Хабарҳо
ҶАҲОН ДАР ЯК САТР
Мир24. Рӯзҳои синамои Ӯзбекистон дар Тоҷикистон баргузор мешаванд. Дар кинотеатри “Душанбе” маросими ифтитоҳи чорабинӣ оғоз гардид.
ТАСС. Намояндаи вижаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Россия Мелита Вуйнович изҳор намуд, ки як қатор коршиносон муътақиданд, “омикрон” метавонад охирин штамми коронавирус бошад.
Известия. Коршиносон оид ба натоиҷи интихоботи президентӣ дар Фаронса пешбинӣ карданд, ки дар он Президенти феълӣ, марказгаро Эммануэл Макрон ва намоди ростгароёни фаронсавӣ Марин Ле Пен пешсаф боқӣ мемонанд.
CentralAsia (UZ). Порлумони Тоҷикистон ба Созишномаи байни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар бораи сафарҳои мутақобилаи шаҳрвандон аз 9 марти соли 2018 тағйироту иловаҳо ба тасвиб расонд. Шаҳрвандони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон акнун метавонанд то 10 рӯз бидуни сабти ном дар кишварҳои ҳамдигар бимонанд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1571