Хабарҳо
Нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон
Ҳайати Тоҷикистон дар сеюмин нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон (Чин, Эрон, Покистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Россия), ки 31 март дар Чин баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард. Ҳайати Тоҷикистонро вазири адлияи кишвар Музаффар Ашуриён роҳбарӣ мекунад, - хабар медиҳад АМИТ “Ховар” бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷӣ.
Дар нишаст ҳамоҳангсозии талошҳои минтақавӣ дар самти башардӯстона ва иҷтимоию иқтисодӣ, кумак ба Афғонистон, инчунин, ҳамоҳангсозии равишҳо дар муқобила бо таҳдидҳои паҳншавии терроризм ва қочоқи маводи мухаддир, ки аз Афғонистон бармеоянд, баррасӣ хоҳанд шуд.
Душанбе. Ҷамъбасти мусобиқаи велосипедронӣ
30 март бо баргузории сабқатҳо миёни устодон ва ҳаваскорон, Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ дар шоҳроҳ, ки 25 март дар шаҳри Душанбе оғоз гардида буд, ҷамъбаст гашт.
Дар рӯзи охири ин чемпионат велосипедронони тоҷик соҳиби 6 медал (2 тилло, 2 нуқра, 2 биринҷӣ) гардиданд.
Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар рӯзи охир устодони варзиши велосипедронӣ дар масофаи 61 км ва ҳаваскорон дар масофаи 111 км сабқат карданд.
Мусобиқа миёни устодони варзиши велосипедронӣ аз рӯйи 5 синну сол баргузор гардида, намояндагони Ӯзбекистон, Амороти Муттаҳидаи Араб ва Тоҷикистон ғолиб шуданд. Дар мусобиқаи даставии устодон тими Ироқ пирӯз омад.
Низомиддин Сафаров - беҳтарин донишҷӯйи ИДМ
Донишҷӯйи факултети идоракунии давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Сафаров сазовори дипломи дараҷаи I ва медали «Беҳтарин донишҷӯйи ИДМ» гардид.
Тавре аз Академияи идоракунии давлатӣ хабар доданд, Низомиддин Сафаров дар лоиҳаи «IV нашриёти байналмилалии китоби «Беҳтарин донишҷӯ», ки миёни муассисаҳои илмӣ-таълимии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бахшида ба 30-солагии Иттиҳод амалӣ шуд, иштирок намуд.
Озмуни мазкур аз тарафи Ташкилоти ҷамъиятии «Ассотсиатсияи байналмилалии олимони ҷавон» ва Иттиҳоди шахсони ҳуқуқӣ дар шакли Ассотсиатсияи «Ҳаракати умумимиллии Бобек» миёни омӯзгорон ва олимони ҷавони кишварҳои ИДМ сурат гирифт.
92,2 фоизи аҳолии кишвар бар зидди COVID-19 эм гирифт
То 27 март дар Тоҷикистон 5 миллиону 162 ҳазору 424 нафар, яъне 92,2 фоизи аҳолӣ бар зидди бемории коронавируси COVID-19 эм гирифт.
Инчунин, бо вояи дуюми ваксина то санаи зикргардида 4 миллиону 900 ҳазору 199 нафар ё 87,5 дарсади шаҳрвандон фаро гирифта шуд. Дар ин бора Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ иттилоъ дод.
Вояи сеюми ваксинаро санаи мазкур 189922 нафар ё 19,5 фоиз гирифтааст. Имрӯзҳо сокинони кишвар бо масъулияти баланд барои ҳифзи саломатии худ ва наздиконашон ба муассисаҳои тиббии маҳаллӣ муроҷиат намуда, ваксинаи зидди сироят мегиранд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 693