сиёсат
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ
Бо хиради азалии мардуми тоҷик ва сиёсати боровари роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус талошҳои хастанопазири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, шаҳрвандони мамлакат соли 2021 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба таври шоиста ва бо дастовардҳои беназир ҷашн гирифтанд.
Мавриди зикри хос аст, ки халқи ватандӯсти тоҷик барои истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва дар сатҳи баланди сиёсию фарҳангӣ таҷлил намудани ин ҷашни муқаддаси миллӣ бе харҷи маблағҳои буҷетӣ аз ҳисоби даромадҳои худ беш аз 25 ҳазор иншооти гуногуни таъиноти истеҳсоливу иҷтимоиро бунёд карданд. Дар ифтитоҳи аксари ин иншоот Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуданд.
Соли 2021 ба шарофати сиёсати неку бобарори Ҳукумати мамлакат, бо талошҳои созандаи мардум, новобаста аз вазъи мураккаби пандемияи COVID-19 ва таъсири дигар омилҳои беруна ба иқтисодиёти кишвар, рушди босуботи он нигоҳ дошта шуд.
Ба ҳолати 1 январи соли 2022 ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба 98,9 млрд сомонӣ баробар гардида, суръати афзоиши он 9,2 фоизро ташкил намуд. Соли 2021 ба қисми даромади умумии буҷети давлатӣ 29,5 млрд сомонӣ маблағ ворид гардид, ки нисбат ба нақша 1,3 млрд сомонӣ зиёд мебошад. Аз ҳисоби андозҳо ва пардохтҳои дохилӣ ба буҷет 13 млрд 722 млн сомонӣ интиқол ёфт, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои пешбинишуда 101,0 млн сомонӣ зиёд мебошад.
Дар кишвар соли рафта 309 корхона ва коргоҳҳои нави саноатӣ бо таъсиси беш аз 5 ҳазор ҷойҳои нави корӣ ба истифода дода шуд, рушди истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 22 фоиз афзоиш ёфт. Дар натиҷа ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 38,8 миллиард сомонӣ расид.
Бо мақсади таъмини рушди устувори соҳаи энергетика ва ноил гардидан ба ҳадафҳои гузошташуда ба маблағи 16,6 млрд сомонӣ лоиҳаҳо дар марҳилаи татбиқ қарор доранд. Дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат соли 2021 ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ нисбат ба соли пеш 853 млн кВт соат ё 4,3 фоиз афзуд, ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ 39,7 млрд сомониро ташкил дода, афзоиши он нисбат ба соли 2020 ба 106,6 фоиз баробар гардид.
Дар моҳҳои январ-сентябри соли 2021 нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 ба кишвар 1,6 баробар зиёд сармояи хориҷӣ ворид гашт. Ҳаҷми маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ ба 14,7 млрд сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба соли 2020-ум 23,3 фоиз зиёд аст. Дар натиҷаи тадбирҳои бобарори Ҳукумати мамлакат 78 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 42 млрд сомонӣ амалӣ шуд. Дар соҳаи нақлиёт 11 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии беш аз 9,5 млрд сомонӣ мавриди амал қарор гирифта, аллакай, аз аввали татбиқи лоиҳаҳои мазкур 4,8 млрд сомонӣ (427 млн доллар) аз худ гардид. Дар ҷумҳурӣ бо мақсади ҷалби бештари сармоягузорӣ, бахусус сармояи мустақими хориҷӣ ба иқтисодиёти кишвар, 50 санаду созишномаи нави ҳамкорӣ ба маблағи умумии 7,2 млрд сомонӣ, аз ҷумла барои бунёди корхонаҳои нави саноатӣ, ба имзо расид.
Соли 2021 ҳаҷми умумии гардиши савдо 40 млрд сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2020 -ум 13 фоиз зиёд мебошад.
Ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ дар ҳамаи соҳаҳои хизматрасонӣ соли рафта ба 15 млрд сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба соли 2020 -ум 7,9 фоиз зиёд аст.
Новобаста ба вазъи мураккаб бинобар паҳншавии бемории сироятии коронавирус соли 2021 тамоюли рушди гардиши савдои хориҷӣ таъмин гашта, гардиши савдои хориҷӣ нисбат ба соли 2020 -ум 39,5 фоиз афзуд.
Аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои рушди соҳаи маориф беш аз 5,6 млрд сомонӣ равона шуд, ки нисбат ба соли 2020, дар маҷмуъ, 592 млн сомонӣ ё 12 фоиз зиёд мебошад. Дар ин давра бо мақсади рушди инфрасохтори соҳа 238 муассисаи таълимӣ ва томактабӣ сохта, мавриди истифода қарор гирифт.
Бо мақсади рушди соҳаи тандурустӣ ва сари вақт бартараф намудани мушкилоти мавҷуда соли 2021 аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои рушди соҳа 2,3 млрд сомонӣ равона шуд, ки нисбат ба соли пеш 27,6 фоиз зиёд мебошад.
Маблағгузории буҷетӣ ба соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ афзуда, соли 2021 ба ин самт 172 млн сомонӣ равона гашт, ки нисбат ба соли гузашта 23,4 фоиз зиёд аст.
Дар асоси механизми таҷрибавии кумаки унвонии иҷтимоӣ ба ҳисоби миёна беш аз 238 ҳазор шаҳрванд ва оилаҳои камбизоат фаро гирифта шуда, ба онҳо дар ҳаҷми зиёда аз 110 млн сомонӣ кумакпулӣ пардохт гардид.
Дар соли 2021 чун солҳои рафта Ҳукумати кишвар ва шаҳрвандони мамлакат барои татбиқи амалии чор самти стратегӣ, ки ба хотири беҳбудии сатҳи зиндагии мардум ва рушду пешрафти иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ равона шудаанд, ба дастовардҳои арзанда ноил гардиданд.
Дар самти амалисозии ҳадафҳои созанда ҷиҳати расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 29 сентябр дар шаҳри Хоруғ бо пахши тугмаи рамзӣ ба фаъолияти зеристгоҳҳои барқии “Хоруғ” ва “Помир-1” оғоз бахшиданд. Шиддати зеристгоҳи барқии “Хоруғ” ва “Помир-1” 110 кВ буда, дар ҳар кадоми он ду трансформатор бо тавоноии 25 ҳазор кВт насб гардид. Татбиқи лоиҳа аз моҳи декабри соли 2019 то моҳи декабри соли 2023 дар назар аст, ки он тавоноии “Помир Энерҷӣ”-ро баланд мебардорад.
