Хабарҳо
ҶАҲОН ДАР ЯК САТР
ТАСС. Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Россия, натоиҷи музокироти Россияву Украина дар Истанбулро арзёбӣ кард. Ба фикри ӯ, дар ин кор пешравии мусбат мушоҳида мешавад.
РБК. Президенти Россия Владимир Путин зимни суҳбати телефонӣ бо Канслери Олмон Олаф Шолс барои ҷалби коршиносони ҳар ду кишвар ҷиҳати баррасии масъалаи пардохти қарордоди газ бо рубл ба мувофиқа расиданд.
Росбалт. Ҳукумати Беларус бо қарори худ содироти биринҷ, ғалладонагӣ ва орди сабӯсдори ҷавдор ё ҷав, инчунин, макаронро муваққатан манъ кард. Гуфта мешавад, ки ин тадбир бо мақсади ҷилавгирӣ аз камбуди ғизо ва таъмини амнияти ғизоии кишвар ҷорӣ шудааст.
ТАСС. Механизми ҳамоҳангсозӣ ва ҳамкории кишварҳои ҳамсояи Афғонистон дар банизомдарории вазъ дар ин кишвар нақши созанда дорад. Дар ин бора Си Ҷинпин, Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин, дар паёми худ ба ширкаткунандагони конфронси сеюми вазирони кишварҳои ҳамсояи Афғонистон изҳори назар кардааст.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 827