Хабарҳо
СУҒД. ТАНТАНАИ ГУСЕЛИ НАВАСКАРОН
Бо шукӯҳу шаҳомат гусел кардани ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дар вилояти Суғд солҳои охир ба ҳукми анъана даромадааст. Имсол низ дар нахустин гусели даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ дар Амфитеатри Қасри Арбоб маросими тантанавӣ баргузор шуда, беш аз 1000 нафар ба сафи Артиши миллӣ фиристода шуданд.
Дар макони баргузории чорабинӣ ҷавонону наврасон, намояндагони шаҳру ноҳияҳои вилоят, роҳбарони ташкилоту идораҳо, устодону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, комиссариатҳои ҳарбӣ, волидону пайвандони даъватшавандагон ҷамъ омада, дар руҳияи идона наваскаронро ба Қувваҳои Мусаллаҳ гусел намуданд.
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронӣ таъкид кард, ки таъмини фазои орому осудаи Ватан ва амнияти ҷомеа аз муҳимтарин вазифаҳои давлат маҳсуб гардида, вобаста ба он таълиму тарбия ва руҳану ҷисман омода намудани ҷавонони синни даъватӣ барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ беш аз пеш аҳамияти муҳим пайдо менамояд.
- Имрӯз ҷавонони бонангу номуси мо хуб дарк мекунанд, ки хизмат ба Ватан барои онҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ ва рисолати мардонагист. Насли ҷавон дар сафи Артиши миллӣ хизмат намуда, муҳимтарин мактаби обутоби ҳаётро паси сар мекунанд. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон дарси шуҷоату мардонагӣ ва муҳофизати хоки поки Ватанро меомӯзанд. Яъне, хизмати ҳарбӣ нишонаи равшани эҳсоси ватандӯстӣ, дарки зарурат ва аҳамияти ҳимояи манфиатҳои давлат ва халқи Тоҷикистон мебошад. Бо дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои будубоши хизматчиёни ҳарбӣ аз ҷониби Ҳукумати кишвар ва Вазорати мудофиа шароити хуби хизматӣ ва маишӣ ҳамаҷониба фароҳам оварда шудааст, - иброз дошт раиси вилоят.
Ҳозиршавии ҷавонон ба нуқтаҳои ҷамъшавӣ дар рӯзҳои авввали ин чорабинии сиёсӣ бори дигар собит сохт, ки қисми зиёди ҷавонон бо дарки масъулияти баланд барои ҳифзи Ватан ихтиёран ба Қувваҳои Мусаллаҳ пайвастанд.
Изҳори бовар шуд, ки хизматчиёни ҳарбии вилоят, аз генерал то сарбози қаторӣ бо хизмати садоқатмандона дар эъмори ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ беш аз пеш саҳм гузошта, сарбаландона иҷро мекунанд, манфиатҳои сиёсӣ, якпорчагии Ватанро ҳимоя менамоянд.
Дар охир, маросими нонгазон сурат гирифта, барои даъватшавандагон барномаи консертӣ, ки фарогири сурудҳои ватандӯстона буд, пешниҳод шуд. Чорабинӣ бо гузашти ҳарбии афсарону сарбозони гарнизони Суғд анҷом ёфт.
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2559