муҳити табиӣ;
2) беҳтар намудани вазъи табиӣ ва сунъии биотсенозҳо;
3) таъмини ҳосилхезгардонии заминҳо;
4) нигоҳ доштани мувозинати экологӣ дар табиат;
5) такмили истифодаи ҳавзаҳои об;
6) баланд бардоштани сатҳи фарҳанг ва маърифати экологии аҳолӣ.
2. Барои барқароркунии генофонди захираҳои генетикӣ, аз ҷумла намудҳои нодир, нобудшаванда ё таҳти хатари нобудшавӣ қарордошта усулҳои зерин истифода мегарданд:
1) ташкили парваришгоҳҳои намудҳои нодири наботот ва ҳайвонот;
2) ташаккули коллексияҳои захираҳои генетикӣ барои истифода дар оянда;
3) истифодаи бонки захираҳои генетикӣ.
Моддаи 20. Иштироки шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, ҳифз ва истифодаи захираҳои генетикӣ 
1. Шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, ҳифз ва истифодаи захираҳои генетикӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок менамоянд. 
2. Шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ҳангоми ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, ҳифз ва истифодаи захираҳои генетикӣ ҳуқуқ доранд:
1) иттилоотро дар бораи ҳолати захираҳои генетикӣ аз мақомоти дахлдори давлатӣ дастрас намоянд;
2) дар чорабиниҳои оид ба ҳифзи захираҳои генетикӣ ва назорати истифодаи онҳо, инчунин дар таҳия ва татбиқи барномаҳои давлатӣ ва илмӣ оид ба ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, ҳифз ва истифодаи захираҳои генетикӣ иштирок намоянд;
3) бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон донишҳои анъанавӣ марбут ба захираҳои генетикиро истифода баранд ва дар тақсими одилонаи фоида аз онҳо иштирок намоянд.
Моддаи 21. Мониторинги захираҳои генетикӣ 
1. Мониторинги захираҳои генетикӣ ба мақсади гирифтани маълумот оид ба ҳолатҳои захираҳои генетикӣ, тағйирёбии хусусиятҳои ирсии онҳо дар муҳити табиӣ ё муҳити парвариши онҳо, арзёбӣ, пешгӯӣ ва интихоби тадбирҳои зарурӣ барои пешгирӣ кардани таъсири омилҳои табиӣ ва антропогенӣ ба захираҳои генетикӣ гузаронида мешавад.
2. Мониторинги захираҳои генетикӣ дар асоси риояи талаботи зерин гузаронида мешавад:
1) таъмини нигоҳдории гуногунии сохторӣ ва сифатии генофонди захираҳои генетикӣ;
2) баинобатгирии маҷмӯии маълумот оид ба тағйирёбии хусусиятҳои ирсии захираҳои генетикӣ барои интихоби генотипҳо;
3) истифодаи усулҳои мутақобилаи мукаммалсозанда, содагии нисбӣ ва такроршавӣ бо натиҷаҳои баланди ба ҳам вобаста.
3. Дар асоси натиҷаҳои мониторинги захираҳои генетикӣ усулу воситаҳои арзёбии инкишофи онҳо, пайдоиш ва ғуншавии моддаҳои заҳрнок (зараровар) дар муҳити сунъӣ ва (ё) табиӣ, омӯзиши таъсири моддаҳои заҳрнок (зараровар) ба захираҳои генетикӣ ва хусусияти дигаргуншавии намудҳои генетикӣ таҳия ва татбиқ карда мешаванд.
БОБИ 4. КОЛЛЕКСИЯҲОИ ЗАХИРАҲОИ ГЕНЕТИКӢ
Моддаи 22. Дараҷаҳои коллексияҳои захираҳои генетикӣ
1. Коллексияҳои захираҳои генетикӣ мутобиқи таъинот, фарогирии гуногунии генетикӣ, экспертизаи маълумоти шиносномаҳои генетикӣ, тавсифӣ ва баҳодиҳии намунаҳо ба дараҷаҳои зерин тақсим мешаванд: 
1) дараҷаи якум – коллексияҳои захираҳои генетикии дар нигоҳдории дарозмуҳлати бехавф қарордоштаи намунаҳои асили захираҳои генетикӣ, ки асоси стратегии рушди устувори истеҳсолоти кишоварзӣ ба ҳисоб мераванд ва амнияти иқтисодӣ, озуқаворӣ ва экологии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин мекунанд; 
2) дараҷаи дуюм – намунаҳои коллексияҳои захираҳои генетикӣ, ки дар Маркази миллии захираҳои генетикӣ нигоҳ дошта мешаванд ва дар асоси созишномаҳо ба марказҳои байналмилалӣ ва (ё) ташкилотҳои хориҷӣ интиқол дода мешаванд; 
3) дараҷаи сеюм – коллексияҳои захираҳои генетикӣ, ки намунаҳои онҳо барои нигоҳдорӣ, омӯзиш ва истифода дар барномаҳои илмӣ, селексионӣ ва таълимӣ пешбинӣ шудаанд.
2. Нигоҳдории коллексияҳои захираҳои генетикии дараҷаҳои якум ва дуюм аз тарафи Маркази миллии захираҳои генетикӣ ва коллексияҳои захираҳои генетикии дараҷаи сеюм дар мувофиқа бо Маркази мазкур аз тарафи соҳибони ин коллексияҳо амалӣ карда мешаванд.
3. Коллексияҳои захираҳои генетикии дараҷаҳои якум ва дуюм моликияти давлат ба ҳисоб мераванд.
