қонунҳои ҶТ
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ НИЗОМИ ИҶОЗАТДИҲӢ»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» аз 2 августи соли 2011 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2011, № 7 - 8, мод. 606; с. 2012, № 4, мод. 252, № 7, мод. 686, № 12, қ. 1, мод. 1024; с. 2014, № 7, қ. 2, мод. 400, № 12, мод. 824; с. 2015, № 11, мод. 957, № 12, қ. 1, мод. 1113; с. 2016, №5, мод. 364, № 7, мод. 618; с. 2019, № 4 - 5, мод. 218; с. 2020, № 1, мод. 13, № 7 - 9, мод. 609; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2021, № 1821) тағйироти зерин ворид карда шаванд:
1. Қисми 2 моддаи 14 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«2. Принсипи масъулияти изҳоршуда ҳангоми додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳии муқаррарнамудаи сархатҳои дуюм ва сеюми банди 2), сархатҳои дуюм ва сеюми банди 3), сархатҳои якум, дуюм, сеюм, чорум, панҷум ва ҳафтуми банди 4), банди 5), сархати якуми банди 6), сархатҳои якум ва дуюми банди 7), сархатҳои якум, дуюм ва сеюми банди 8), бандҳои 9) - 11), 13) - 16), сархатҳои дуюм, сеюм ва шашуми банди 17) моддаи 29 Қонуни мазкур татбиқ намегардад.».
2. Қисми 3 моддаи 16 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«3. Расмиёти маъқулдонии худ аз худ нисбат ба ҳамаи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳии аз ҷониби мақоми иҷозатдиҳанда додашаванда, ба истиснои ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, ки мувофиқи сархатҳои дуюм ва чоруми банди 2), сархатҳои дуюм ва сеюми банди 3), сархати панҷуми банди 4), сархати якуми банди 5), сархати сеюми банди 8), бандҳои 9), 11), 15) ва 16), сархати шашуми банди 17) моддаи 29 Қонуни мазкур дода мешаванд, татбиқ карда мешавад.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 18 марти соли 2022, № 1863
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 2 феврали соли 2022, № 628
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 59 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ»- ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 15 марти соли 2022, № 247
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 28.03.2022 №: 58 - 59 Мутолиа карданд: 2006