Хабарҳо
Рӯзи пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе таҷлил мегардад
Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе ба тасвиб расид. Дар ин бора шуъбаи иттилоотии дастгоҳи раиси шаҳр хабар дод.
Тибқи Қонун «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 1 марти соли 2005, ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел дар мамлакат Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе таҷлил мешавад.
Қабули эътимоднома аз сафири нави Қазоқистон
Сафири навтаъини фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валихан Туреханов ба муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ нусхаи эътимоднома супурд.
Онҳо зимни дидор масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои Тоҷикистону Қазоқистонро баррасӣ карда, перомуни чорабиниҳои муштараки дарпешистода ба муносибати 30-юмин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ табодули афкор намуданд.
Ду ширкати нав вориди бозори сайёҳӣ гардид
Ду ширкати нави сайёҳӣ - «Мадад Фарм» ва «Бозори Ворӯ» вориди бозори сайёҳии Тоҷикистон гардида, ҳамзамон, муҳлати амали иҷозатномаи фаъолияти сайёҳии ширкати сайёҳии «Артуч» тамдид карда шуд. Дар ин бора Кумитаи рушди сайёҳӣ иттилоъ медиҳад.
Раиси кумита Тоҷиддин Ҷӯразода зимни супурдани иҷозатномаҳо таваҷҷуҳи роҳбарони ширкатҳоро ба масъалаҳои татбиқи босамари имтиёзҳо дар соҳаи сайёҳӣ, ки бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардиданд, таҳияи хатсайрҳои нави сайёҳӣ, таҳия ва нашри маводи нави иттилоотии тарғиботӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии ҷавобгӯ ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ ва таъмини рақобатпазирии маҳсулоти сайёҳӣ ҷалб намуд. Ҳоло дар бозори сайёҳии кишвар қариб 240 ширкат фаъолият дорад.
АШТ. ҶСК “ КОНИ НАМАК” БА КОР ДАРОМАД
Баъди бозистии наздик ба як сол Ҷамъияти саҳомии “Кони намак”-и ноҳия Ашт аз нав фаъол гардида, зиёда аз 70 нафар ба ҷойҳои кории худ баргашт.
Ҷиҳати шиносоии наздик аз ҷараёни кори корхона ва имрӯзу фардои дурнамои он раиси ноҳия Шуҳрат Муҳаммадзода, масъулони соҳаи саноат аз корхона боздид карда, баҳри кори самаранок, сифати маҳсулот ва таъмини бозори дохилию дурнамои содиротӣ дастурҳои мушаххас доданд.
Бино ба иттилои директори иҷроияи ҶСК “Кони намак” Ҷамшед Ёрматов, сабаби асосии аз фаъолият боз мондани корхона ба охиррасии муҳлати иҷозатнома буд. Акнун баъди баррасии пурраи масоили истеҳсолии маҳсулот аз ҷониби масъулони Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ корхона ба фаъолият оғоз бахшид. Заминаи техникиву таҷҳизотӣ имкон медиҳад, ки ҶСК “Кони намак” неруи тавлидотии маҳсулотро то ба 12 ҳазор тонна расонад. Корхона ба бозори дохилӣ зиёда аз 10 номгӯй намак: ошиву омезиш бо гиёҳҳои шифобахш, техникиву чорво ворид месозад. Интизор меравад, ки солҳои наздик содироти намаки Ашт ба кишварҳои минтақаи Осиёи Миёна ва Афғонистон низ ба роҳ монда шавад. Тибқи омӯзиши мутахассисон захираи намак дар ин ҷо то ба 300-500 сол басанда мебошад.
Воридоти 501 ҳазору 600 воя ваксина
Шаби 7 апрел дар доираи механизми байналмилалии тақсимоти одилонаи ваксинаҳо COVAX ба Тоҷикистон боз 501 600 воя ваксинаи «AstraZeneka» ворид гардид, - хабар дод Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.
Вазорат аз тамоми шаҳрвандони синнашон аз 18 болоро даъват менамояд, ки барои ҳифзи саломатии худ ва наздикон беаҳамият набошанд ва дар фурсати мусоид ваксина бигиранд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2159