4. Дар ҳолати барҳам додан ва (ё) тағйир додани самти фаъолияти шахси ҳуқуқӣ, намунаҳои коллексияи захираҳои генетикии дар нигоҳдории ӯ қарордоштаи дараҷаи сеюм ба Маркази миллии захираҳои генетикӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супурда мешаванд.
5. Шахсони воқеӣ метавонанд дар асоси шартнома намунаҳои коллексияи захираҳои генетикии худро бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтиёрдорӣ ва истифода ба Маркази миллии захираҳои генетикӣ пешниҳод намоянд.
Моддаи 23. Баҳисобгирӣ ва бақайдгирии давлатии намунаҳои коллексияҳои захираҳои генетикӣ 
1. Баҳисобгирии давлатии намунаҳои коллексияҳои захираҳои генетикӣ бо мақсади арзёбӣ, муайян кардани мақом, гуногунии намуд, дараҷа ва бо назардошти аҳамияти илмӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, таълимию фарҳангӣ ва таърихии онҳо дар асоси маълумоти шиносномаҳои генетикии аз тарафи соҳибони коллексияҳои мазкур пешниҳодшуда, амалӣ карда мешавад.
2. Бақайдгирии давлатии намунаҳои коллексияҳои захираҳои генетикӣ, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуд мебошанд ва ҳамчун асос барои истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ ва пешбурди истеҳсолоти кишоварзӣ ба ҳисоб мераванд, бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мешавад.
3. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки фаъолияти ҷустуҷӯии биологӣ, омӯзиш ва ҳифзи намунаҳои захираҳои генетикиро анҷом медиҳанд, ба таври ихтиёрӣ ба Маркази миллии захираҳои генетикӣ дар хусуси ба қайди давлатӣ гирифтани намунаҳои мазкур муроҷиат менамоянд.
4. Дар асоси баҳисобгирӣ ва бақайдгирии давлатии намунаҳои коллексияҳои захираҳои генетикӣ намунаҳои пурарзиш ва нодири онҳо ба барномаҳои давлатии соҳавӣ бо мақсади ҳифз ва минбаъд самаранок истифода бурдан дохил карда мешаванд.
Моддаи 24. Феҳристи миллии намунаҳои коллексияҳои захираҳои генетикӣ 
1. Феҳристи миллии намунаҳои коллексияҳои захираҳои генетикӣ бо мақсади баҳисобгирӣ ва ҷамъоварии маълумот дар бораи намунаҳои коллексияҳои захираҳои генетикӣ ташкил карда мешавад ва низоми ягонаи миллии иттилоот оид ба намунаҳои коллексияҳои захираҳои генетикӣ ба ҳисоб меравад.
2. Ба Феҳристи миллии намунаҳои коллексияҳои захираҳои генетикӣ маълумоти шиносномаҳои генетикӣ, тавсифӣ ва арзёбишудаи намунаҳои захираҳои генетикии аз ҷониби соҳибони онҳо бадастовардашуда дохил карда мешаванд.
3. Дастрасӣ ба маълумоти Феҳристи миллии намунаҳои коллексияҳои захираҳои генетикӣ ройгон мебошад. 
4. Тартиби пешбурди Феҳристи миллии намунаҳои коллексияҳои захираҳои генетикӣ, инчунин дастрасӣ ба маълумоти он аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
БОБИ 5. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 25. Ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи захираҳои генетикӣ
Ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи захираҳои генетикӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, амалӣ карда мешавад. 
Моддаи 26. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 27. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур 
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти 
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 18 марти соли 2022, № 1865
 
 
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 
«Дар бораи захираҳои генетикӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи захираҳои генетикӣ» қабул карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси 
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон           М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 8 декабри соли 2021, № 585
 
 
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 
«Дар бораи захираҳои генетикӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 59 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи захираҳои генетикӣ»- ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи захираҳои генетикӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии 
Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 15 марти соли 2022, № 249
 

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.03.2022    №: 58 - 59    Мутолиа карданд: 1968
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед