фарҳанг
ШОМИ ШАНБЕ
ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
МУАММОИ «ХАНДА»
1. Наздам биё … ханда зи ман дур шудааст. 2. Асарҳои вазну қофиядор. 3. Фурудгоҳи Бишкек. 4. Унсури кимиёвӣ. 5. … Рустам зи гуфтори ӯй. 6. Ханда ҳам … инсонро табобат мекунад. 7. ИТАР … Агентии иттилоотии Россия . 8. Найза бо арабӣ. 9. Нахандад замин, то… ҳаво. 10. Мурғи беболу паре дидам … омад ба ёд. 11. Як бори дигар ханда ба лаб … бошад. 12. Театр дар шаҳри Душанбе. 13. Адиби ҳаҷвнависи турк. 14. «Ирфон», «Адиб», «Дониш». 15. Персонажи латифаҳои қадимаи тоҷикӣ. 16. Неругоҳи барқи обӣ дар Тоҷикистон. 17. Маркази Адигеяи Россия. 18. Шоҳи Рус, ки Санкт-Петербургро сохтааст. 19. Яке аз забонҳои расмӣ ва кории СҲШ. 20. Як навъ ё шакли хандаи маънидор. 21. Ҷурахон … муаллифи асари «Чаманоро». 22. Асари Убайди Зоконӣ. 23. Овозхони рус … Варум.
Таҳияи Даврон РАҲМОНОВ, сокини ноҳияи Данғара
ЮСУПОВ АБДУҶАЛИЛ ВА ҲОТАМИ ҲОМИД – ҒОЛИБОНИ РУБРИКА
Рубрикаи навбатии «ИНТЕЛЛЕКТ +» - и саҳифаи «Шоми шанбе» ҷамъбаст гардид. Ҳамарӯза аз тамоми гӯшаву канори кишвар нафарони зиёд бо мо тамос гирифта, ҷавобҳои худро пешниҳод менамуданд. Тибқи хулосаи ҳакамон миёни ширкаткунандагон Юсупов Абдуҷалил, сокини шаҳри Ваҳдат ва Ҳотами Ҳомид, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, барои пешниҳоди муаммову чайнвордҳо ғолиби рубрика дониста шуданд.
Ҷавоби муаммои «Наврӯз» аз 18 марти соли 2022
1. Наврӯзнома. 2. Афродита. 3. Аҷам. 4. Меҳргон. 5. Наврӯз. 6. Зоҳид. 7. Дамованд. 8. Дилкушо. 9. Обнус. 10. Сада. 11. Аккорд. 12. Дунай. 13. Йод. 14. Док. 15. Коста. 16. Ангара. 17. Архаизм. 18. Маракана. 19. Артек. 20. Кӯлоб. 21. Баҳористон. 22. Навбаҳор. 23. Роғун. 24. Нилуфар. 25. Раҳима. 26. Асои. 27. Ишкошим. 28. Миҷгон. 29. Нодар.
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-40
Вайбер: 93-547-00-05,
bzm_701@mail.ru
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
МО ҲАМААМОН ДУЗДЕМ
Пётри Бузург аз якбора зиёд шудани дуздиву ғоратгарӣ дар ҳудуди кишвараш ниҳоят ба ғазаб омада, дар ҳузури Сенат таъкид мекунад: «Ба Худо қасам ин амали касифро дар саросари мамлакат решакан месозам». Сипас, ба генерал-прокурори вақт Павел Иванович Ягужинский дастур медиҳад: «Аз номи ман фармон содир намо, ки ҳар нафаре, ки ба қимати як арғамчин дуздӣ мекунад, ба дор овехта шавад». Генерал-прокурор, ки, аллакай, қалам ба даст гирифта буд, лаҳзае ба фикр фурӯ меравад ва сипас, ба шоҳ арз мекунад: «Пётр Алексеевич бояд аз оқибати чунин як фармон андеша кунем…».
