Хабарҳо
МИНТАҚАИ РАШТ. ИҶРОИ НАҚША ДАР РӮЗИ АВВАЛ
Дар рӯзи аввали даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ноҳияҳои минтақаи Рашт нақшаро иҷро намуданд. Аз ҷумла, ноҳияҳои Сангвору Лахш 100, Тоҷикобод 105, Нуробод 101 ва Рашт 100,7 дарсад нақшаи даъватро иҷро карданд.
Дар робита ба ин, субҳи 1 апрел дар қисми ҳарбии қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт таҳти унвони «Рӯзи даъватшаванда» маъракаи гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор гардид. Дар ин маросим раисони ноҳияҳои минтақаи Рашт, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, Вазорати мудофиа, падару модарони даъватшавандагон ва собиқадорону фаъолони ҷомеа иштирок карданд.
Раиси ноҳияи Рашт Раҳимҷон Муқимӣ дар ҳузури ҷамъомадагон чунин иброз дошт: “Ба ҷо овардани хизмати ҳарбӣ, ки онро маҷозан хизмати Ватан - Модар меномем, қарзи муқаддаси ҳар як ҷавони бонангу ори кишвар аст. Чи хуб аст, ки солҳои охир ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносии ҷавонони бошарафи водии Рашти бостонӣ боло рафта, ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мепайванданду рисолати шаҳрвандии хешро бо сари баланд адо менамоянд”.
Дар ҳамоиши мазкур ба 90 нафар наваскароне, ки курси ронандагии ҶДММ «Мададгори мудофиа» - ро хатм намуда, барои ба сафи Артиши миллӣ шомил шудан ихтиёран ариза навишта буданд, шаҳодатномаҳои ронандагӣ супурда шуд.
Оимнисо Тавакалова, сокини ноҳияи Рашт, иброз дошт, ки мо занону бонувони раштонзамин сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлатро содиқона дастгирӣ намуда, фарзандонамонро дар руҳияи ватандӯстию меҳанпарастӣ тарбия менамоем. Хушбахтона, имрӯзҳо заҳмати шабонарӯзиямонро мебинем, ки чӣ гуна фарзандони мо масъулияти ватандориро ҳис намуда, бо сари баланд ба сафи Артиши миллӣ шомил мегарданд, ки аз он фахр мекунем.
Дар ҳамоиш дастаи санъаткорони бахшҳои фарҳанги ноҳияҳои минтақа барномаи ҷолиби консертиро манзури ҳозирин карданд ва ҳамин тавр, наваскарон бо дуои пирони рӯзгор, аҳли ҷамоатчигӣ ва падару модарон дар вазъияти тантанавӣ ба хизмати ҳарбӣ фиристода шуданд.
Худодод ЗАЙНИДДИН, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1006