Хабарҳо
ҶАҲОН ДАР ЯК САТР
Мир 24. Бино ба иттилои Вазорати кишоварзии ИМА, беш аз 20 иёлати кишварро хуруҷи зукоми мурғ фаро гирифтааст, ки шадидтарин дар ҳафт соли охир аст.
ТАСС. Вазири корҳои хориҷии Бразилия Карлос Алберт Франко Франс хабар дод, ки Бразилия ва Чин нақшаи нави стратегии ҳамкорӣ барои 10 солро омода мекунанд.
Ведомости. Дар остонаи интихоботи президентии Фаронса, ки 10 апрел баргузор мешавад, фосила байни ду номзади асосӣ – Президенти феълӣ Эммануэл Макрон ва роҳбари Ҳизби “Итиҳоди миллӣ” Марин Ле Пен коҳиш меёбад.Тавре ки назарсанҷиҳо тасдиқ мекунанд, ҳар дуи онҳо ба даври дуюм хоҳанд расид, ба мисли интихоботи соли 2017, ки Макрон пирӯз шуда буд.
Мир24. Ба иттилои корпоратсияи давлатии телевизион ва радиои KAN, дар маркази Тел-Авив тирпарронӣ ба амал омада, дар натиҷа ду нафар кушта ва чаҳор нафар маҷруҳ шуд.
CentralAsia (TM). Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳаммадов рӯзи гузашта дар ҷаласаи густарда бо таъини раҳбарони ниҳодҳои қудратии Туркманистон ҳайати нави Шурои амнияти давлатии Туркманистонро тасвиб кард.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1897