Хабарҳо
ТОҶИКИСТОН – ФАРОНСА
Таҳкими мубориза бо терроризму экстремизм
Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Тоҷикистон Мишел Тарран мулоқот намуд.
Ба иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, тарафҳо масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷониба, аз қабили мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳро мавриди баррасӣ қарор доданд.
ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН
Ҳамкориҳо дар соҳаи илму маориф тақвият меёбанд
Дар вохӯрии сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода бо вазири таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсуси Ӯзбекистон Абдуқодир Тошқулов таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаи маориф ва илм, аз ҷумла эътирофкунии дипломҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ, таъсиси бахши забони тоҷикӣ дар Донишгоҳи давлатии вилояти Бухоро ва таъсиси факултаҳо ва филиалҳои донишгоҳ ва донишкадаҳои Тоҷикистон дар Ӯзбекистон ва филиалҳо ва факултаҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон муҳокима гардид.
Ҳамзамон, ҷонибҳо масъалаи баргузор кардани Шурои ректорон ва вохӯрии донишҷӯёни ҳар ду кишварро ба хотири омӯзиши таҷрибаи ҳамдигар муфид шумурданд.
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ шуд
Раиси кумита оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилооти Маҷлиси намояндагон Саидмурод Фаттоҳзода бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон Тзи Шумин мулоқот намуд, - хабар дод маркази матбуоти Маҷлиси намояндагон.
Саидмурод Фаттоҳзода зикр кард, ки Чин шарики стратегии Тоҷикистон буда, густариши робитаҳои дӯстона бо Чин аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон мебошад. Ӯ нақши Чинро дар рушду тараққиёт, дастгирии татбиқи лоиҳаҳо бо ворид кардани сармояи чинӣ, афзоиши ҳаҷми гардиши мол байни ду кишвар, рушди иқтисоди миллӣ, иҷрои самараноки стратегияи миллии рушд, саноатикунонии кишвари мо ва дигар самтҳои барои ҳар ду ҷониб судовар ҳисобид.
Кумаки Амрико ба неруҳои марзбони Тоҷикистон
Сафорати ИМА дар Душанбе ба Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон радиоҳо, мошинҳои боркаш ва маҷмуи қисмҳои эҳтиётии Ҷип J8 тақдим кард.
Радиоҳо ва мошинҳо 1,1 миллион доллар, маҷмуи қисмҳои эҳтиётии Ҷип ва дигар муҳимот 1,85 миллион доллар арзиш дошта, ба марзбонон дар таъмини назорати доимӣ ва муассири сарҳад кумак хоҳанд кард.
Ба иттилои сафорат, дар маросими супурдани онҳо кордори муваққатии ИМА дар Тоҷикистон Бридҷит Уокар ва муовини фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ Одилҷон Носирзода ширкат варзиданд. Гуфта шуд, ки ИМА дар сӣ сол ба Тоҷикистон барои таъмини амният беш аз 330 миллион доллар ёрӣ расондааст.
Сафари гурӯҳи ҳунармандони тоҷик ба Ӯзбекистон
Аз 4 то 15 апрел ҳунармандони Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе дар шаҳрҳои бостонии Фарғона, Қӯқанд, Марғелон, ноҳияҳои Риштон ва Сухи Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо намоиши «Маликаи нозанин» ҳунарнамоӣ мекунанд.
Сафари ҳунармандони тоҷик бо даъвати Вазорати фарҳанги Ӯзбекистон ва дастгирии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон сурат гирифт. Муаллифи намоиши мазкур Ҳотам Салимов, таҳиягар Зафар Ҷаводов мебошанд. “Маликаи нозанин” бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ба саҳна гузошта мешавад.
Боз 198 ҳазору 900 воя ваксина ворид гашт
Дар чорчӯбаи фаъолияти механизми КОВАКС ва барномаи тақсимоти одилонаи вояҳои ваксинаҳои зидди COVID - 19 ба Тоҷикистон боз 198 ҳазору 900 воя ваксинаи «Pfizer-BioNTech» ворид гардид, - иттилоъ дод Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.
Ҳадаф аз ин иқдом пешгирии сирояти бемории нави COVID-19 ва ба иммунизатсия фаро гирифтани шаҳрвандон мебошад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 762