Хабарҳо
Варзиш
ANTALYA GRAND SLAM 2022
Темур боз ба қатори беҳтаринҳо роҳ ёфт
Паҳлавони шинохтаи тоҷик Темур Раҳимов дар мусобиқоти Antalya Grand Slam-2022 барандаи мақоми сеюм гардид.
Гӯштигири мо бар Грегори Приори (ИМА) ва Магомедомар Магомедомаров (АМА) дастболо гашта, ба 1/4 финал роҳ ёфт. Дар ин давр, ӯ аз Ричард Сипоч (Маҷористон) ноком шуд. Дар даври тасаллобахш Ушанги Кокаурии озарро шикаст дода, барои ишғоли медали биринҷӣ Ҷозеф Терҳек (Франсия)-ро тариқи иппон мағлуб намуд.
ЛИГАИ ОЛӢ
Аз ғалабаи бузурги «Истаравшан» то бохти «Хуҷанд»
ХХХI мавсими Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ оғоз гардид. Дар бозии марказии даври аввал «Эсхата» бо ҳисоби 1:0 бар «Хуҷанд» пирӯз омад.
Бар пояи иттилои Лигаи футболи Тоҷикистон, дар қувваозмоии дигар «Хатлон» бо натиҷаи 3:1 «Равшан-К»-ро шикаст дод.
Натиҷаи ду рақобати дигар: «Истаравшан» – «Файзканд» – 5:0, «Регар-ТадАЗ» – «Равшан-З» – 2:2.
Зӯрозмоии «Истиқлол» бо КМВА бинобар иштироки тими «Истиқлол» дар бозиҳои даври гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Конфедератсияи футболи Осиё мавқуф гузошта шуд.
Дар даври дуюм «Эсхата» бо «Файзканд» (8 апрел), «Истаравшан» бо «Хатлон» (9 апрел), «Хуҷанд» бо «Равшан-З» ва КМВА бо «Регар-ТадАЗ» (10 апрел) неру месанҷанд.
ҶОМИ ОСИЁ – 2022
Футзалбозони тоҷик барои баромадан ба даври финалӣ мубориза мебаранд
Тими мунтахаби футзали Тоҷикистон зери роҳбарии Пайрав Воҳидов барои ширкат дар даври интихобии Ҷоми Осиё – 2022 ба шаҳри Бишкек сафар намуд.
Футзалбозони тоҷик барои баромадан ба даври ниҳоии Ҷоми Осиё (25 сентябр то 20 октябр, Кувейт) дар гурӯҳи «В» бо мунтахабҳои Афғонистон (10 апрел), Непал (11 апрел) ва Ӯзбекистон (12 апрел) қувва меозмоянд. Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба даври ниҳоӣ роҳхат мегирад.
Маҳмуд БАҲРОМ,
шореҳи варзиш
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 987