сиёсат
ПЕШВОИ МИЛЛАТ. ИСТИҚЛОЛ ВА РУШДИ МАОРИФ
Соҳаи маориф бахши ҳаётан муҳими кишвар ба ҳисоб рафта, пайваста зери назари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Пешвои миллат соҳаи маорифро «Омили муҳимтарини таҳкими давлат ва наҷоти миллат» унвон кардаанд.
Барои беҳтар ба роҳ мондани сифати таълиму тарбия аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор барномаҳои муҳими давлатӣ қабул шудаанд, ки рушди минбаъдаи ин соҳаро таъмин менамоянд. Мувофиқи “Барномаи компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ” аксарияти муассисаҳои таълимӣ бо техникаи ҳозиразамони компютерӣ муҷаҳҳаз гардидаанд. Муносибат ба илм дар кишвар дар муддати кӯтоҳ тағйир ёфт ва ҷавонон ба илм бештар рӯ оварданд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҳкими илму маориф дар ҷумҳурӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» (1998) ва як қатор созишномаҳо, аз қабили “Оид ба ҳамкории илмию техникии ҳайати иштирокчиёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил”, “Дар бораи робитаи бевоситаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба ҳамкории илмию техникӣ”, “Оид ба якҷоя истифодабарии объектҳои илмию техникӣ” аз тарафи иштирокчиёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил” ва ғайраро ба тасвиб расонд. Қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва созишномаҳои мазкур омили пешрафти соҳаи илм дар кишвар гардид. Солҳои охир фаъолияти аспирантура ва докторантураи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ хеле боло рафт. Инчунин, Сарвари давлатамон рушди соҳаи маорифро кафолати боэътимоди пешрафт ва ояндаи дурахшони миллат дониста, соли 2010-ро “Соли маориф ва фарҳанги техникӣ” эълон намуданд. Соли маориф ва фарҳанги техникӣ эълон шудани соли 2010 боиси рушди соҳаи маориф, пешрафти кори таълиму тарбия ва баланд шудани донишу малакаи хонандагон гардид. Дар ҷаҳони муосир мамлакатҳое ба дастовардҳои бузург ноил мегарданд, ки ба баланд шудани сатҳи маърифат таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, техникаю технологияи навро ба таври васеъ дар амал ҷорӣ менамоянд. Тоҷикистон низ як ҷузъи ҷомеаи ҷаҳони муосир ба шумор рафта, барномаҳои таълимии худро ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ менамояд.
Аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ барои рушди соҳаи маориф санадҳои муҳиме қабул гардиданд, ки муҳтавоашон ҷавобгӯйи талаботи замони муосир мебошанд. Истиқлолияти комили сиёсӣ ва ваҳдати миллии пойдор ба мо имкон дод, ки барномаҳои зиёди давлатиро ба хотири инкишофи пешрафти соҳаи маориф таҳия ва қабул намоем. Аввалин санади муҳим ин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» мебошад, ки он 27 декабри соли 1993 қабул гардидааст. Бо назардошти пешрафти ҷомеа ва дигаргуниҳои замони муосир ба Қонуни мазкур чаҳор маротиба тағйиру иловаҳо ворид шуданд, ки ҳадафи онҳо баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва ба талаботи ҷаҳони муосир мутобиқ намудани ҳуҷҷатгузории соҳаи маорифи кишвар мебошад. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва баъди хатми мактаби олӣ», «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон», қабул гардиданд, ки нуқтаҳои асосии қонунгузориро дар соҳаи маориф муайян намуда, барои рушди минбаъдаи он заминаи мусоид фароҳам овардаанд. Ба истиснои қонунҳои қабулгардида дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Консепсияи мактаби миллӣ, Консепсияи миллии тарбия, Консепсияи касбинтихобкунӣ, Консепсияи миллии таҳсилот, стандартҳои давлатии таҳсилот, Низомномаи муассисаҳои таълимӣ ва дигар санаду ҳуҷҷатҳоро дар бораи такмилу инкишоф додани соҳаи маориф қабул намуд, ки барои ҳамқадами замон гардидани муҳтавои маълумот дар зинаҳои гуногуни таълим нақши асосиро мебозанд.
Мувофиқи тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» аз 22 июли соли 2013 мақом ва манзалати омӯзгор дар ҷамъият боз ҳам боло бардошта шуд. Муддати 30 соли Истиқлоли давлатӣ дар низоми муассисаҳои олии таълимӣ навгонӣ ва пешравиҳои назаррас ба миён омаданд. Барои ба танзим даровардани таҳсилоти олии касбӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олӣ ва баъди хатми мактаби олӣ» нақши муҳим бозид. Шумораи мактабҳои олӣ низ сол то сол зиёд мешавад. Агар соли 1991 шумораи муассисаҳои олӣ ба 13 адад расад, пас соли 1999 ин нишондиҳанда ба 28 адад расид. Соли хониши 1991 – 1992-ум 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ фаъолият мекард, ки ин шумора дар соли 2019 ба 38 адад расид, ки аз ин миқдор 14 донишгоҳ, 15 донишкада, 3 филиали муассисаи таҳсилоти олии касбии Федератсияи Россия, филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара, Консерваторияи миллӣ ва 4 муассисаи таълимии мақомоти қудратӣ фаъолияти пурсамар доранд.
Ин ҳама дастовардҳо ва комёбиҳои соҳаи маориф натиҷаи сиёсати хирадмандонаву маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Мо – кормандони соҳаи маорифро мебояд, ки ҷавобан ба ғамхориҳои Сарвари давлатамон сатҳу сифати таълимро аз ҳарвақта дида хубтару беҳтар ба роҳ монем.
Машҳурахон АЗИМОВА,
устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, номзади илмҳои педагогика
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 05.04.2022 №: 64 Мутолиа карданд: 1464