Зеристгоҳҳои нав имкон медиҳанд, талафоти неруи барқ дар вақти сарбории шабакаҳои барқӣ ба миқдори 2,5 мВт барқарор гардида, интиқоли боэътимоди неруи барқ ба минтақаҳои дорои талаботи афзоянда дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва мавзеъҳои наздисарҳадии Афғонистон таъмин шавад.
Ҷиҳати баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ дар соли 2021 як қатор лоиҳаҳои бунёди роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ дар амал татбиқ гардиданд. Аз ҷумла, 27 сентябр дар маркази ноҳияи Дарвоз Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қисми шоҳроҳи Кӯлоб - Хоруғ - Қулма - Чинро аз деҳаи Ёгед то маркази ноҳияи Дарвоз бо дарозии 26 километр мавриди истифода қарор дода, ба бунёду навсозии қитъаи роҳи Дарвоз то дарвозаи Рӯшон оғози расмӣ бахшиданд. Ин қитъаи роҳ 109 километрро ташкил дода, бо пурра таҷдиду навсозӣ гардидани он 16 километр кӯтоҳ мегардад ва дар маҷмуъ, 92,3 километрро ташкил медиҳад. Маблағи лоиҳа наздики 2,5 миллиард сомониро дар бар мегирад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб 32 километр қитъаи роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Шамсиддин Шоҳин, дар ноҳияи Хуросон марҳилаҳои якум ва дуюми роҳи мошингарди дорои аҳамияти байналмилалии Душанбе - Бохтар бо дарозии беш аз 75 километр, дар ноҳияи Муъминобод 41 километр роҳи мошингарди дорои аҳамияти ҷумҳуриявии Кӯлоб-Муъминобод, дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ 16,1 километр роҳи дорои аҳамияти ҷумҳуриявиро ифтитоҳ карда, дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ба корҳои бунёду навсозии роҳи мошингарди Деҳмой - Бобоҷон Ғафуров - Конибодом бо дарозии 50,5 км ва дар ноҳияи Нуробод ба бунёди марҳилаҳои 1, 2 ва 3-и роҳи мошингарди Роғун - Обигарм - Нуробод оғоз бахшиданд.
Баҳри расидан ба ҳадафҳои саноатикунонии босуръати кишвар дар як қатор шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо иштироки Сарвари давлат даҳҳо корхонаҳои хурду бузурги истеҳсолӣ бо садҳо ҷойи корӣ ифтитоҳ гардиданд. Аз ҷумла, дар вилояти Суғд корхонаи истеҳсоли маҳсулоти ордӣ ва коркарди нон ва хати нави технологии коркарди пиёз дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Хуҷанд - Агро”, коргоҳи истеҳсоли бозичаҳои бачагонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Адл” бо 70 ҷойи корӣ, корхонаи истеҳсоли ғаллаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Хубҷамъ-Инвест” бо 200 ҷойи корӣ, коргоҳи истеҳсоли равғани растании Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Хубҷамъ-Инвест” бо 100 ҷойи корӣ, корхонаи истеҳсоли шиферҳои асбестии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ганҷофар” бо 25 ҷойи корӣ, коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти патдори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Органик Ян” бо 300 ҷойи корӣ, дар вилояти Хатлон корхонаи истеҳсоли шифери Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Бохтар шифер”, корхонаи истеҳсоли ҷуроби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сомони Расул”, корхонаи истеҳсоли докаҳои тиббии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ғолибҷон Холов”, корхонаи сементбарории Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Моҳир-семент” бо иқтидори солонаи 600 ҳазор тонна семент ва 120 ҷойи корӣ, корхонаи истеҳсоли равғани Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Файзи Алӣ” бо 30 ҷойи корӣ, корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропилении Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Мирзо Раҷаб” бо 26 ҷойи корӣ, коргоҳи истеҳсолӣ ва хизматрасонии Фархор бо 150 ҷойи корӣ, корхонаи дӯзандагӣ ва адрасбофии деҳоти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо 150 ҷойи корӣ, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Парки нассоҷии шаҳри Кӯлоб” бо 500 ҷойи корӣ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Таҷ-эт” (Taj-et) бо 24 ҷойи корӣ, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Меваҳои Бадахшон” бо 20 ҷойи корӣ, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Карон пластр” бо 30 ҷойи кори доимӣ, дар шаҳри Душанбе Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ориё - Медикал” бо 200 ҷойи корӣ, корхонаи истеҳсоли профили алюминийи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Алюмин Проф” бо 60 ҷойи корӣ, корхонаи истеҳсоли яхмос ва маҳсулоти қаннодии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Эскимо Мастер” бо 220 ҷойи корӣ ва корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Композит Т.А.”-ро бо 150 ҷойи кории доимӣ мавриди истифода қарор доданд. Бояд гуфт, ки маҳсулоти истеҳсолкардаи ин корхонаҳо ба талаботи бозори ҷаҳонӣ ҷавобгӯ буда, ивазкунандаи воридот мебошанд.
Барои амалисозии ҳадафи дигари стратегӣ - таъмини амнияти озуқаворӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боғҳои куҳна барқарор ва боғҳои нави интенсивию суперинтенсивӣ бо садҳо ҷойи корӣ бунёд гардиданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафарҳои корӣ як қатор коргоҳҳои парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва дигар корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзиро ифтитоҳ карданд. Аз ҷумла, дар вилояти Хатлон комплекси чорводории Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Мармарӣ” барои парвариши 3500 сар чорвои калон бо 300 ҷойи корӣ, комплекси агросаноатии мурғпарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Мармарӣ” бо 160 ҷойи корӣ, корхонаи парандапарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Оби Ховалинг” бо 150 ҷойи корӣ, Хоҷагии моҳипарварии “Фатҳобод” бо 25 ҷойи корӣ, дар вилояти Суғд фермаи парандапарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Мурғи Шаҳристон” бо 25 ҷойи корӣ, корхонаи парандапарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Файзи саҳар” бо 30 ҷойи корӣ, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Парандапарвар-2017” бо 40 ҷойи корӣ, корхонаи парандапарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Суғд-саноат-паранда” бо 25 ҷойи корӣ, дар ноҳияи Нуробод корхонаи парандапарварии “Мурғи Нуробод” барои парвариши 30 ҳазор сар мурғ бо 20 ҷойи корӣ ва дар шаҳри Душанбе забҳхонаи комплекси агросаноатии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Мармарӣ” бо 100 ҷойи корӣ.
