иҷтимоиёт
БУЗУРГМАРДИ ЭҲТИРОМУ ЭЪТИБОР
Доктори илмҳои кишоварзӣ, профессор Толиб Набиев дар давоми 52 соли фаъолияти худ дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ва Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон барои инкишофу пешбурди илми кишоварзӣ, соҳаҳои муҷтамаи агросаноатӣ, тайёр намудани мутахассисони баландпоя ва олимони ҷавон саҳми арзанда гузоштааст.
Толиб Набиев соли 1996 дар Академияи кишоварзии шаҳри Москва рисолаи докториро дифоъ намуда, соли 1998 соҳиби унвони профессорӣ, соли 2005 академики Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2007 академики Академияи илмҳои кишоварзии Федератсияи Россия ва соли 2008 академики Академияи байналмилалии мактабҳои олӣ гардидааст.
Номгӯи тадқиқоти илмии ӯ беш аз 300 асару мақолаҳои илмию таълимӣ, аз ҷумла 11 китоби дарсӣ, 9 монография, 14 тавсиянома ва 25 дастури методиро, дар бар мегирад.
Комёбиҳои Толиб Набиев дар соҳаи тадқиқоти кишоварзӣ на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар доираҳои бонуфузи илмии кишварҳои хориҷӣ мавриди эътироф қарор гирифтааст. Ӯ дар конференсияҳои байналмилалӣ дар кишварҳои Ҳиндустон, Чин, Миср, ИМА, Япония, Шветсия, Федератсияи Россия, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Туркманистон бо гузоришҳои илмӣ маъруза ва дастовардҳои илми Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ намудааст.
Самараи заҳматҳои илмӣ ва тадқиқотии Толиб Набиев марҳилаи наверо дар соҳаи кишоварзии Тоҷикистон, хусусан бахши рустанипарварӣ, оғоз кард.
Ҷанбаи муҳими фарқкунандаи тадқиқоти анҷомдодаи Толиб Набиев дар омӯзиши хусусиятҳои биологӣ, агротехникаи парвариши зироатҳои ғалладонагӣ, хӯроки чорво, техникӣ ва, махсусан лӯбиёдонагиҳо, бо мақсади ба даст овардани ҳосили баланди онҳо, таъминот бо сафеда ва равған, илова ба ин, бойгардонии таркиби хок бо нитрогени биологӣ ва ҳосилхез гардондани заминҳои кишоварзӣ ба шумор меравад, ки натиҷаҳои бадастовардааш дар истеҳсолоти кишоварзии ҷумҳурӣ ва берун аз он татбиқи худро ёфтаанд.
Таҳти роҳбарии ӯ тадқиқоти илмӣ оид ба селексия, тухмипарварӣ, таҳия намудани усулҳои парвариши зироатҳои ғалладонагӣ, лӯбиёдонагӣ, техникӣ, хӯроки чорво дар шароитҳои заминҳои обӣ ва лалмии минтақаҳои водии Ҳисор, вилоятҳои Хатлону Суғд гузаронда шудааст, ки дар доираи пайванди илм бо истеҳсолот дар соҳаи кишоварзӣ мавриди истифода қарор дорад.
Профессор Толиб Набиев муаллифи навъҳои ноҳиябандишудаи гандуми «Садоқат» ва «Ориён» дар ҷумҳурӣ мебошад. Зери роҳбарии ӯ 3 нафар рисолаи докторӣ, 9 кас рисолаи номзадӣ дифоъ намудаанд. Ҳоло роҳбарии 2 докторант, 2 аспирант ва 1 унвонҷӯйро ба уҳда дорад.
Китобҳои дарсии ӯ «Растанипарварӣ», «Асосҳои тухмишиносӣ» (бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ), «Асосҳои агрономӣ», «Зироатпарварӣ», «Зироатҳои лӯбиёдонагӣ» ва «Растанипарварӣ бо асосҳои тухмишиносӣ» китобҳои рӯимизии донишҷӯёни равияи биологии донишгоҳу донишкадаҳо ва мутахассисону кишоварзони ҷумҳурӣ ба шумор мераванд.
Айни замон аъзои ҳайати мушовараи таҳририи маҷаллаи илмии «Гузоришҳои АИКТ», «Кишоварзӣ ДАТ» ва аъзои шурои диссертатсионии рисолаҳои докторӣ ва доктор PhD Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур мебошад.
Доираи эътибори инсонӣ ва касбии Толиб Набиев ба кишвари мо маҳдуд нагардида, дар собиқ ҷумҳуриҳои шуравӣ, хориҷаи наздик ва дур доман густурдааст. Моҳият, таъинот ва аҳамияти таҳқиқотҳои анҷомдодаи ӯ дар кишварҳои гуногуни Шарқу Ғарб ҳамчун офаридаҳои боарзиши илмӣ ва таҷрибаи хизматӣ лоиқи табодулу пайравӣ дар доираҳои бонуфузи илмӣ мақбулу писандида гардидааст. Чунин сатҳи баланди эҳтирому эътибор, ки як тан фарзанди деҳқон дар роҳи печида ва пурмонеаи илм ва ҳаёт танҳо бо такя ба савод, дониш ва ҷустуҷӯву часпу талоши худ ба он ноил гардидаасту ҳар остонаи мушкилгузари таҳқиқ ва мансабу мақомро зина ба зина устуворона боло рафтааст, мактаби омӯзиш ва оинаи пурҷилои ибрат мебошад.
Ҳукумати Тоҷикистон заҳматҳои пурғановати Толиб Набиевро бо ҷоизаву унвонҳо, нишону орденҳо ва дигар арҷгузориҳои муътабар қадр гардондааст.
Усмон МАҲМАДЁРЗОДА МАЪМУР,
доктори илмҳои кишоварзӣ, профессор, узви вобастаи АИКТ,
Рӯзимурод БОЙМУРОДОВ,
номзади илмҳои кишоварзӣ, дотсент
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 05.04.2022 №: 64 Мутолиа карданд: 733