иҷтимоиёт
ВОСЕЪ. Вақте соҳибкор ободкор аст...
Авазхон Кабировро ҳамчун соҳибкори муваффақ мешиносанд, ки, албатта, бесабаб нест. Номбурда дар зодгоҳаш ноҳияи Восеъ низ, ба амалҳои ободонӣ камари ҳиммат баста, эътирофи ҳамагон гардидааст. Хосса осоишгоҳ- меҳмонхонаи дар Ҷамоати деҳоти Рӯдакии ноҳияи Восеъ бунёднамудааш дар минтақа беназир буда, на танҳо ҳусни ноҳияро меафзояд, балки завқи зебопарастии мардуми атрофро низ такони тоза мебахшад.
Иштироки Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ифтитоҳи иншооти мазкур далели ҳамин гуфтаҳост. Инчунин, дар ҳудуди ҷамоат варзишгоҳи хеле боҳашамат барои зиёда аз 10 ҳазор тамошобин сохтааст, ки солҳои зиёд фаъолият дорад. Баробари ин ҳама, дар маркази ноҳияи Восеъ калонтарин бозор бо тамоми шароитҳояш бунёд шуда истодааст. Дар шафати он меҳмонхонаи боҳашамат бо фароҳам овардани тамоми имконот мудом фаъол аст. Ҳамзамон, корхонаи дӯзандагӣ бо нархҳои барои мардум дастрас либоси мактабӣ тайёр менамояд. Чеварон маоши хуб гирифта, нисфирӯзӣ аз ошхонаи назди коргоҳ рӯзе як маротиба ройгон хӯрок тановул мекунанд. Дар айни ҳол ин ҷо низ тамрингоҳи хеле калон ва меҳмонхона барои сайёҳони дохилию хориҷӣ бо диду биниши навоварона сохта истодаанд.
- Ҳамаи ин имкониятро барои мо Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фароҳам овардаанд, - мегӯяд ин соҳибкор.
Мавриди зикр аст, ки падараш Султони Кабир низ аз кӯҳистон ба ин водӣ солҳои пешин муҳоҷир шуда, дар ободонии ҷамоат саҳми асосӣ гирифта буд. Хоҷагӣ дар он вақт номи Мичуринро дошт ва ба ангурпарварӣ, ҳосили баланди хушсифат дар собиқ Иттиҳоди Шуравӣ шуҳрати зиёд дошт. Ба хориҷ аз ҷумҳурӣ ангур ва шароб мебаровард.
- Имрӯз мо дар ҳудуди ҷамоат корхонаи шарбатбарорӣ дорем ва дар даврони саноатикунонии мамлакат мақсад гузоштем корхонаи шароббарорӣ низ бунёд намоем,- мегӯяд Авазхон Кабиров.
Маврид ба зикр аст, ки аввалин амали мондагоре, ки Авазхон Кабиров шуруъ карда буд, обод кардани қабристони ҷамоати аҳолиаш дувоздаҳ ҳазор нафара мебошад. Гулзор ва арчазор намудани роҳравҳо, атрофу акнофи хонаи охирати мардум кори дигари хайри ӯ мебошад.
Ҳамин тавр, ин соҳибкори муваффақ саъю талош ба он меварзад, ки дар ободонии як гӯшаи Ватанаш, боло рафтани сатҳи зиндагии мардуми ин хоҷагӣ, ба вуҷуд овардани ҷойҳои нави корӣ саҳми арзанда гузорад.
Ғайбулло ҲАЛИМОВ, ноҳияи Восеъ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 06.04.2022 №: 65 Мутолиа карданд: 704