Хабарҳо
Навидҳои фарҳанг
СИНАМОҶОИЗАИ МИЛЛИИ
“ТОҶИ СОМОН”
аввалин бор дар Тоҷикистон
Дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бо мақсади тарғиби дастовардҳои беҳтарини синамои миллӣ, тақвияти ҳамкориҳои синамогарони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии ҷавонони боистеъдоди соҳа бори аввал Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» таҳти шиори “Қадршиносии ҳунари асил” бо ширкати созандагони филмҳои миллӣ баргузор шуд.
Дар озмун филмҳои нави миллӣ, ки давоми солҳои 2019 - 2021 аз ҷониби филмофарони ватанӣ рӯйи навор омадаанд, муаррифӣ гардиданд.
Озмуни ҷоизаи мазкур филмҳои ҳунарӣ, мустанад, бадеии кӯтоҳ ва тасвирии миллиро фаро гирифта, ҳакамони корозмуда сад филми беҳтарини се соли охирро дар 15 номинатсия санҷиданд.
Агар «Беҳтарин филмнома» “Сарбор” - и Некрӯзи Ҷалилиён дониста шуда бошад, “Беҳтарин филми аниматсионӣ”-ро “Лаклаки табиб” - и Муҳиддин Сулаймонӣ соҳиб шуд. «Беҳтарин иҷрокунандаи нақши занона» Мавлона Наҷмиддинова дар филми “Автобус”, «Беҳтарин иҷрокунандаи нақши мардона» Салоҳиддин Шукуров дар филми “Дов”, «Беҳтарин коргардон» Файзулло Файзов бо филми “Бачаи обӣ”, «Беҳтарин филми ҳунарии кӯтоҳ» “Додараки фариштаҳо” - и коргардон Умед Мирзоширинов, «Беҳтарин филми ҳунарӣ» “Дов”-и Муҳиддини Музаффар ва филме, ки «Таваҷҷуҳи махсуси ҳакамон» - ро ҷалб кард, “Охирин сайди Сайёд” - и коргардон Муҳаммадрабии Исмоил баргузида шуданд. Филми “Роҳ” - и коргардони номвар Носир Саидов бо «Шоҳҷоиза» қадр гардид.
Ёдовар бояд шавем, ки муассисони Синамоҷоиза Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» мебошанд.
МАЪРИФАТ
Рӯнамоии "Донишномаи Истаравшан"
Дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан рӯнамоии китоби "Донишномаи Истаравшан" баргузор гардид. Дар ин бора аз дафтари матбуоти раиси шаҳр хабар доданд.
Дар чорабинӣ раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Кароматулло Олимов, ҳайати таҳририяи китоб, аҳли зиё ва роҳбарону директорони як қатор муассисаҳои таълимиву фарҳангӣ иштирок ва суханронӣ карданд.
- Донишномаи мазкур аз ҷониби гурӯҳи эҷодӣ дар муддати се сол таҳия шуда, дар ҳамкорӣ бо Сарредаксияи Энсиклопедияи миллии тоҷик ҷавобгӯ ба меъёрҳои илмӣ таҳия гардидаву дар нашриёти “Эр-граф” бо теъдоди 1000 нусха ба нашр расид. Он маҳсули заҳматҳои аҳли зиёи шаҳрамон дар замони соҳибистиқлолӣ буда, дар партави ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омода ва чоп шуд, - изҳор дошт Адҳам Маъмурзода.
Кароматулло Олимов зикр кард, ки соли 2018 бо қарори раиси шаҳри Истаравшан як гурӯҳ пажӯҳишгарону соҳибқаламон, аз ҷумла Саидумари Султон, Муҳаммадқул Ҳазратқулов, Ҳусейни Нарзулло, Ҳикматулло Насруллоев, Сайфулло Махкамов ба таҳияи "Донишномаи Истаравшан" пардохтанд. Бо сабаби аз даст додани ду олими намоён, яке суханшинос Саидумари Султон ва дигаре файласуф Муҳаммадқул Ҳазратқулов баъзе аз мавод ва маълумотнома дертар дастрас шуда бошад ҳам, китобро армуғони арзанда ба Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ арзёбӣ мекунем.
Донишнома очеркҳои таърихӣ, ҷуғрофӣ, маълумот дар бораи фарҳангу ҳунар ва ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии шаҳр, инчунин, дастовардҳои мардуми Истаравшанро дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, илму маориф, санъат, косибию ҳунармандӣ, тиҷорат фаро гирифта, дар бораи 2400 фарзанди номдори шаҳр маълумоти тарҷимаҳолӣ медиҳад. Ин ганҷина барои таърихшиносону ҷомеашиносон муҳим буда, корнамоии шахсони машҳури илм, маориф, тандурустӣ, соҳибкорӣ, роҳбарони хоҷагию сохторҳои давлатӣ барои ҷавонон намунаи ибрат мебошад.
Бузургмеҳри БАҲОДУР,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 876