Хабарҳо
САФАРИ КОРИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БА ШАҲРИ АЛМААТО
28 марти соли 2022 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо ҳайати намояндагии парлумони кишвар ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шурои Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки ба муносибати 30-солагии таъсисёбии созмони мазкур доир гашт, ба шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон сафар кард.
Тавре Наврӯз Қурбонзода, ёвари Раиси Маҷлиси миллӣ оид ба робита бо воситаҳои ахбори омма ва созмонҳои ғайридавлатӣ, ба «Ҷумҳурият» хабар дод, дар ин сафар Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олиро раисони як қатор кумитаҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд.
МУЗОКИРОТИ ҲАЙАТҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ҚАЗОҚИСТОН
Дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Алмаато Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ва Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон Маулен Ашимбаев бо иштироки ҳайатҳои Маҷлиси миллӣ ва Сенати Парламент мулоқот доир намуданд.
Дар суҳбат вазъ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла тавсеаи робитаҳои байнипарламентӣ, баррасӣ шуданд. Ҷонибҳо дар остонаи таҷлили 30-солагии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба аҳамияти фаъ-олияти созмони мазкур мубодилаи афкор намуда, нақши онро дар таҳкими ҳамкорӣ миёни парламентҳои ИДМ муҳим арзёбӣ карданд.
Рустами Эмомалӣ бо қаноатмандӣ зикр кард, ки ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистон ва Қазоқистон фаъол гардида, баъди ба имзо расидани Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон боз ҳам густариш хоҳанд ёфт.
Ҷонибҳо, ҳамчунин, масъалаҳои ҳамкориҳои иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитариро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳи роҳбарон ва аъзои ҳайатҳои парламентии давлатҳои узви ИДМ дар маросими гулгузорӣ дар маҷмааи Шараф, ки дар ҳудуди боғи «28 панфиловчӣ»-и шаҳри Алмаато ҷойгир аст, ширкат намуд.
ТОҶИКИСТОН БА ФАЪОЛИЯТИ АССАМБЛЕЯИ БАЙНИПАРЛУМОНӢ АҲАМИЯТИ ҶИДДӢ МЕДИҲАД
29 март дар шаҳри Алмаато Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи тантанавии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок ва суханронӣ кард.
Кори ҷаласа таҳти раёсати Раиси Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои узви ИДМ, Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Валентина Матвиенко сурат гирифт.
Дар он, ҳамчунин, Раиси милли Меҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон, Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Арманистон, Раиси Шурои Ҷумҳурии Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Беларус, Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон, муовини Раиси Маҷлиси Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон, Раиси Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон, муовини якуми Раиси Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия, Раиси Сенати Оли Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Раиси Меҷлиси милли Генгеши Туркманистон ва муовини раиси Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд.
Аъзои шуро оид ба санаи муҳими 30-солагии Ассамблеяи байнипарламентӣ андеша ронда, таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳоро дар доираи созмон зарур шумориданд.
Рустами Эмомалӣ дар суханронии худ таъкид дошт, ки дар тули 30 сол Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил муҳимияти нақш ва афзалияти худро ҳамчун шакли универсалии ҳамкории байнипарламентӣ собит намуд ва имрӯз ҳамчун сохтори босамари байнипарламентӣ эътироф гардидааст.
- Тоҷикистон ба фаъолияти Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аҳамияти хос дода, палатаҳои Маҷлиси Олӣ ҳамкории густурдаро бо сохторҳои Ассамблея ба роҳ мондаанд. Дар ин давра мо сиғаи Ассамблеяро ҷиҳати таҳкими муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии байни кишварҳо, нигоҳдошт ва густариши робитаҳои тарафайни дуҷонибаю бисёрҷониба бо давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил фаъолона истифода намудем, - гуфт Рустами Эмомалӣ.
Дар ҷараёни ҷаласа оид ба масъалаҳои дигари рӯзнома мубодилаи афкор сурат гирифта, қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Л. ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 916