Соли 2021 аз он лиҳоз барои мардуми тоҷик таърихӣ ва фаромӯшнопазир аст, ки бо сиёсати созандаву сулҳовари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳматҳои арзандаи халқ мавқеи Тоҷикистон дар арсаи олам устувор боқӣ монда, кишвари мо ҳамчун узви фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ бо симои барҷаста муаррифӣ гардид.
Мардуми тоҷик чун солҳои пешини даврони соҳибистиқлолӣ соли 2021 низ ҳамаи ҷашнҳои умумимиллӣ, аз қабили 30-солагии Истиқлоли давлатӣ, 28-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ, Наврӯзи байналмилалӣ, идҳои Сада, Меҳргон, Рӯзи забони давлатӣ, Рӯзи Модар, Рӯзи Парчами давлатӣ, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санаҳои таърихиро бо дастовардҳои арзанда таҷлил намуданд.
Тантанаҳои асосии Ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлол дар саросари кишвар аз тарафи сокинон бо шукӯҳу шаҳомати хосса ва бо руҳияи болида баргузор карда шуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҷлили ҷашни умумимиллӣ дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Кӯлоб, Рашт, Хоруғ ва Хуҷанд иштирок карда, сокинони ватандӯсти мамлакатро бо санаи таърихӣ табрику таҳният гуфтанд. Дар ин чорабиниҳо аҳли ҳунар бо барномаҳои рангини консертӣ дастовардҳои 30 соли соҳибистиқлолии кишварро таҷассум намуданд.
Соли 2021 таҳти сарварӣ ва ҳидоятҳои раҳнамунсози Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи татбиқи Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030, чор самти асосию стратегии интихобкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаҳои давлатӣ, лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва дигар нақшаҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ пешравиҳои муҳиму назаррас ба амал омаданд.
26 январ ва 21 декабри соли 2021 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ду маротиба Паёми худро дар назди аъзои Ҳукумати кишвар, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намуданд.
26 январ дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону ҷавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон ҳамасола Озмуни ҷумҳуриявии “Илм - фурӯғи маърифат” гузаронда шавад. Ҳадафи Роҳбари давлат аз баргузор кардани озмунҳои “Илм-фурӯғи маърифат”, “Тоҷикистон-Ватани азизи ман”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва олимпиадаву озмунҳои гуногун тақвият бахшидани ҳувияти миллӣ, ҳисси ифтихор аз таъриху тамаддуни бостонии халқамон, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум, қабл аз ҳама, наврасону ҷавонон, тақвияти завқи зебоипарастии онҳо ва пайдо кардани истеъдодҳои нодир аз байни наслҳои ояндасоз мебошад.
Ҳукумати кишвар ба масъалаи ҳифзи саломатӣ ва нигоҳубини ятимону маъюбон ва пиронсолону бепарасторон мунтазам ғамхорӣ зоҳир карда, барои беҳтар сохтани шароити иҷтимоии онҳо тадбирҳои саривақтиро амалӣ менамояд. Бинобар ин, Президенти мамлакат зимни ироаи Паём бо мақсади идомаи тадбирҳои Ҳукумати мамлакат дар самти дастгирии давлатии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, пешниҳод намуданд, ки аз 1 сентябри соли 2021 дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ”, нафақаи кӯдакони маъюби то 18-сола ба андозаи 20 фоиз ва нафақаи маъюбони гурӯҳи якум ба андозаи 50 фоиз баланд бардошта шавад. Ин иқдом имкон медиҳад, ки шароити иҷтимоии қариб 100 ҳазор нафар шаҳрванд аз гурӯҳҳои осебпазири зикршуда беҳтар гардад.
21 декабри соли 2021 зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинобар аҳамияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи ҷумҳурӣ, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва таъмин намудани иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла раванди саноатикунонии босуръати кишвар, пешниҳод карданд, ки солҳои 2022-2026, яъне то Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, Солҳои рушди саноат эълон карда шаванд. Дар ин давра бояд беш аз 500 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфта, даромади пулии аҳолӣ беш аз 2 баробар зиёд гардад ва ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ ба 45 фоиз расонда, дар натиҷа сатҳи камбизоатӣ то 15 фоиз коҳиш дода шавад.
Ҳалли саривақтии масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ ва фароҳам овардани шароит ҷиҳати зиндагии арзандаи мардум, аз ҷумла бо роҳи мунтазам таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, зиёд намудани ҳаҷми даромади аҳолӣ, баланд бардоштани музди меҳнати кормандон, нафақа ва стипендияҳо аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин дар ин давра мебошанд. Бо назардошти ин ва бо мақсади тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки аз 1 январи соли 2022 музди меҳнати амалкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 25 фоиз ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда шавад. Ҳамчунин, аз 1 июли соли 2022 музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, ташкилоту муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, стипендияи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия 20 фоиз, андозаи нафақаи амалкунандаи нафақагирон, ятими кулл ва нимятимон бинобар маҳрум шудан аз саробон ба андозаи 25 фоиз аз андозаи ҳадди ақалли нафақаи аз рӯи синну сол муқарраргардида зиёд карда мешавад. Ҳадди ақалли музди меҳнат аз 1 июли соли 2022-юм 50 фоиз зиёд карда, андозаи он дар ҳаҷми 600 сомонӣ муқаррар гашт.
Соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кулли шаҳрвандони мамлакатро бо паёмҳои шодбошӣ ба муносибати Рӯзи Модар, Рӯзи ҷавонон, Ҷашни байналмилалии Наврӯз, Сада, Меҳргон, Рӯзи Ваҳдати миллӣ, 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ, Рӯзи Парчами давлатӣ ва Рӯзи забони давлатӣ табрику таҳният гуфтанд.
7 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Паёми шодбошӣ занону духтарони кишварро ба муносибати Рӯзи Модар табрику таҳният гуфтанд. Пешвои миллат Модарро ягона мавҷуди мушфиқу ғамхор ва мунису меҳрубон номиданд, ки ба фарзанд ҳаёт мебахшад, ба ӯ сухан гуфтану роҳ рафтанро ёд медиҳад, ӯро тарбия мекунад ва дар раванди тарбия дар қалби фарзанди худ эҳсоси муҳаббату самимият, некиву накукорӣ ва инсондӯстиро ба вуҷуд меоварад, барои босаводу соҳибмаърифат ва соҳиби касбу ҳунар шудани нури чашмонаш саъю талош меварзад. Бояд гуфт, ки Ҳукумати мамлакат барои баланд бардоштани мақому манзалати Зан-Модар дар ҷомеа тамоми талошҳову тадбирҳои шоистаро то имрӯз амалӣ кардааст.
