Хабарҳо
"ҶУМҲУРИЯТ". ҒОЛИБОНИ МУСОБИҚАИ НАВРӮЗӢ ҚАДР ШУДАНД
Тавре медонем, ҳамасола дар арафаи Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар кишвар чорабиниҳои варзишӣ гузаронда мешаванд. Дар Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон - рӯзномаи “Ҷумҳурият” низ бо иқдоми роҳбарият бахшида ба ҷашни аҷдодӣ мусобиқа оид ба тенниси рӯйи миз доир гашт.
Тибқи низомнома, сабқат дар ду лига – лигаи аввал ва лигаи дуюм миёни мардон ва бонувон ҷолибу диданӣ сурат гирифт.
Дар лигаи аввал байни мардон Сайфулло Ашуров бар рақибони худ пирӯз гардид. Зинаҳои дуюму сеюмро Фирӯз Ҷумъазода ва Маҳмуд Мирзоён касб намуданд. Дар лигаи дуюм пирӯзӣ насиби Шарифҷон Раҷабов гашт. Ду зинаи ифтихории дигар насиби Фирӯз Немонов ва Зикруллоҳ Раҷабзода шуд.
Дар лигаи аввал миёни бонувон ғалаба насиби Лола Ризоева гардид. Ҷойҳои дуюм ва сеюмро мутаносибан Нигина Раҳмонова ва Моҳира Сангмамадова ишғол карданд.
Ба Меҳрона Зувайдона муяссар гашт, ки ғолиби лигаи дуюм гардад. Мақомҳои дуюму сеюмро дар лигаи дуюми занона Барноз Раҳмоншоева ва Мафтуна Бахтибекова гирифтанд.
Дар ҷамъбасти мусобиқа ғолибон бо туҳфаҳои молиявӣ сарфароз гаштанд.
“ҶУМҲУРИЯТ”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 761