– Навис, ки ман ба ту супориш додаам, аз аспи ҷаҳл фуруд намеояд шоҳ. Прокурор чун мебинад, ки илоҷи дигар нест, зери лаб табассум мекунад ва мегӯяд: «Аълоҳазрат, шумо мехоҳед, ки дар як шоҳигарии бузург худатон танҳо бе ягон дарборӣ бимонед? Охир, мо ҳамаамон дуздем, танҳо касе камтар медуздаду нафари дигар зиёдтар. Ба ҳар ҳол агар фармони шумо тасдиқ шавад, дар дарбор яқинан хизматгор намемонад. Пётри Бузург ба чашми генерал-прокурор ҳайрон менигарад, маънидорона ба табассуми ӯ гӯё ҳамроҳ мешавад ва аз тасдиқи фармонаш худдорӣ мекунад.
Аз русӣ тарҷимаи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ
ҚУДРАТИ ИНСОН
11. АНДРЕА БОЧЕЛЛИ
Яке аз маъруфтарин мутрибон, баландтарин овози мардона (тенор), нависандаю продюсери дӯстдоштаи ҳама давру замон Андреа Бочеллии маъюб низ бо сарсахтию қавииродагияш номи худро дар таърихи мусиқии ҷаҳонӣ барои ҷовидона сабт намудааст.
Бочелли, ки модарзод бо бемории глаукома (иллати чашм) ва қисман нобино таваллуд шуда буд, волидайн тасмим мегиранд, ки меҳри фортепианоро дар дилаш ҷо намуда, ӯро бо ҳамин сози мусиқӣ саргарм созанд. Ҳамин тавр, Бочелли то синни шашсолагӣ нозукиҳои фортепианоро омӯхта, оҳиста-оҳиста ба сурудхонӣ рағбат пайдо мекунад. Мутаассифона, дар синни 12-солагӣ ҳангоми бозии футбол ба сараш зарбаи сахт хӯрда, дар натиҷа пурра нобино мешавад. Бо вуҷуди ин, иродаи мустаҳкам, ки дошт, ба тақдир тан надода, бештар аз пештар ба омӯзишу такмили истеъдодаш камари номус мебандад. Махсусан, пешравиҳояш дар риштаи овозхонӣ дар як муддати кӯтоҳ атрофиёнро ба ҳайрат меоварад.
Ҳамин талошҳои хастанопазираш буданд, ки Андреа Бочеллии нобино аз маҳсули заҳмату эҷодаш зиёда аз 75 миллион пластина фурӯхта, дар қатори маъруфтарин шахсиятҳои олами мусиқӣ мавқеъ мегирад.
Аз русӣ тарҷимаи Самад ҚУРБОНАЛӢ
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
Ҳар кас, ки кам хӯрок мехӯрад, умри дароз мебинад. Пурхӯрон бо қошуқу «вилка» қабри худро худашон мекананд.
Аз русӣ тарҷимаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ
ЯК ПАНДИ МАРАДОНА
Марадонаи достонзеб, ки мубталои маводи мухаддир дар беморхонаи махсус ба қавле руҳу равонашро табобат мекард, баъди рухсат шудан, ҳарфи аҷибе мезад: "Он ҷо девонаҳо зиёд буданд. Яке мегуфт, ки ман Че Гевара ҳастам, ҳама бовар мекарданд, дигаре мегуфт, ман Конди ҳастам, ҳама қабулаш менамуданд, вале вақте ман гуфтам, ки Марадона ҳастам, ҳама хандиданд ва гуфтанд, ки ҳеҷ кас Марадона шуда наметавонад".
Футболбози машҳуру оламгир аз ин бардошти девонаҳо воқеан, хиҷолат мекашад, ки баъдҳо чунин насиҳат мекунад:
- Такаббур инсонро мекушад. Онҳое, ки ин хислати ношоистаро дар худ ҳамчун одат камол додаанд, баъзан ба таври ногаҳонӣ ба доме меафтанд, ки ҳеҷ гоҳ чашмдораш набуданд. Аз таҷрибаи талхи худам мегӯям, ки то ҳастем бояд худро, пеш аз ҳама, ҳамчун инсон идора кардаву дошта тавонем. Бинед, баргҳо ҳам замоне мерезанд, ки фикр мекунанд, тилло шудаанд».
