маориф
Вокуниш ба матлаби «Ховалинг. Барномаи давлатӣ кай иҷро мешавад?» - и Суннати Содиқ («Ҷумҳурият», аз 19.01.2022, № 14)
Ба «Ҷумҳурият» ҷавоб омад
Шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг мақолаи «Ховалинг. Барномаи давлатӣ кай иҷро мешавад?» - и Суннати Содиқ («Ҷумҳурият», аз 19.01.2022, №14)-ро мавриди баррасӣ қарор дода, иттилоъ медиҳад, ки Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14-и ноҳияи Ховалинг аз маркази ноҳия дар масофаи 18 километр дар деҳаи Навруҳҳои Ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ ҷойгир мебошад.
Муассисаи таълимӣ дар бинои якошёна, ки сохтмонаш ба соли 1989 рост меояд, фаъолият мекунад ва аз 7 синфхона иборат буда, 120 хонанда дар ду баст ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст. Ба хонандагон 17 омӯзгор таълиму тарбия медиҳад.
Вобаста ба шароиту имкониятҳо вазъи таълиму тарбия дар муассиса дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, ҷиҳати таъмини иҷрои “Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таълимӣ барои солҳои 2018-2022”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 сентябри соли 2017, таҳти №443 тасдиқ шудааст, корҳои муайян амалӣ гардидаанд. Аз ҷумла, муассиса дорои 9 компютери дар ҳолати корӣ қарордошта мебошад, ки тибқи талаботи боби 5-и Барнома (таносуби воқеии дастрасии 1 компютер ба 2 хонанда ҳангоми таълим дар ҷараёни дарс) пурра мутобиқат мекунад.
Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 21-и деҳаи Кӯлдараи Ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ, ки дар бинои нав фаъолият мекунад, шумораи компютерҳои мавҷуда дар ҷараёни таълим ба хонандагон аз рӯи меъёр (яъне дар синфҳои аз 5 боло, ки дарси компютер омӯзонда мешавад) дастрас мебошад.
Алҳол муассисаҳои таълимии ноҳия бо 474 компютер, 105 принтер, 20 тахтаи электронӣ ва 20 проектор таъмин мебошанд.
Бояд гуфт, ки дар соли таҳсили 2021-2022-юм 28 компютер ва 17 принтер тавассути маблағгузории ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва аз буҷети ноҳия харидорӣ гардида, таъмини талаботи “Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таълимӣ барои солҳои 2018-2022” ҷиҳати бо компютер ва дигар воситаҳои технологияи инноватсионӣ таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ зина ба зина ҳалли худро ёфта истодааст.
Маҳмадназар АМИРСАИДОВ,
мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Ховалинг
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 08.04.2022 №: 68 Мутолиа карданд: 6584