Ҳар сол дар рӯзи 8 март табрик намудани ҷашни баҳорӣ ба модарону хоҳарон нишонаи олии қадршиносии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Ҷавонон дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати кишвар ҷойгоҳи махсус доранд. Ҳамасола бо иқдоми неки Сарвари давлат Рӯзи ҷавонон дар ҷумҳурӣ бо баргузории чорабиниҳои ватандӯстӣ таҷлил мегардад. Ҳамеша чун анъана дар ин рӯз Президенти мамлакат бо намояндагони фаъоли ҷавонон мулоқоти созандаю судманд анҷом дода, онҳоро бо идашон таҳният мегӯянд. 21 май дар Кохи Борбад Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун анъана дар Рӯзи ҷавонон бо намояндагони ин қишри ҷомеа мулоқоти самимӣ анҷом дода, ҳамаи ҷавонони саодатманди кишварро ба ифтихори Рӯзи ҷавонон шодбош гуфтанд.
Пешвои миллат иброз доштанд, ки бо мақсади дастгирии ҷавонон, ташаккул ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни онҳо, бо шуғл таъмин намудани ин қишри фаъоли ҷомеа, дарёфт ва дастгирии истеъдодҳои нав, ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои насли ҷавон, моҳи майи соли 1997 қарори Ҳукумати мамлакат доир ба таъсиси Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, санаи 23 май ҳамчун Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон эълон карда шуд.
Соли 2021 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо шароити зиндагии мардум, ифтитоҳи иншооти таъиноти гуногун ва иштирок дар тантанаҳои бошукӯҳи Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, минтақаи Рашт, Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 17 сафари корӣ анҷом доданд. Аз ҷумла, 5 маротиба - моҳҳои феврал, апрел, июн, июл, октябр ба вилояти Суғд, 7 сафар - моҳҳои март, июн, июл, август, сентябр, октябр ба вилояти Хатлон, 1 сафари корӣ - моҳи сентябр ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 2 маротиба - моҳҳои июн ва сентябр ба минтақаи Рашт ва бо сафарҳои корӣ ба шаҳрҳои Турсунзодаву Ҳисор моҳҳои август ва декабр рафтанд.
Бо ташаббус ва ғамхориҳои ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2021 барои рушду пешрафти пойтахти мамлакат дар шаҳри Душанбе дар доираи истиқболи сазовори Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тадбирҳои созандагӣ вусъат бахшида шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ифтитоҳи иншооти таъиноти гуногун иштирок карданд.
Бо хиради волои инсондӯстӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми соли 2021 зимни сафарҳои корӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо ятимон ва дигар нафарон аз оилаҳои камбизоат вохӯрда, ба онҳо кумакҳои моддӣ расонданд.
СИЁСАТИ ХОРИҶӢ
Соли 2021 ба шарофати сиёсати бобарори хориҷии роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат мардуми тоҷик дар арсаи байналмилалӣ низ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.
Тоҷикистон бо 180 давлати дунё муносибатҳои дипломатӣ барқарор карда, узви комилҳуқуқ ва фаъоли Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории исломӣ ва дигар сохторҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ мебошад.
Пешниҳоди ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба об, иқлим, амният, дар сатҳи олии ташкилӣ баргузор кардани ҳамоишҳои сатҳи байналмилалӣ, меҳмоннавозии тоҷикона ва сиёсати “дарҳои кушода”-и Ҳукумати мамлакат боис гардиданд, ки оламиён Тоҷикистон ва тоҷиконро ҳамчун халқи сулҳпарвар, бо таърихи бою қадима, башардӯст ва бунёдкор шиносанд. Кишвари мо ҳоло дар ҳалли мушкилоти ҷаҳон ва минтақа, аз ҷумла дар масъалаҳои вобаста ба об ва тағйирёбии иқлим, мубориза бо терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ саҳми арзишманд дорад. Махсусан, силсилаи ташаббусҳои Тоҷикистон дар бобати ҳалли мушкилоти об дар ҷаҳон, ки дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун “Раванди оби Душанбе” пазируфта шудааст, кишвари моро дар арсаи ҷаҳонӣ ба таври хос муаррифӣ кардааст. Ҳоло иқдоми чоруми Тоҷикистон - Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028" дар сатҳи милливу минтақавӣ ва ҷаҳонӣ амалӣ шуда истодааст. Ҳамзамон бо ин, масъалаи тағйирёбии глобалии иқлим ва зарурати талошҳои муштарак барои рафъи оқибатҳои он ҳамчун мушкилоти ҷиддии замони муосир мавриди таваҷҷуҳи хоси кишвари мо қарор гирифтааст.
Бояд гуфт, ки тайи чанд даҳсолаи охир тақрибан сеяки ҳаҷми умумии пиряхҳои Тоҷикистон, ки зиёда аз 60 фоизи захираҳои оби минтақаи Осиёи Марказӣ аз онҳо ташаккул меёбад, аз байн рафтааст. Дар ин замина, кишвари мо ба мақсади эълон намудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, мушаххас намудани Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва таъсиси Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо якҷо бо шарикони байналмилалии худ саъй дорад.
Соли 2021 дар баробари номбандии муштараки “Роҳи Абрешим: долони Зарафшон-Қароқум” 9 мавзеи мероси таърихиву фарҳангии Тоҷикистон ба Рӯйхати муқаддамотии ЮНЕСКО ворид гардид. Ҳамчунин, пешниҳоди Тоҷикистон оид ба ворид намудани 2500-солагии шаҳраки қадимаи “Тахти Сангин” ба Рӯйхати ҷашнвораҳои ЮНЕСКО барои солҳои 2022-2023 пазируфта шуд. Аз ҷониби ЮНЕСКО боз як намунаи мероси фарҳанги миллии мо - Фалак ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гашт. Яъне, Фалак мисли Наврӯз ҷаҳонӣ гардид. Ин тадбир эътирофи шоистаи давлату миллати тоҷик дар арсаи олам аст.
Моҳи октябри соли 2021 аввалин бор дар қитъаи Аврупо намоиши нигораҳои Тоҷикистон таҳти унвони “Тоҷикистон - кишвари дарёҳои тиллоӣ” дар Осорхонаи Гимейи Фаронса баргузор гардид. Дар давоми се моҳ таъриху тамаддуни ғании миллати шарафманди тоҷик, мавзеъҳои таърихии сарзамини мо дар асрҳои гуногун, осори фарҳангиву ҳунармандии қадима ва санъати нотакрори халқи тоҷик ба мардуми Аврупо муаррифӣ шуд.
