Хабарҳо
ӮЗБЕКИСТОН.СУФРАИ НАВРӮЗИИ ТОҶИКОН БАҲОИ БАЛАНД ГИРИФТ
Дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Иди байналмилалии Наврӯз ҳар сол хеле бошукӯҳ ҷашн гирифта мешавад. Имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои ин кишвар тантанаҳои наврӯзӣ идома доранд. Яке аз чунин чорабиниҳо дар саҳни Донишгоҳи журналистика ва коммуникатсияҳои оммавии Ӯзбекистон баргузор гашт. Дар он намояндагони миллатҳои гуногун дастаҷамъона суфраҳои идона густурданд. Ҷавонон назди ҳар як суфра парчамҳои кишварҳои худро овехта буданд.
- Ман аз вилояти Сурхондарё ва донишҷӯйи курси чоруми ин Донишгоҳ мебошам. Дар Донишгоҳ даҳҳо нафар писарону духтарони тоҷиктабор таҳсил мекунанд, ки аз шаҳру вилоятҳои гуногуни Ӯзбекистон омадаанд,- мегӯяд Беҳрӯз Хурсанов.
Ба гуфтаи ректори Донишгоҳ Шерзодхон Қудратхӯҷа, ҷавонони тоҷик дар ҳамаи корҳои он фаъол ҳастанд. Дар ин ҷашнвора низ онҳо суфраи беҳтарини идона оростанд.
Дар ин маросим меҳмонони зиёд бо намояндагӣ аз корпусҳои дипломатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, донишгоҳҳои гуногуни шаҳри Тошканд ва хабарнигорони расонаҳои гуногун чанд лаҳза дар назди суфраи наврӯзии ҷавонони тоҷик таваққуф намуданд. Таваҷҷуҳи онҳоро бештар ғизои тоҷикон - қурутоб ба худ ҷалб намуд. Онҳо донистан мехостанд, ки ин ғизо чӣ гуна тайёр карда мешавад.
- Як гурӯҳ духтарони тоҷик ба хонаи мо омаданд ва хоҳиш карданд, ки барои суфраи наврӯзии онҳо қурутоб омода созем. Не гуфта натавонистам. Ҳама дарҳол даст ба кор шудем. Духтарон дар дастрас намудани маҳсулоти қурутоб қаблан омодагӣ гирифта будаанд. Хурсандибахш аст, ки қурутоби мо суфраи идонаи донишҷӯёни тоҷикро зеб медиҳад ва мавриди таваҷҷуҳи зиёд низ қарор мегирад, - мегӯяд бо ифтихор корманди Сафорати Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Садбарг Ғаниева.
Мирасрор АҲРОРОВ,
барои “Ҷумҳурият”,
шаҳри Тошканд
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1120