иҷтимоиёт
СОҲИБКОРИИ ЭКОЛОГӢ. РОҲИ ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ МУҲИТИ ЗИСТ
"Дар замони истиқлолият аз ҷониби давлату Ҳукумат ба рушди соҳибкориву сармоягузорӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, то имрӯз ба соҳибкорону сармоягузорон зиёда аз 110 имтиёз ва сабукиҳои андозиву гумрукӣ пешниҳод карда шуданд ва шумораи сохторҳои бақайдгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ аз 4 ба 1, муҳлати бақайдгирӣ аз 49 то 3 – 5 рӯз кам карда, ба таври ройгон ба роҳ монда шуд.
Эмомалӣ РАҲМОН
Дар шароити гузариш ба иқтисоди бозорӣ дар ҷаҳони муосир дар аксари соҳаҳо тағйироти куллӣ ба миён омадааст, ки соҳибкории экологӣ аз падидаҳои ин давр аст. Ин навъи маъмули соҳибкорӣ яке аз ҷараёнҳои устувори фаъолияти соҳибкории истеҳсолӣ ба шумор рафта, метавонад дар ҳалли мушкилоти муҳити зист, пешрафти вазъи экологию иқтисодии мамлакат ва саноатикунонии он саҳми босазо гузорад.
Рушди босуботи фаъолияти соҳибкории истеҳсолӣ, махсусан соҳибкории экологӣ, дар замони муосири иқтисоди бозорӣ барои беҳтар намудани вазъи экологии муҳити зист, баланд бардоштани сатҳи рушди иқтисодӣ, саноатикунонии мамлакат ва дар ин замина, пайдо намудани мақоми муайян дар рақобати ҷаҳонӣ нақши басо муҳим дорад. Кишварҳое, ки шароити мусоид барои фаъолияти соҳибкории экологӣ таъмин менамоянд, бешубҳа, метавонанд рушди устувори иқтисоди миллии худро баланд бардошта, тавассути фаъолияти инноватсионӣ дар бозори ҷаҳонӣ мавқеи хосса пайдо намоянд.
Истифода аз навгониҳою пешравиҳои илмӣ, сатҳи баланди техникаю технология, хизматрасонӣ, такмили ихтисоси кадрҳо ва усулҳои муосири идоракунӣ дар фаъолияти соҳибкории экологӣ аз омилҳои асосии рақобатпазирӣ дар ҳамаи кишварҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ рушдёфта мебошанд. Дар ин маврид, соҳибкории экологӣ яке аз механизмҳои асосии раванди саноатикунонии мамлакат ва такмили ҳаёти иҷтимоию иқтисодии ҷамъият, соҳибкории истеҳсолӣ боқӣ мемонад.
Ҳамин аст, ки саноатикунонии босуръат ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати мамлакат қарор гирифта, тавассути ба роҳ мондани истеҳсолоти муосир, коркард, азхудкунии технологияи нави иттилоотӣ, истеҳсоли маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза ва ба рақобат тобовар, инчунин, бо роҳи таъмини манфиатҳои миллию амнияти иқтисодӣ аз ҳисоби рушди иқтидори саноатию илмӣ - техникӣ амалӣ мегардад.
Дар ин самт барои расидан ба ҳадафҳо рушди соҳибкории экологӣ метавонад саҳми босазо гузошта, дар баланд бардоштани сатҳи иқтисодиёти кишвар ва ҳам истеҳсоли маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза ҳамчун механизми ҳуқуқи истеъмолкунанда мавқеи хосро ишғол намояд.
Истифодаи мақсадноки натиҷаҳои фаъолияти экологӣ ва ҳифзи муҳити зист аз бартариятҳои соҳибкории экологӣ мебошанд. Илова бар ин соҳаи мазкур яке аз ҷараёнҳои устувори фаъолияти соҳибкорӣ ба шумор рафта, метавонад дар пешрафти вазъи экологию иқтисодии мамлакат саҳми босазое гузорад.
Ҷанбаҳои назариявии соҳибкории экологиро олимон бо андешаҳои гуногуни илмӣ баён намуданд. Аз ҷумла, аз нуқтаи назари Андерсон Т. соҳибкории экологӣ фаъолияти мустақиле ба ҳисоб меравад, ки ҳадафи асосии он паст гардондани бехатарии экологӣ бо роҳи ҷамъоварӣ, коркард, безараргардонии партовҳои сахти маишӣ, беҳтар намудани вазъи муҳити зист, дар ин замина, баланд бардоштани самаранокии иқтисодиёти корхона ва кишвар ба шумор меравад.