Соли 2021 Тоҷикистон дар доираи раёсат дар Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ ҷаласаи Шурои сарварони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, мулоқоти сарварони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар мавзуи Афғонистон ва вохӯрии 16-уми котибони шуроҳои амнияти кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхайро баргузор кард. Ҷаласаи Шурои сарварони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба солгарди 20-уми таъсисёбии ин Созмони бонуфуз рост омад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2021 дар як қатор чорабиниҳои сатҳи баланд ба таври маҷозӣ ва бевосита иштирок ва суханронӣ карданд, аз ҷумла дар 14-умин Саммити Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО), мулоқоти якуми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим, чорабинии сатҳи баланди “Татбиқи ҳадафу вазифаҳои Рӯзномаи 2030 роҷеъ ба масъалаҳои об”, иҷлосияи 77-уми Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои кишварҳои Осиё ва уқёнуси Ором оид ба татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устувор ва ғайра.
Давоми соли 2021 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, ҷиҳати иштирок дар Саммити 15-уми сарварони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ ба шаҳри Ашқободи Туркманистон ва бо мақсади иштирок дар вохӯрии ғайрирасмии сарварони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия, баҳри рушду густариши муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Исломии Покистон, бо сафари давлатӣ ба Туркманистон ва сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Фаронса ташриф оварданд. Дар доираи ин сафарҳо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сарварони давлатҳо, намояндагони воломақоми кишварҳо ва роҳбарони ташкилотҳои бонуфузи олам мулоқотҳои судманд анҷом дода, аз минбари баланди созмонҳои ҷаҳонӣ бо пешниҳодҳои созанда баҳри ҳалли мушкилоти глобалӣ сухан карданд.
Ҳамчунин, давоми соли 2021 сарварони як қатор давлатҳо бо сафарҳои ҷавобии давлатӣ, расмӣ ва корӣ ба Тоҷикистон ташриф оварданд. Аз ҷумла, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳими Раисӣ.
Аз рӯи натиҷаи мулоқоту вохӯриҳо дар доираи сафарҳои давлатӣ ва расмии Сарвари давлат дар кишварҳои хориҷ ва ташрифи сарварони давлатҳо ба Тоҷикистон 75 санади муҳими ҳамкорӣ ба имзо расид, ки муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистонро бо кишварҳои хориҷӣ дар соҳаҳои гуногун танзим менамоянд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи чорабиниҳо ва дар доираи сафарҳои давлатӣ, расмӣ ва корӣ бо роҳбарони давлатҳо ва намояндагони воломақоми кишварҳои хориҷ вохӯрию суҳбатҳои самимӣ анҷом доданд.
Аз ҷумла, дар Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба сиёсати хориҷӣ ва амниятӣ Ҷозеп Боррелл, роҳбарони ҳайатҳо - иштирокчиёни ҷаласаи Кумитаи котибони шуроҳои амнияти кишварҳои аъзои СААД, роҳбарони ҳайатҳо-иштирокчиёни ҷаласаи Шурои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД), вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван И, Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Станислав Зас ва бо роҳбарони ҳайатҳо - иштирокчиёни ҷаласаи Шурои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов, вазири кишварии (корҳои дохилии) Ҷумҳурии Исломии Эрон Абдурризо Раҳмонии Фазлӣ, Раиси Вулуси ҷиргаи (Маҷлиси намояндагони) Шурои миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Мир Раҳмон Раҳмонӣ, Раиси раёсати Бонки авруосиёии рушд Николай Подгузов, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Мевлют Човушоғлу, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Озарбойҷон Ҷайҳун Байрамов, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Ҷавод Зариф, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон Субрахманиям Ҷайшанкар, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Маҳдум Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ, Раиси Парламенти Ҷумҳурии Корея Пак Бён Сок, раиси амалкунандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Шветсия хонум Анн Линде, намояндаи махсуси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба мусолиҳа дар Афғонистон Залмай Халилзод, ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ хонум Анна Бйерде, президенти ширкати байналмилалии “Гленкор“ (Glencore International AG) Айван Глазенберг, вазири мудофиаи миллии Ҷумҳурии Туркия Хулусӣ Акар, Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Владимир Норов, вазири мудофиаи Ҷумҳурии Мардумии Чин Вэй Фэнхэ, вазири Федералии корҳои хориҷии Олмон Ҳайко Маас, Прокурори генералии Федератсияи Россия Игор Краснов, муовини раиси Девони вазирони Туркманистон, вазири корҳои хориҷии ин кишвар Рашид Мередов ва Мудири кулли Бунёди Кувайт оид ба рушди иқтисоди кишварҳои араб Марван Абдуллоҳ ал-Ғоним, вохӯрданд.
Дар хориҷи кишвар зимни сафарҳои давлатию расмӣ ва корӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Ориф Алвӣ, Подшоҳи Белгия аълоҳазрат Филипп, Президенти Фаронса Эммануэл Макрон, Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳими Раисӣ, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган, Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев, Раиси Сенати Ҷумҳурии Исломии Покистон Содиқ Санҷронӣ, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Махдум Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ, Президенти Шурои Иттиҳоди Аврупо Шарл Мишел, Президенти Палатаи намояндагони Парлумони Федеролии Белгия хонум Элиан Тилйё, ноиби президенти Комиссияи Аврупо, Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба сиёсати хориҷӣ ва амният Ҷозеп Боррелл, Дабири кулли Созмони ҷаҳонии гумрук Кунио Микурия, Мудири кулли ЮНЕСКО хонум Одри Азуле ва дигарон мулоқоту суҳбатҳои созандаю судманд анҷом доданд.
Соли 2021 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири рушду густариши муносибатҳои ҳамкорӣ ва баррасии масъалаҳои мубрами ҷаҳонӣ бо ҳамтоёни худ - сарварони як қатор давлатҳои хориҷӣ суҳбатҳои телефонӣ анҷом доданд. Аз ҷумла, бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин, Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш, Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев, Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган ва сарварони ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ.
Ҳамчунин, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат ду маротиба - 18 феврал ва 3 ноябр аз 16 сафири нави кишварҳои хориҷӣ эътимодномаҳо қабул карданд.
