Хабарҳо
«ДАСТОНИ ПУРСАХО ВА МЕҲРОФАРИН»
Китоби нави Аъзам Мӯсоев, Корманди шоистаи Тоҷикистон, бо номи «Дастони пурсахо ва меҳрофарин» ба чоп расид. Маҷмуаи мазкур доир ба ташкилёбии хоҷагиҳои ҳудуди Ҷамоати деҳоти Тоҷикободи ноҳияи Вахш, аввалин ободгарону сокинони ин водии номдор нақл мекунад.
Муаллиф бо истифода аз Бойгонии давлатии Тоҷикистон кӯшидааст, ки китоб дар такя ба ҳуҷҷату асноди таърихӣ таҳия гардад.
- Дар бойгонӣ қариб ду сол аксари рӯзномаву нашрияҳои солҳои сиюму чилумро варақ задем, факту далелҳое ёфтем, ки дар китобу сарчашмаҳои пешин зикри онҳо нест, - мегӯяд Аъзам Мӯсоев.
Таҳияи чунин сарчашмаҳои хурд судманд буда, тавассути онҳо оянда навиштани таърихи вилояти Хатлон имконпазир хоҳад буд.
МУАРРИФИИ ШЕЪРИ ТОҶИК ДАР ТЕҲРОН
Дар баробари таҳкими муносибатҳои ҳасана, робитаҳои адабӣ низ доман густард. Аз ҷумла, чанде пеш бо миёнҷигарии шоир ва олими ҷавони тоҷик Насимбек Қурбонзода китоби ашъори кӯдак бо муаллифии Убайд Раҷаб, Саидалӣ Маъмур ва Ҷӯра Ҳошимӣ дар Теҳрон рӯйи чоп омад.
Китоби мазкур «Турна ва майна» унвон дошта, дар нашриёти «Хирадгон» дар баргардони Зебо Алихонӣ бо теъдоди 500 нусха интишор ёфт.
- Тасмим гирифтем адабиёти кӯдак ва навҷавонони Тоҷикистонро дар ҳавзаи кишварҳои форсизабон нашр ва муаррифӣ намоем. Аз ин силсила бори нахуст китоби Убайд Раҷаб «Олуча гули бодом» мунташир шуд. Инак, «Турна ва майна» низ аз ин силсила рӯйи чопро дид, - гуфт Насимбек Қурбонзода.
Зебо Алихонӣ дар баробари мураттаб кардани ашъор, инчунин пешгуфтори муфассале навишта, мазмуну муҳтавои шеъри кӯдаки тоҷикро ба таҳлил ва баррасӣ кашидааст.
Б. БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1010