Хабарҳо
ОҒОЗИ КИШТИ ЧИГИТ ДАР ҲИСОР
Муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён ва иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар дар Ҷамоати деҳоти Ориёни шаҳри Ҳисор дар маъракаи оғози кишти чигит иштирок намуданд.
Муовини Сарвазир қабл аз оғози кишт бо корҳои деҳқонӣ ва ҳолати истифодабарии замини наздиҳавлигии сокинони деҳаи Мурутак, Холмурод Назаров ва Баҳридин Давлатов шинос шуд. Сипас, ба киштзори хоҷагиҳои деҳқонии “Мурутак” ва “Холмаҳмад Қараев” ташриф оварда, бо иштироки пирони кор ба кишти чигит дар мавсими имсола оғоз бахшиданд. Муовини Сарвазир ва раиси шаҳр донаҳои аввалини умедро пошида, ба деҳқонон барои рӯёндани ҳосили дилхоҳ барору комёбӣ таманно намуданд.
Мавриди зикр аст, ки хоҷагиҳои мазкур дар парвариши пахта соҳибтаҷриба буда, соли гузашта дар ҳамин майдон аз ҳар як гектар 34-26 - сентнерӣ пахта рӯёнданд. Деҳқонон азм доранд, ки бо риояи қоидаҳои агротехникии парвариши пунбадона имсол ҳосили пахтаро то 40 сентнер расонанд.
Матлубахон Сатториён дар деҳаҳои Чанори Ҷамоати деҳоти Ориён ва Гулхании Ҷамоати деҳоти Ҳисор бо фаъолони ҷамоатҳои мазкур мулоқот намуда, изҳор дошт, ки сафари кории имрӯза дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 марти соли равон вобаста ба омодагии соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023 баргузор гардид, сурат мегирад.
Муовини Сарвазири мамлакат дар мулоқот бо фаъолони ҷамоатҳо вобаста ба ташаннуҷи авзои сиёсии ҷаҳон ва минтақа баланд гардидани нарху наворо дар ҷаҳон ва кишвар шарҳ дода, аз пайомадҳои манфии он огоҳ намуд. Барои коҳиш додани таъсири манфии буҳрони ҷаҳонӣ ба зиндагии мардум, истифодаи самараноки ҳар як ваҷаб қитъаи замин, риояи талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, зиёдаравӣ накардан, инчунин, муттаҳидию ҳамдигарфаҳмӣ ва аҳлона меҳнат карданро таъкид карда, маслиҳатҳои судманд дод.
Қосим Роҳбар, раиси шаҳр, вобаста ба даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, эмгузаронӣ бар зиддӣ бемории коронавирус, ҷудошавии оилаҳо ва дигар дастуру супоришҳое, ки дар сафари қаблӣ ба ҷамоатҳои мазкур дода буд, пурсиш намуд ва ҷиҳати рафъи камбудиҳои ҷойдошта, такмили нақшаи чорабиниҳои ҷашнӣ бо зиёд кардани миқдори иншооти зарурии иҷтимоӣ, вусъати корҳои ободонию созандагӣ ва сари вақт ба анҷом расондани кишти баҳорӣ масъулонро вазифадор намуд.
Сафари кории муовини Сарвазир дар дигар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот идома меёбад.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,
“Ҷумҳурият”
ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛИ НОНИ ХУШК ИФТИТОҲ ЁФТ
Дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати мамлакат ва эълони солҳои 2022-2026 – Солҳои рушди саноат бо иштироки раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода дар корхонаи истеҳсоли хӯроквории ҶДММ “Сардор-2008” коргоҳи нави муҷаҳҳаз бо дастгоҳу таҷҳизоти муосир барои истеҳсоли нони хушк ба истифода дода шуд. Ин иқдом бо ташаббуси соҳибкори ватандӯст Шавкат Мадраҳимов амалӣ гардид.
Ёдрас бояд шуд, ки корхонаи истеҳсоли хӯроквории ҶДММ “Сардор-2008” 7 сентябри соли 2020 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд. Корхона дорои 6 сех, аз ҷумла сехҳои истеҳсоли картошкаи хушк, нони хушк, ғулачаҳои ширини ҷуворимакка, сақич, ҳалво, донаҳои офтобпараст, инчунин, анбор барои нигоҳдории маҳсулоти тайёр ва озмоишгоҳ иборат буда, дар он беш аз 200 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ таъмин гардидааст. Зимни ифтитоҳи корхона Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати васеъ намудани фаъолияти истеҳсолӣ ба соҳибкор дастуру супориш дода буданд.
Инак, дастури созандаи Сарвари давлат амалӣ гардида, коргоҳи нави нони хушк, ки бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири истеҳсоли Туркия муҷаҳҳаз аст, ба фаъолияти истеҳсолӣ шуруъ намуд. Қаблан дар ин коргоҳ 15 нафар сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин гардида буд ва акнун шумораи кормандон беш аз 30 нафарро ташкил дода, иқтидори истеҳсолии он низ ду маротиба афзуд.
Шавкат Мадраҳимов, муассиси корхона, зимни ифтитоҳи коргоҳҳои нав аз дастгириҳои ҳамешагии Пешвои миллат ҷиҳати мусоидат ба рушди соҳибкорӣ изҳори сипос намуд. Ҳамчунин, соҳибкори ватандӯст иброз дошт, ки минбаъд низ фаъолияти корхонаро васеъ карда, дар таъмини ҳадафи чоруми стратегӣ - саноатикунонии босуръати мамлакат саҳмгузорӣ менамояд.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 727