Зимни маросими эътимодномасупорӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафирони фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммадзоҳир Ағбар, Ҷумҳурии Фаронса Мишел Тарран, Давлати Фаластин Луай Исса, Ҷумҳурии Италия Агостино Пинна, Маҷористон Михай Матяш Галошфай ва Ҷумҳурии Хорватия Рефик Шабанович, Ҷумҳурии Беларус Виктор Денисенко, Ҷумҳурии Озарбойҷон Алимирзамин Гаввам оғлӣ Аскаров, Ҷумҳурии Туркия Эмре Зеки Карагёл, Подшоҳии Арабистони Саудӣ Валид ибни Абдураҳмон ал - Решайдан, Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Тимоти Айдан Маршалл Ҷонс, Конфедератсияи Швейтсария Дэвид Грихтинг, Ҷумҳурии Чехия Ватслав Йелик, Ҷумҳурии Лаҳистон Радослав Грук, Ҷумҳурии Эстония Тоомас Тирс ва Ҷумҳурии Халқии Бангладеш Заҳангир Алам эътимодномаҳоро бо паёму дуруд аз роҳбарияти кишварҳои хеш тақдим карданд.
3 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти якуми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим, ки дар сиғаи видеоконфронс баргузор гардид, андешаҳои созанда иброз доштанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба вазъи имрӯзаи пиряхҳои Тоҷикистон андеша ронда, таъкид доштанд, ки вазъи ба ин монанд дар пиряхҳои Помир низ ба вуҷуд омада истодааст. Обшавии бузургтарин пиряхи воқеъ дар хушкӣ - пиряхи Федченко дар Тоҷикистон, ки зиёда аз 75 километр дарозӣ дорад, намунаи возеҳи ин гуфтаҳо мебошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод карданд, ки соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардида, санаи Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо муайян карда шавад. Пешниҳоди дигари ҷониби Тоҷикистон таъсис додани Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо аст.
4 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар 14-умин Саммити Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ), ки дар шакли маҷозӣ баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ карданд.
Зимни суханронӣ Сарвари давлат оид ба буҳрони шадиди иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва молиявии ҷаҳонии дар натиҷаи бемории нави сироятии COVID-19 баамаломада, андеша ронда, изҳори умед намуданд, ки натиҷаҳои Саммити имрӯза ба истифодаи беш аз пеши неруи Созмон ҷиҳати рафъи оқибатҳои пандемия ва таъмини рушди устувор дар минтақаи он мусоидат хоҳанд кард.
18 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии сатҳи баланд - “Татбиқи ҳадафу вазифаҳои Рӯзномаи 2030 роҷеъ ба масъалаҳои об”, ки дар қароргоҳи СММ дар шаҳри Ню-Йорк ба таври маҷозӣ баргузор шуд, пешниҳодҳои муфид баён карданд.
Мавриди зикр аст, ки чорабинии мазкур дар асоси қатъномаи аз ҷониби ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодшудаи Маҷмаи умумии СММ аз 18 марти соли 2018 таҳти унвони “Бознигарии миёнамуҳлати фарогири Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” доир шуд.
30 март дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нуҳумин Конфронси вазирони “Қалби Осиё - Раванди Истанбул” зери унвони “Тақвияти ҷомеа барои сулҳ ва рушд” сухан ронданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолият ва мақоми “Қалби Осиё - Раванди Истанбул”-ро аз замони ташкилёбиаш дар соли 2011 то ба имрӯз муҳим арзёбӣ карда, таъкид намуданд, ки Тоҷикистон татбиқи стратегияи фарогири байналмилалиро ҷиҳати таъмини субот ва барқарорсозии ҳаёти осоишта дар Афғонистон ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд.
26 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи 77-уми Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои кишварҳои Осиё ва уқёнуси Ором оид ба татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устувор дар мавзуи “Барқарорсозӣ пас аз буҳрон дар асоси усули “аз пештара ҳам хубтар” ва ҳамкориҳои минтақавӣ дар Осиё ва уқёнуси Ором”, ки дар шакли маҷозӣ баргузор гардид, сухан ронданд, ҳадафҳои ҳалкунанда доштанд.
Зимни суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузории чорабиниро бо назардошти таҳдидҳои муосир ва таъсири пандемияи COVID-19, ки дар аксари кишварҳои ҷаҳон ҳанӯз ҳам идома дорад, хеле муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ карданд.
8 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин бо сафари корӣ ҷиҳати иштирок дар Паради низомӣ бахшида ба 76-умин солгарди Рӯзи Ғалаба ба шаҳри Москва рафтанд.
Дар ҷараёни мулоқот бо Президенти Федератсияи Россия маҷмуи масъалаҳои мубрами муносибатҳои ҳамкорӣ ва шарикии стратегии ду кишвар, ҳамчунин, масъалаҳои алоҳидаи вазъияти байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Аз 2 то 3 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Исломии Покистон қарор доштанд.
Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири кишвари мизбон муҳтарам Имрон Хон гарму самимӣ истиқбол гирифт. Дар мулоқоту музокироти сатҳи олӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои робитаҳои кишварҳо, инчунин, масъалаҳои умдаи минтақавӣ ва байналмилалӣ баррасӣ ёфтанд.
Зимни музокироти расмӣ доир ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷорату иқтисод, илму маориф, фарҳанг, амният ва дигар самтҳои робитаҳои барои ҳар ду давлат муфид, гуфтугӯйи судманд сурат гирифт. Таъкид гардид, ки бо назардошти воқеияти имрӯза, аз ҷумла вобаста ба пандемияи COVID-19 рушду тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, энергетика, нақлиёт, алоқа, кишоварзӣ, саноат ва ҷалби сармоя, бояд яке аз самтҳои асосии талошҳои муштараки ҷонибҳо бошад.
Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Покистон дар ҳузур ва бо иштироки сарварони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Имрон Хон 12 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.
Зери Эъломияи муштарак дар бораи иқдомҳои баъдӣ ҷиҳати сохтани шарокати стратегӣ барои ҳамбастагии минтақавӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Имрон Хон имзо гузоштанд.
25 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар 5-умин Иҷлосияи махсуси Созмони Милали Муттаҳид оид ба об ва офатҳои табиӣ, ки дар шакли маҷозӣ баргузор гардид, ширкат варзиданд ва сухан карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ бештар ба масъалаи вазъи имрӯзаи зудтағйирёбандаи ҷаҳон, таҳдиду хатарҳои нав, тағйирёбии иқлим ва зуҳуроти табиии гидрометеорологӣ, сел, обхезӣ, тармафароӣ, хушксолӣ ва таъсисри онҳо ба иқтисоди кишварҳо, бахусус Тоҷикистон, таваҷҷуҳ зоҳир сохтанд.
3 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷом додани сафари давлатӣ ва иштирок дар Вохӯрии машваратии сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ ба Туркманистон сафар карданд.
