logo

иҷтимоиёт

ҲОШИМ ГАДО - АЗ САҲНАИ ТЕАТР ТО БА МАЙДОНИ АДАБИЁТ

 
Ҳунарманди маҳбуби тоҷик Ҳошим Гадо мегӯяд: «Муаллими бузурги ман Офтоб аст, ки ҳар рӯз ба Замину одамон хидмат мекунад, худ сӯхтаву ҳаёт мебахшад. Ман бачаи ӯ, офтобам, офтоби хурдакакам, ки худ сӯхтаву дигаронро равшанӣ мебахшам, зеро ҳунармандам ва рисолатам ҳамин аст: сӯхтан ва ба дигарон равшанӣ бахшидан».
Ман пеш аз китобҳои ӯро варақгардон намудан нахуст роҳи тайкардаи ин марди наҷибро мебинам ва ба тааҷҷуб меоям. Ӯ баъди хатми Донишгоҳи давлатии санъати театрии ба номи А. Луначарскийи шаҳри Москва (ГИТИС) фаъолияти кориашро аз Театри ба номи Пушкини шаҳри Хуҷанд оғоз намуд. Офаридани нақши мураккаби Хлестаков дар намоиши «Муфаттиш»-и Гогол, нақшҳои асосӣ дар «Ҳамлет»-и Шекспир, «Эдип»-и Софокл, Фердинанд дар «Макр ва муҳаббат»-и Шиллер, Наср ва Сино дар «Рӯдакӣ» ва «Ҷавонии Сино»-и Сотим Улуғзода, Афросиёб дар «Бежан ва Манижа»-и Фирдавсӣ, Иброҳимбек дар асари «Тӯфон»-и Ғанӣ Абдулло, Шоҳзода Мирзо Абдулатиф дар «Ситораи Улуғбек» ва дигар нақшҳо номи Ҳошим Гадоро ба ҷаҳониён ошно намудаанд. 
Ҳамчун таҳиягар намоиши «Эдип» — и Софоклро рӯйи саҳна овард ва худ дар он нақши асосиро бозид. Ин намоиш таҳаввулотеро дар ҳунари театрии тоҷик ба вуҷуд овард. Нахустнамоиши спектакл дар театри навтаъсиси «Дӯстии халқҳо» — и шаҳри Москва баргузор гардида, ба ӯ шуҳрати беандоза овард. Мунаққиди рус Александр Маркин пас аз тамошои намоиш чунин гуфтааст: «На дар Россия, на дар Аврупо нақши Эдипро, тавре ки Ҳошим Гадоев бозид, касе наофаридааст. Дар офаридани нақшҳои классикӣ дар дунё танҳо англисҳо метавонанд ба Ҳ. Гадоев ҳампоя бошанд». Мунаққид А. Фелдман бошад, дар бораи ҳунарпеша чунин мегӯяд: «Агар устоди мо Олга Ивановна Пижова зинда мебуд, бо шогирди муваффақаш Ҳошим Гадо ифтихор мекард, Ҳошиме, ки доим китоби «Ҳамлет» дар бағал дар долонҳои донишгоҳ гашта, дар рушди театри шуравӣ чи саҳме гузоштааст». Соро Эшонтӯраева, Ҳунарпешаи халқии СССР дар бораи «Эдип» мегӯяд: «Ман дар бисёр театрҳои ҷаҳон, аз ҷумла Михаил Чеховро дар МХАТ, Остужевро дар Театри хурди Москва, ҳамчунин, дар Англия актёрони машҳурро бо шавқ тамошо кардаам, вале, ҳеҷ гоҳ чун имрӯза, ки аз тамошои «Эдип» ба ваҷд омадам, мутаассир нагашта будам. Ман чун санъаткор дар назди маҳорати Ҳошим Гадоев сар фуруд меорам». Дар ҳақиқат устод Ҳошим Гадо ҳунарманди нотакрор ва инсони асилу пурасрор аст. Беш аз 40 сол аст, ки мардум ба маҳорату санъати вай аҳсану офарин мегӯяд. Нақши Суҳроб аз филми «Рустам ва Суҳроб» бозгӯйи ҳунари зебову нотакрор ва қуллаи баланди эҷодии устод мебошад. 