Аз ин бармеояд, ки мақсади асосии соҳибкории экологӣ беҳтар намудани вазъи муҳити зист, истеҳсоли маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза бо мақсади таъмину риояи ҳуқуқи истеъмолкунанда, баланд бардоштани маърифати экологии шаҳрвандон, ҳалли мушкилоти муҳити зист, саҳм гузоштан дар рушди устувори саноатикунонии кишвар ба шумор меравад. Ноил шудан ба чунин натиҷаҳо ин яке аз ҳадафҳои асосии стратегии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Аз ин нуқтаи назар, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ривоҷу равнақ додани соҳибкории экологӣ ва шароити мусоид фароҳам овардан барои он ҳамчун механизми ҳуқуқи истеъмолкунанда манфиатовар ба шумор меравад. Бо мақсади беҳтар гардондани вазъи экологии кишвар аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ муҳимтарин ва муосиртарин санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ба тасвиб расиданд, ки оид ба беҳтар гардондани вазъи санитарию экологӣ ва ҳифзи муҳити зист аҳамияти басо ногузиранд.
Илова бар ин, мавриди зикр аст, ки фаъолияти инноватсионӣ дар корхонаҳо ва рушди инноватсионии соҳибкорӣ ба фарҳанги экологии аҳолӣ алоқамандӣ дошта, барои баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ, сатҳи касбияти мутахассисон, бартараф кардани камбудиҳои илмию техникӣ ва баланд бардоштани манфиати фаъолияти инноватсионӣ бояд дар тамоми сохторҳои давлатӣ ва хусусӣ чораҳои зарурӣ андешида шаванд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии кишвар зикр намуданд, ки бо мақсади ба тағйирёбии иқлим мутобиқ гардондани иқтисоди миллӣ, ҳифзи муҳити зист ва беҳтар намудани вазъи экологии мамлакат воридоти нақлиёти барқӣ ба кишвар, яъне электромобилҳо, электробусҳо, троллейбусҳо ва монанди инҳо аз пардохтҳои андозию гумрукӣ пурра озод карда шаванд. Иқдоми мазкур яке аз самтҳои асосии фаъолияти соҳибкории экологӣ ба шумор рафта, соҳибкороне, ки ба муҳити зист алоқамандӣ доранд, аз имтиёзи пешниҳодгардида бархӯрдор шуда метавонанд.
Азбаски соҳибкории экологӣ яке аз иқтидорҳои пурқувват ва ояндадор барои таъмини рушди устувори инкишофи экологию иқтисоди миллӣ ба ҳисоб меравад, самтҳои дигари афзали он аз инҳо иборат аст:
- истеҳсоли техникаи махсуси экологӣ, асбобу таҷҳизот барои назорати ҳолати муҳити атроф ва тозакунии партовҳо аз моддаҳои зараррасон;
- ташаккул додани маърифати зарурии экологӣ дар ҷомеа;
- истифода ва коркарди захираҳои дуюмкарата;
- ташкил ва ҷорӣ намудани техникаю технологияи камзарару сарфакунандаи захираҳо;
- хизматрасониҳои махсуси экологӣ.
Чораҳои зикргардидаи соҳибкории экологӣ, пеш аз ҳама, технологияҳои сарфакунандаи нерую захираҳо, таҷҳизоту маводи аз ҷиҳати экологӣ бехатар, ҳамчунин, дар истеҳсолот ҷорӣ намудани онҳо, аз нав коркард намудани чӯби истифодагардида, коркарди дуюмбораи ашё, истифодаи партовҳои сахти маишӣ ва ғайраро дар бар мегиранд.
Мавриди зикр аст, ки усулҳои ҳавасмандгардонии рушди соҳибкории экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таъмини санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, заминаи ташаккули низоми шарикии давлат ва бахши хусусӣ, дастгирии давлатии соҳибкории истеҳсолӣ ва таъмини босуръати фаъолияти илмию техникӣ ба рушди босуботи фазои соҳибкорӣ мусоидат намуда, дар амалӣ гаштани ҳадафи чоруми стратегии мамлакат саҳми арзанда гузошта метавонад. Инчунин, соҳибкории экологӣ нақши калидӣ дар беҳбудии вазъи экологии муҳити зисти кишвар бозида, барои қонеъ гардондани истеъмолкунандагон бо маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза саҳмгузор аст.
МАҲМАДШОҲ ДОСТИЕВ,
номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, мудири кафедраи
идоракунии молияи давлатии Академияи идоракунии
давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 06.04.2022 №: 65 Мутолиа карданд: 761