4 август сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Туркманистон бо маросими истиқболи бошукӯҳ дар майдони “Истиқлол”- шаҳри Ашқобод оғоз ёфт. Масоили ҳамкории ду кишвар дар мулоқоти хоссаи сарварони давлатҳо оғоз гардида, дар музокироти сатҳи олӣ бо иштироки ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Туркманистон идома ёфт.
Таъкид гардид, ки давоми солҳои истиқлолият миёни Тоҷикистону Туркманистон заминаи боэътимоди ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсат, тиҷорат, иқтисод, фарҳангӣ-гуманитарӣ ба вуҷуд омадааст ва дар асоси ин дастовардҳо ҳамкории давлатҳо ба сатҳи шарикии стратегӣ бароварда шуд.
Дар ҷараёни мулоқот маҷмуи васеи масъалаҳои кунунии ҳамкории ду кишвар, инчунин, як қатор масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ баррасӣ гаштанд. Оид ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, таъсиси корхонаҳои муштараки кишоварзӣ, аз ҷумла дар бахши зироаткорӣ ва чорводорӣ, бо истифодаи имконоту иқтидори мавҷуда табодули афкор ба миён омад.
Баъди анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Туркманистон имзо гузоштанд. Сипас, 19 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.
6 август дар шаҳри Туркманбошии Ҷумҳурии Туркманистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Вохӯрии машваратии сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирок ва сухан ронданд.
Зимни суханронӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи сарварони давлатҳои Осиёи Марказиро ба ҳалли масъалаҳои глобалии тағйирёбии иқлим, обшавии пиряхҳо, коҳиш додани хатарҳои офатҳои табиӣ ва таъсири пандемияи коронавирус ҷалб карданд. Ёдовар мешавем, ки раисиро дар Хазинаи Байналмилалии наҷоти Арал ба муҳлати се сол, шуруъ аз соли 2020 Тоҷикистон ба уҳда дорад ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - Раиси Хазинаи Байналмилалии наҷоти Арал мебошанд. Аз рӯйи натиҷаи Вохӯрии машваратии сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ санадҳои дахлдор қабул гардиданд.
Дар Вохӯрии машваратии сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ Президенти Туркманистон муҳтарам Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов бо Қарори муштараки сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ барои хизматҳои шоиста дар рушди муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ, таҳкими сулҳу амният дар минтақа, пешбурди манфиатҳо ва ташаббусҳои муштараки кишварҳои минтақа дар арсаи байналмилалӣ нахустин мукофоти олӣ - “Нишони фахрии сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ”-ро дар вазъияти тантанавӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдим намуданд.
23 августи соли 2021 дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шурои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иҷлосияи ғайринавбатии Шурои амнияти дастаҷамъӣ дар шакли маҷозӣ баргузор гардид.
Аъзои Шурои амнияти дастаҷамъӣ оид ба вазъ дар Афғонистон ва таъсири он ба амнияти кишварҳои аъзои СААД мубодилаи ҳамаҷонибаи афкор намуда, ба мувофиқа расиданд, ки табодули афкор дар бораи вазъият дар Афғонистон 16 сентябр дар Душанбе дар нишасти қарибулвуқуи СААД идома ёбад.
16 сентябр дар Қасри миллат ҷаласаи Шурои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ баргузор гашт.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирокчиёни ҷаласа, сарварони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъиро самимона истиқбол гирифтанд.
Дар ҷаласа масъалаҳои мубрами амнияти байналмилалию минтақавӣ, натиҷаҳои асосии фаъолияти Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ тайи давраи раёсати Тоҷикистон, Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои қарорҳои ҷаласаи Шурои амнияти дастаҷамъӣ ва татбиқи самтҳои афзалиятноки пешниҳоднамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, мавзуъҳои марбут ба вазъияти ниҳоят мураккаби Афғонистон баррасӣ гардиданд.
Баъди ҳалли масъалаҳо аз рӯйи натиҷаи кори ҷаласаи Шурои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Эъломияи Шурои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва дар маҷмуъ, 14 санад ба имзо расид.
17 сентябр шаҳри Душанбе бинобар баргузории ҳамоишҳои навбатии сатҳи олии Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар маркази таваҷҷуҳи аҳли башар қарор гирифт, зеро ин созмонҳо тайи солҳои фаъолияти муассир ба ниҳодҳои соҳибнуфуз дар сиёсати ҷаҳонӣ табдил ёфтаанд.
Чорабинии навбатии сатҳи олии Созмони ҳамкории Шанхай бо истиқболи меҳмонони воломақом аз ҷониби Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Кохи Наврӯз оғоз ёфт.
Дар ҳамоиши навбатии сатҳи олии Созмони ҳамкории Шанхай масоили вобаста ба амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти зиддитеррористӣ, таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои нозир ва дигар масоили муҳим баррасӣ шуданд. Ин ҷаласа дар толори бузурги сафед бо номи Зарандуд, ҷараён гирифт.
Дар интиҳои ҳамоиш бастаи калони санадҳо дар маҷмуъ, иборат аз 30 ҳуҷҷат, аз ҷумла Эъломияи Душанбе дар бораи бистумин солгарди Созмони ҳамкории Шанхай ба имзо расид.
Пас аз анҷоми ҷаласаи Шурои сарварони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар ҳамин ҷо нахустин маротиба дар таърихи фаъолияти Созмони ҳамкории Шанхай гимни Созмон, ки бо пешниҳоди Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ гардид, садо дод.
17 сентябр баъди анҷоми кори ҷаласаи Шурои сарварони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар толори Зарандуди Кохи Наврӯз дар доираи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Созмони ҳамкории Шанхай мулоқоти сарварони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар мавзуи Афғонистон баргузор гашт.
Рӯзҳои 10 - 12 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷом додани сафари корӣ дар Подшоҳии Белгия қарор доштанд.
Сафари кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 11 октябр оғоз гардид. Зимни ин сафар Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Брюссел бо Президенти Шурои Иттиҳоди Аврупо Шарл Мишел тавсеаи ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, бо Президенти Палатаи намояндагони Парлумони Федеролии Белгия хонум Элиан Тилйё масоили ҳамкории сиёсию байнипарлумонии Тоҷикистону Белгия, бо ноиби президенти Комиссияи Аврупо, намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба сиёсати хориҷӣ ва амният Ҷозеп Боррелл инкишофи ҳамаҷонибаи ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, бо Подшоҳи Белгия Аълоҳазрат Филипп масъалаҳои густариши ҳамкории неки дуҷонибаи судманд бо Белгия ва робитаҳои бисёрҷониба бо доираи Иттиҳоди Аврупо, бо намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ хонум Тери Ҳакала ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, бо Дабири кулли Созмони ҷаҳонии гумрук Кунио Микурия ҳолати кунунӣ ва дурнамои шарикии Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии гумрук мавриди баррасӣ қарор доданд.
