сиёсат
СУҲБАТИ ТЕЛЕФОНӢ
8 апрел суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин баргузор гардид.
Дар оғоз сарварони ду кишвар ба муносибати 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Россия ҳамдигарро табрик гуфтанд.
Президентҳо бо қаноатмандӣ сатҳи баланди муносибатҳои дуҷонибаро, ки бар пояи анъанаҳои нек ва эҳтироми байниҳамдигарӣ асос ёфтаанд, таъкид карданд.
Дар ин зимн, ҷонибҳо ҷараёни рушди афзояндаи робитаҳои ду кишварро дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ, ҳамчунин, сатҳи кунунии ҳамкории Тоҷикистону Россияро дар соҳаи амниятӣ баланд арзёбӣ намуданд.
Дар ҷараёни суҳбат роҳбарони ду давлат раванди рушди вазъият дар Афғонистон ва ҳолати сарҳади миёни Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ карда, дар робита ба дигар масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор анҷом доданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 11.04.2022 №: 69 Мутолиа карданд: 908