logo

Хабарҳо

Ҷонибдорӣ аз ташаббусҳои Тоҷикистон

Дар шаҳри Тунсии Ҷумҳурии Мардумии Чин нишасти сеюми вазирони ҳамсоякишварҳои Афғонистон баргузор шуд, ки дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири адлия Музаффар Ашуриён ширкат намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷӣ хабар медиҳад.
- Тоҷикистон имконоти логистикии худ, аз ҷумла шаш пул дар марз бо Афғонистонро, барои интиқоли борҳои башардӯстона аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ ба Афғонистон фароҳам оварда, илова бар ин, интиқоли неруи барқро ба ин кишвар идома медиҳад. Мо омодаем минбаъд низ ба ин раванд ҳамаҷониба мусоидат намоем, то заминаҳои зарурӣ барои истиқрори сулҳу субот, амният ва эҳёи иҷтимоию иқтисодии онро дар сарзамини азияткашидаи Афғонистон фароҳам оварем, - гуфт М. Ашуриён.
Дар нишаст изҳороти муштарак қабул шуд. Дар он дар баробари пешниҳодҳои дигари Тоҷикистон, ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъсиси «камарбанди амниятӣ» дар атрофи Афғонистон дарҷ ёфт.
 
 
Хуҷанд. 165 000 сомонӣ грант барои занони ҳунарманд ва эҷодкор
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд озмуни «Гранти раиси шаҳр оид ба дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманд ва эҷодкор барои соли 2022»-ро эълон намуд, ки аз 40 грант иборат буда, маблағи умумии он беш аз 165 ҳазор сомонист. Дар ин бора Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр хабар дод.
Грантҳо барои дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманд ва эҷодкор пешбинӣ шудаанд. Аз ҷумла, 5 грант дар ҳаҷми 8 ҳазор сомонӣ, 10 грант дар ҳаҷми 5 ҳазор сомонӣ ва 25 грант дар ҳаҷми 3  ҳазор сомонӣ мебошанд.
 
 
Иштироки 8 паҳлавони тоҷик дар мусобиқаи «Antalya Grand Slam 2022»
Аз  1 то  3 апрел дар шаҳри Анталияи Туркия  мусобиқа  оид  ба намуди  гӯштии дзюдо -  «Antalya Grand Slam 2022» баргузор мешавад. Дар сабқат иштироки 535 варзишгар (319 мард, 216 зан) аз 65 давлат дар назар аст, - иттилоъ медиҳад Федератсияи дзюдои Тоҷикистон.
Дар ин нерусанҷӣ дастаи  мунтахаби дзюдои  Тоҷикистон дар ҳайати 8 варзишгар: Меҳрзод Сӯфиев, Абубакр Шеров, Шаҳбоз Саидаброров, Сомон Маҳмадбеков, Комроншоҳ Устопириён, Ҷаҳонгир Маҷидов, Абубакри Акобир, Темур Раҳимов ширкат мекунад.
Қувваозмоиҳо дар ҳафт вазн миёни мардҳо ва ҳафт вазн миёни бонувон сурат мегиранд. Ғолибону ҷоизадорон дар баробари медал бо ҷоизапулӣ низ қадр мегарданд – ҷойи аввал 5000 евро, дуюм 3000 ва сеюм 1500 евро.
 
Лашкар ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият” 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 981
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед