иҷтимоиёт
РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ
Соли 1964, ҳангоме устод Сафиувло Ҳабибов факултети иқтисодии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро (ҳоло ДМТ) хатм намуд, ҳамагӣ 23 сол дошт ва фаъолияти илмиаш дар кафедраи молияи факултети иқтисодии Донишгоҳи мазкур оғоз ёфт. Баъд аз адои хизмати ҳарбӣ як сол дар Комитети давлатии нархи назди Госплани ҶШС Тоҷикистон ба симати мутахассиси калон кор кард. Чун шавқи илмомӯзӣ дар қалбаш ҷӯш мезад, барои оғози корҳои илмӣ ба аспирантураи Институти хоҷагии халқи Россия (шаҳри Москва) дохил шуд. Пас аз хатми аспирантура рисолаи номзадиашро бомуваффақият дифоъ намуда, ба кафедраи иқтисодиёти савдои Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон баргашт ва дар давоми кор ба ҳайси муаллими калон, дотсент ва мудири кафедра ифои вазифа намуд. Дар тамоми давраи фаъолияти илмиаш масоили рушди тиҷорат ва такмили иқтисодиёт диққати ӯро бештар ба худ мекашид. Ин равандро таҳқиқ намуда, дар мавзуи «Шиддатфизоии рушди тиҷорат дар заминаи тарзу услубҳои идоракунии иқтисодӣ» (дар мисоли кишварҳои Осиёи Марказӣ) дар Шурои диссертатсионии Академияи иқтисодии Россия ба номи Г. В. Плеханов рисолаи докториро дифоъ намуд.
Фаъолияти минбаъдаи Сафиувло Ҳабибов дар кафедраи ташкил ва идоракунии комплекси агросаноатии факултети иқтисодӣ-идораи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон идома ёфта, ҳамчунин, дар солҳои 1991-1993 ба ҳайси муовини директори Институти тадқиқоти иқтисодӣ бо ҳисоббаробариҳои риёзию иқтисодӣ ифои вазифа намуд.
Моҳи сентябри соли 1993 Сафиувло Ҳабибов ба вазифаи мудири кафедраи иқтисодиёти бозорӣ ва соҳибкории Донишкадаи кооперативӣ-давлатии филиали душанбегии Институти кооперативии шаҳри Новосибирски Федератсияи Россия гузашта, то соли 2000 дар ин вазифа фаъолият намуд. Баъдан, устодро ба Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба кор даъват намуданд ва бо назардошти қобилияти илмию ташкилӣ вазифаи декани факултети иқтисодиёт ва менеҷментро ба он кас лоиқ донистанд. Ҳамзамон, муддате чанд устод Ҳабибов дар самти барқарорсозии робитаҳои хориҷии Донишгоҳи мазкур низ фаъолона кор карда, то имрӯз ба ҳайси профессори кафедраи иқтисодиёт ва ташкили соҳибкорӣ фаъолият менамояд.
Дар тамоми давраи фаъолияти илмӣ Сафиувло Ҳабибов беш аз 300 асару мақолаи илмӣ ва таълимию методиро ба нашр расондааст. Рисолаву мақолаҳои илмии устод ба таҳқиқи масоили муҳими иқтисодиву иҷтимоии давраи гузариш ба иқтисоди бозорӣ, фаъолияти соҳибкории хурду миёна, ислоҳоти иқтисодӣ, проблемаҳои назариявӣ ва амалии натоиҷи фаъолияти молиявии корхонаю ташкилот, стратегияи инкишофи босубот ва шиддатафзоии рушди соҳаи савдои дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон бо таҳлили муқоиса бо кишварҳои ИДМ, аз ҷумла Осиёи Марказӣ, роҳҳои ҷорӣ намудани низоми кредитии таҳсилот, стандартҳои ҷаҳонӣ оид ба таҳсилот ва ба ин амсол бахшида шуда, барои пешрафти иқтисодиёту тиҷорат дар кишвар ва берун аз он нақши муҳим бозидаанд.
Хизматҳои шоёни Сафиувло Ҳабибов дар рушди илм ва тайёр кардани кадрҳои касбӣ бо унвонҳои Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон (1997) ва Корманди шоистаи кооператсияи матлуботи Тоҷикистон (2011), қадр гардидаанд.
Азиз АШУРЗОД,
узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 05.04.2022 №: 64 Мутолиа карданд: 698