Таҳияи Нигина РАҲМОН
БЕРУН АЗ СИЁСАТ
СИ ҶИНПИН – МУХЛИСИ РОМАНҲОИ РУСӢ
Чеҳраи аввали Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин мисли аксари сиёсатмадорон мутолиаи китобҳоро дӯст медорад. Аз хонандагони ашадии носирони маъруфи рус Достоевский, Толстой ва Шолохов буда, соатҳо сар аз китоб намебардорад.
Дар фасли гармо агар вақти холиро бо бозидани футбол, ҷанги махсуси чинӣ паси сар кунад, дар сармо яке аз фаъолони сайёҳии кӯҳист. Қариб бо ҳама намудҳои бозиҳои зимистона машғул мешавад.
Си Ҷинпини 69-сола дар идора ҳам сиёсати аҷиб дорад. Ӯ тарзи корбариро дар идора зуд-зуд тағйир медиҳад, то ба ҳолу ҳавои роҳбарии ӯ атрофиён одат ва аз он суиистифода накунанд.
Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР
РӮЗИ ХАНДА
Тахмин меравад, пайдоиши Рӯзи ханда – 1 апрел бо гузариш ба тақвими григорианӣ низ алоқаманд аст, ки он аз ҷониби Папа Григорий соли 1582 ҷорӣ шудааст. Дар он вақт Соли нав на 1 январ, балки дар охири моҳи март ҷашн гирифта мешуд.
Пас аз он ки шоҳ Чарлзи IX солҳои 1563-1564 дар Фаронса тақвимро ислоҳ карда буд, ҳафтаи наврӯзӣ аз 25 март оғоз гардида, 1 апрел ба анҷом расид, бисёриҳо ин анъанаро нигоҳ доштанд. Ҳафтаи Соли навро бо шеваи куҳна таҷлил мегирифтанд. Дигарон шӯхиву масхара намуда, ба онҳо туҳфаҳои хандаовар тақдим мекарданд ва «Апрел» меномиданд. Маҳз ҳамин боис шуд, ки имрӯз 1 апрел ҳамчун Рӯзи ханда маъмул гашт.
Таҳияи Оҳистамоҳ ВАФОБЕК
ФАКТҲОИ ҶОЛИБ ДАР БОРАИ МУЪҶИЗАҲОИ ТАБИАТ
5. ВОДИИ МОҲТОБӢ ДАР ЧИЛИ
(ВАЛЛЕ ДЕ ЛА ЛУНА)
Ҳангоми дар Валле де ла Луна будан кас фикр мекунад, ки гӯё ба Моҳ фуруд омада бошад! Маҷмуи таъсирбахши сохторҳои ғайриодӣ, ки дар натиҷаи шусташавии боду борон ва таъсири шамол ба вуҷуд омадааст, минтақа ва кӯлҳои хушкро, ки ба кратерҳои кайҳонӣ монанданд, ҳусни дигари ҷолибтар бахшида, ин мавзеъро ба фазои ҷаҳони дигар монанд намудааст.
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
4 ИҚТИБОС АЗ АЛБЕРТ ЭЙНШТЕЙН:
- Ман аз дигарон донотар нестам, танҳо нисбат ба дигарон дар ҷустуҷӯйи роҳи ҳалли мушкилот вақти бештар сарф мекунам.
- Дониш танҳо маълумот нест, манбаи дониш таҷриба аст.
- Қоидаҳои бозиро омӯзед, сипас аз дигарон беҳтар бозӣ карданро ёд гиред.
- Намедонам, дар ҷанги сеюми ҷаҳон бо кадом аслиҳа меҷанганд, вале яроқ дар чорумин ҷанги ҷаҳон чӯбу санг хоҳад буд.