Аз 12 то 14 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Фаронса қарор доштанд. 13 октябр маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тибқи муқаррароти расмии пазироии меҳмонони олимақом дар саҳни фахрии Маҷмааи Артиши миллии Фаронса доир гардид.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба саҳни ҳавлии Маҷмааи Артиши миллӣ ташриф оварданд. Барои баргузории ин чорабинӣ макони он идона ороста шуда, парчамҳои ҳар ду давлат овезон гардид ва горди фахрӣ барои истиқболи меҳмони олиқадр саф кашид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Котиби давлатии Вазорати Аврупо ва корҳои хориҷии Фаронса Жан-Батист Лемуан ва генерал-лейтенанти мақомоти низомии шаҳри Париж Лоран Пронса истиқбол гирифтанд. Сурудҳои миллии ҳар ду давлат садо дода, сипас, горди фахрӣ аз назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қадамзании мутантан гузашт. Баъди анҷоми гузашти горди фахрӣ муаррифии ҳайатҳои расмии ду ҷониб сурат гирифт. Бо ҳамин маросими истиқболи расмӣ дар саҳни фахрии Маҷмааи Артиши миллии Фаронса ба анҷом расид.
13 октябр сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Фаронса бо маросими истиқболи расмӣ дар назди Қасри Елисей оғоз гардид. Меҳмони олиқадр, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Фаронса муҳтарам Эммануэл Макрон гарму самимӣ истиқбол гирифт.
Баррасии масоили ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба дар мулоқоти хоссаи сарварони давлатҳо оғоз гардида, дар музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду кишвар идома ёфт.
Ҷонибҳо зимни мулоқот ҳамкории самарабахши машваратҳои сиёсии байниидоравӣ, тавсеаи ҳамкории бештар дар бахшҳои гуногуни энергетика, металлургия, саноати сабук ва химия, мошинсозӣ ва истихроҷи канданиҳои фоиданокро таҳлил карда, онҳоро самтҳои афзалиятноки ҳамкории ду кишвар номиданд. Имкониятҳои васеи ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёти логистикӣ, телекоммуникатсионию электронӣ, кишоварзӣ ва рушди инфрасохтори туризм низ баррасӣ шуданд.
13 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Фаронса муҳтарам Эммануэл Макрон дар маросими ифтитоҳи Намоиши нигораҳои Тоҷикистон таҳти унвони “Тоҷикистон - кишвари дарёҳои тиллоӣ” дар Осорхонаи "Гимей"-и Ҷумҳурии Фаронса иштирок карданд.
Сарварони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Эммануэл Макрон дар Намоиши нигораҳои Тоҷикистон таҳти унвони “Тоҷикистон - кишвари дарёҳои тиллоӣ” бо нигораҳои нодир шинос шуданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамтои худ Эммануэл Макрон таъриху тамаддуни миллати шарафманди тоҷик, саҳми фарзандони баруманди тоҷик дар рушди тамаддуни башарӣ, мавзеъҳои таърихӣ, давлатдории тоҷикон дар асрҳои гуногун ва қадима будани сарзамини ганҷхези Тоҷикистонро муаррифӣ карданд. То ба имрӯз ин бузургтарин намоиши Тоҷикистон аст, ки дар қитъаи Аврупо ба ҷаҳони Ғарб пешкаш гардид.
14 октябр дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Рӯзи фарҳанги Тоҷикистон дар ЮНЕСКО иштирок ва суханронӣ карданд.
Дар ин чорабинӣ, ки ба 75-умин солгарди таъсисёбии ЮНЕСКО рост омад, Мудири кулли ЮНЕСКО хонум Одри Азуле ва шумораи зиёди намояндагони кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид ширкат варзиданд.
Зимни суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз амалӣ намудани лоиҳаҳое, ки дар рушди маорифу илм, ҳифзи мероси фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии кишвар барои наслҳои оянда саҳми назаррас доранд, изҳори қаноатмандӣ карданд.
Пас аз суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Мудири кулли ЮНЕСКО хонум Одри Азуле барномаи ҳунарии устодони санъати Тоҷикистон ва ҷавонони соҳибистеъдод дар доираи Рӯзи фарҳанги Тоҷикистон дар ЮНЕСКО баргузор шуд. Барномаи мазкур аз ҷониби намояндагони сершумори кишварҳои олам бо хушнудии комил пазироӣ ёфт.
28 ноябр дар шаҳри Ашқободи Туркманистон 15-умин Саммити сарварони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) баргузор гардид. Зимни суханронӣ Сарвари давлат оид ба буҳрони шадиди иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва молиявии ҷаҳонии дар натиҷаи ҳамагирии COVID-19 баамаломада, андеша ронда, изҳори умед намуданд, ки натиҷаҳои Саммити имрӯза ба истифодаи беш аз пеши неруи Созмон ҷиҳати рафъи оқибатҳои пандемия ва таъмини рушди устувор дар минтақаи он мусоидат хоҳанд кард. Аз рӯйи натиҷаи кори 15-умин Саммити сарварони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ “Консенсуси Ашқободӣ оид ба амалҳо” қабул гардид.
Дар охир месазад бори дигар рӯйдодҳои муҳими кишвари соҳибистиқлолро дар соли 2021 ёдовар шавем. Инҳо бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлили сазовори Ҷашни умумимиллии 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 28-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар доираи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор кардани ҷаласаи Шурои сарварони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, мулоқоти сарварони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар мавзуи Афғонистон, вохӯрии 16-уми котибони шуроҳои амнияти кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мебошанд. Бояд гуфт, ки Ҷаласаи Шурои сарварони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба солгарди 20-уми таъсисёбии ин Созмони бонуфуз рост омад.
Соли 2021 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми сарбаланди кишварро ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳният гуфта, онҳоро барои амалисозии нақшаҳои созанда ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳидоят карданд.
Умед аст, ки мардуми шукргузори мамлакат дар соли 2022 низ чун солҳои пешин барои сарсабзу хуррам гардондани сарзамини аҷдодӣ беш аз ҳарвақта ҷаҳду талоши созанда менамоянд.
Абдуфаттоҳ ШАРИФЗОДА,
котиби матбуоти Президенти Тоҷикистон,
доктори илми таърих, профессор,
Самариддини АЙНИДДИН,
муовини роҳбари хадамоти матбуоти
Президенти Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 30.03.2022 №: 60 Мутолиа карданд: 2481