Хабарҳо
ҲАЙАТИ БАТР ДАР БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бо ҳайати Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) таҳти роҳбарии директори идорӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ хонум Жужанна Харгитай, роҳбари Намояндагии БАТР дар Тоҷикистон хонум Рика Ишии ва директори минтақавии БАТР дар Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон хонум Айтен Рустамова мулоқот намуд.
Дар рафти вохӯрӣ вазъи молиявии ҷаҳон ва таъсири он ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, ҳамкориҳои пурсамар ва дастгирии доимии БАТР дар рушди иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон, аз ҷумла дар бахши низоми бонкӣ, мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифт.
Ҳоким Холиқзода ба ҳайати БАТР барои ҳамкории самарабахши бисёрсола ва дастгирии доимӣ дар рушди иқтисодиёти кишвар, бахусус пешниҳоди кумакҳои молиявию техникӣ ба низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон, изҳори миннатдорӣ намуда, зикр кард, ки дар натиҷаи ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд аз ҷониби БАТР ба иқтисодиёти Тоҷикистон беш аз 800 миллион евро сармоягузорӣ шуд.
Мавсуф саҳми БАТР-ро дар таҳкими низоми бонкии кишвар, аз ҷумла тақвият бахшидани идоракунии корпоративӣ, рушди бозори асъор ва сармоя, мукаммал гардондани сиёсати пулию қарзӣ, баланд бардоштани тахассуси кормандони бахши низоми бонкии мамлакат, назаррас арзёбӣ намуд. Ҳамзамон, бо истифода аз имкониятҳои бартаридоштаи ин институти молиявии бонуфуз аз директори идории БАТР барои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар роҳандозии муносибатҳои муросилотии бонкҳои Тоҷикистон бо бонкҳои Аврупо ва давлатҳои минтақаи Шарқ даъват ба амал овард.
Жужанна Харгитай аз ҳамкории пурсамари ҷонибҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, ба вазъи молиявӣ, аз ҷумла низоми бонкии Тоҷикистон дар давраи буҳронӣ, таваҷҷуҳ зоҳир намуда, изҳор дошт, ки минбаъд аз рӯи натиҷаи омӯзиши вазъи феълии минтақа аз ҷониби коршиносони БАТР бо назардошти таҳримҳо, имкониятҳои ҳамкорӣ дар самти ба роҳ мондани муносибатҳои муросилотӣ баррасӣ мешаванд. “То ҳадди имкон мо кӯшишҳои худро дар ин самт дучанд мегардонем ва ин масъала дар дафтари асосӣ мавриди омӯзиш қарор хоҳад гирифт”, - гуфт хонум Жужанна Харгитай. Мавсуф ташаккули иқтисодиёти сабз, тақвият додани идоракунии корпоративӣ, рушди низоми суғурта, такмил додани қонунгузории соҳаи бонкиро барои дурнамои ҳамкорӣ самтҳои афзалиятнок хонд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
“Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1130