Таҳияи Н. РАҲМОН
ДАҲ ҚОИДАИ НӮШИДАНИ ЧОЙ
БА БОЛОИ ШАММА
гаштаю баргашта чой дам накунед
Дар хотир доред, ки баъди дафъаи сеюму чорум болои шаммаи куҳна чой дам кардан дар баргҳои чой заррае чизе фоидаовар боқӣ намемонад. Таҷрибаҳо собит сохтанд, ки вақти чойдамкунии аввал оби ҷӯшида 50 фоиз моддаҳои фоидаовари чойро меҷабад, дафъаи дуюм ин нишондод ба 30 фоиз ва дафъаи сеюм ба 10 фоиз баробар мегардад. Агар навбати чоруму панҷум ҳам болои шамма чой дам кунед, хавфи ба моддаи зараровар табдил ёфтану пайдо шудани ҳашарот ба миён меояд.
Таҳияи Мафтуна БАХТИБЕКОВА
СЕРБИНАНДАТАРИН МАВЗЕЪҲОИ САЙЁҲӢ
ШАҲРИ МАМНУЪ (ПЕКИН, ҶМЧ)
Дарбори императории Чин бо номи «Шаҳри мамнуъ» дар худи маркази Пекин ҷойгир аст. Дар он императорҳо, сар карда аз сулолаи Мин зиндагӣ мекарданд. Дар ҳамин ҷо маросимҳои ҷашнӣ баргузор мегаштанд, давоми панҷ аср муҳимтарин масъалаҳои сиёсӣ ҳал мешуданд.
Дар ҳудуди «Шаҳри мамнуъ» тақрибан 980 рустании гуногун мерӯяд ва худи шаҳр айни ҳол ба осорхона табдил шудааст. Ҳамасола зиёда аз 14 миллион сайёҳи хориҷӣ ва маҳаллӣ ба ин ҷо меояд, ки ин шаҳрро ба сербинандатарин осорхонаи ҷаҳон табдил медиҳад.
Таҳияи Ш. ҚУРБОН
ИНСОН ВА АСРОРИ КОИНОТ
БАЛАНДТАРИН КӮҲ ДАР КАЙҲОН
Дар сайёраҳои системаи офтобӣ кӯҳҳои зиёд мавҷуданд, ки калонтарини онҳо Олимп дар сайёраи Миррих мебошад. Он ба номи кӯҳи Олимп дар Юнон гузошта шудааст. Қабл аз парвози киштиҳои кайҳонӣ, ки кӯҳ будани Олимп дақиқ шуд, астрономҳо онро ҳамчун барф тасаввур мекарданд. Баландии он 26 км ва қутраш 540 км буда, калонтарин ва баландтарин кӯҳ дар сайёраҳои системаи офтобӣ мебошад.
Таҳияи Судобаи ФАЙЗАЛӢ
«БОНУИ НАВРӮЗ - 2022»
ТОҶИКДУХТАР СОҲИБИ ШОҲҶОИЗА ШУД
Дар маркази маъмурии вилояти Свердловск ва чаҳорумин шаҳри бузурги Россия – Екатеринбург озмуни зебоии «Бонуи Наврӯз – 2022» (Miss Navruz-2022) баргузор шуд.
Зебосанамҳои миллатҳои бошқирд, тотор, қазоқ, озарбойҷон, қирғиз, ӯзбек, тоҷик ва чечен сарулибос, таом ва тамсилҳои мардуми худро муаррифӣ карданд, ки дар он намояндаи Тоҷикистон Маҳина Хуҷаеваи 18 - сола соҳиби шоҳҷоизаи озмун гардид. Маҳина Хуҷаева зодаи Тоҷикистон буда, аз 13 - солагӣ бо аҳли оилааш дар Екатеринбург зиндагӣ мекунад.
Таҳияи Лола РИЗОӢ
МАЪРУФТАРИН ОЛИМОНИ ТАЪРИХИ БАШАРИЯТ
ЛЕОНАРДО ДА ВИНЧИ (С. 1452 – 1519)
Леонардо да Винчи рассоми итолиёвӣ ва ихтироъкори давраи эҳё маҳсуб мешавад. Ӯ дар оилаи корманди муваффақи нотариус ва деҳқон ба дунё омадааст. Аз ин, ки олим кӯдаки бидуни никоҳ таваллудшуда буд, насаби хонаводагӣ надошт. «Да Винчи» мафҳуми начандон дуртар аз шаҳри Винчи таваллуд шудани вайро мефаҳмонад.
