Хабарҳо
Ҷаҳон дар як сатр
Мир 24. Ба иттилои Сарвазири Россия Михаил Мишустин, аз 9 апрел Россия маҳдудиятҳои мубориза бо коронавирусро, ки ба парвозҳои мунтазам ва чартерӣ дахл доранд, лағв намуда, алоқаи ҳавоӣ бо беш аз 50 кишвари дӯстро барқарор мекунад.
АИР “Новости”. Вазири молияи Олмон Кристиан Линднер изҳор дошт, ки алҳол кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо наметавонанд аз интиқоли газ аз Россия даст кашанд.
Блумберг. “Saudi Aramco”, ширкати миллии нафти Арабистони Саудӣ, қимати интиқоли нафтро дар моҳи май барои муштариёни тамоми минтақаҳо боло бурд. Болоравии нарх ба тамоми навъҳои нафти ба бозорҳои Осиё ва Амрико воридшаванда таъсир расонд.
ТАСС. Вазорати корҳои хориҷии Ҷопон изҳор дошт, ки вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Гурӯҳи ҳафт (G7) рӯзи панҷшанбе дар Брюссел мулоқот мекунанд.
RT. Муовини раиси Шурои амнияти Россия Дмитрий Медведев ваъда дод, ки ба ихроҷи дипломатҳои рус аз як қатор кишварҳои аврупоӣ вокуниши яксон хоҳад дод.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1011