Леонардо да Винчи узви рассомони Гилди буд ва коргоҳи хусусии худро дошт. Инчунин, бо лоиҳаҳои инженерӣ машғул мешуд. Расмҳои кашидааш зуд ӯро машҳур намуданд.
Дастовардҳои асосии рассом ва ихтироъкор инҳоанд: парашют, асосҳои аппаратҳои парвозкунанда, либоси ғаввосон, тележкаи худҳаракаткунанда (автомошинаи оянда), нурафкан (прожектор) ва ғайраҳо.
Асарҳои маъруфи тасвириаш «Ибодати шоми махфӣ», «Мона Лиза», «Иоанн Крестител) ва «Одами витрувианӣ» мебошанд.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ
ТАВСИЯ
ИЛОҶИ РАҲОӢ АЗ ТАНБАЛӢ
10. АЗ КОРҲОИ СОДА ШУРУЪ КУНЕД
Осонтарин роҳ барои раҳоӣ аз танбалӣ оғоз кардан аз корҳои сода аст. Барои мисол, фардо тасмим доред, ба ҷое равед, аммо ирода надоред ва айни ҳол либосҳоятон ҳам тамйизу дарзмол нест. Кофист, ки корро аз дарзмол кардани либосҳоятон шуруъ кунед ва то қадри имкон вориди маҷро шавед.
Шуруъ кардан аз корҳои сода, мисли душ гирифтан, дарзмол кардани либос ва амсоли ин аз беҳтарин равиш барои равшан кардани муҳаррики ҳаракат ба сӯйи пешрафт ва гурез аз танбалист.
Таҳияи Кароматулло АТО
ҚАТОРА БО МУҲАРРИКИ «АБАДӢ»
Муҳандисони австралиягӣ тасмим доранд, бори нахуст дар олам қатораи фавқулода ва ё бо муҳаррики «абадӣ» - ро бисозанд. Бо тарҳи он ширкати Fortescue Future Industries машғул мешавад ва маблағи буҷавиаш 50 миллион долларро ташкил медиҳад.
Қатора тавассути батареяҳои барқӣ кор хоҳад кард. Ҳадафи асосии он, ин аст, ки батареяҳо бидуни неру гирифтан бо ёрии усулҳои муқаррарӣ истифода мегарданд. Қатора дар минтақаҳои роҳе, ки нишебдор аст, энергияи гравитатсиониро дарёфт менамояд.
Муаллифони лоиҳа зикр намуданд, ки сӯзишвории маъмулӣ танҳо як манбаи энергия мебошад. Зарур аст бифаҳмед, ки манбаъҳои дигар, аз ҷумла энергияи гравитатсионӣ, босамартар, арзонтар ва аз нигоҳи экологӣ тозатар мебошад. Бинобар ин, мебояд, ки онҳоро ба таври фаъол ҷорӣ намуд.
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА
10 МАЪЛУМОТИ ҶОЛИБ
1. Агар тамоми рустаниҳо обро дӯст доранд, саксавул баръакс. Ин дарахти биёбон дар намӣ хушк мешавад.
2. Кактуси амрикоӣ рустаниест, ки бӯяш то масофаҳои дур паҳн мешавад. Бӯйи онро аз масофаи 1,5-2 километр ҳис кардан мумкин аст.
3. Карам рустаниест, ки аз ҳама бисёр об мехӯрад. Агар асп дар як рӯз чӣ қадар об нӯшад, карам ҳамон қадар об истеъмол мекунад.
4. Агар меваҳо тез пазанд, маълум, ки зимистон барвақт меояд.
5.Тирамоҳ баргҳои дарахтон якбора резанд, зимистон қаҳратун мешавад.
6. Анҷир рустаниест, ки гул накарда мебандад (мева медиҳад). Гули вай дар бағали баргаш аст, барои ҳамин ҳам намоён намешавад.
Таҳияи Дорои МУСТАФО
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 01.04.2022 №: 62 Мутолиа карданд: 2510