Ҳошим Гадо бо киностудияҳои хориҷӣ низ ҳамкории фаъол дошт. Аз ҷумла, «Мосфилм», «Беларусфилм», «Озарбойҷонфилм», студияи синамои Марокаш ӯро барои нақшофарӣ дар филмҳояшон даъват кардаанд. Мегӯянд, ки пас аз ҳунарнамоии воло дар филми озарии «Шуълаи хомӯшшудаи гулханҳо» дар қарибии шаҳри Боку ба чашмае номи Ҳошим Гадоро мондаанд. Адиби маъруфи тоҷик Сотим Улуғзода дар ёддоштҳояш навиштааст: «Ҳангоми тамошои спектакли «Ҷавонии Сино» бори аввал фаромӯш кардам, ки он асари ман аст». 
Соли 1999 ба ифтихори 1100 - солагии Давлати Сомониён, дар Варзишгоҳи ҷумҳуриявӣ дар ҳузури Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳазорҳо тамошогарон Ҳошим Гадо нақши Шоҳ Исмоили Сомониро бозид ва соли 2008 ба шарафи 1150 - солагии асосгузори адабиёти классикии тоҷику форс Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ спектакли Сотим Улуғзода «Рӯдакӣ» - ро ба саҳна гузошт. 
«Боре дар Мароккаш, ки он ҷо барои бозидани нақше дар як филм рафта будам, хабарнигоре аз ман пурсид: «Агар ҳунарпеша намешудед, кӣ мешудед?» Гуфтам: «Деҳқон». Ва ман деҳқонам, ки бояд кишт кунам. Корҳои хайр бояд бикорам, ҳоло ки зиндаам, бикорам. Аз ин сабаб, ман китоб менависам… Муҳим имрӯз бо худ ва дунё зистан аст, - мегӯяд Ҳошим Гадо.
Устод Ҳошим Гадо, устоди саҳна, сухан, фалсафа, адабиёт ва фарҳанги ҷаҳонӣ ҳастанд. Тайи солҳои охир ба адабиёт рӯй овардаанд. Адабиёт - наср аз назари устод ифшогари розу ниёзҳои инсон мебошад ва пайваста менависад. Нигоштаҳои устод мисли образҳои офаридааш дар синамо ва театр абадӣ мебошанд. Ӯ бисёр нозукона ва мӯшикофона ва ҷиддӣ иншо мекунад ва асарҳояш маъвои писандидаи дӯстдорони ҳақиқии адабиёт гаштаанд. Мо бо дӯстон тез-тез бо устод дидорбинӣ мекунему ӯ дар бораи навиштаҳояш ҳарф мезанад, бо ҳарорат ва тамоми ҳастӣ, чӣ хеле ки ба синамо содиқ мондааст, ба адабиёт ҳам самимона муносибат дорад. 
Дар бораи асарҳои устод ва нақшҳояш дар театру синамо бузургтарин мунаққидону пажӯҳишгарон мақолаҳо навиштаанд ва садҳо китоб ба нашр расидаанд. Ин ҷо ман мехоҳам дар бораи охирин асарҳои устод Ҳошим Гадо бо номи "Собрание животних" («Нишаст ё ҷамъомади ҳайвонот») бинависам. То ин дам устод дар бораи носозгориҳо, талошу нокомиҳо ва разолату қабоҳати инсонҳои дунё менавишт. Инак, вай ба мавзуи инъикоси олами ваҳшу тайр даст зада, андешаҳои худро бисёр зебо ва файласуфона пешниҳод намудааст. Ин андешаҳои Ҳошим Гадо бозгӯйи талоши ҷонварон дар зинда мондан аст. Дар ҳикояҳои ба ҷонварон бахшидаи муаллиф қариб ҳамаи парандаю чарандаҳо гап мезананду андеша мекунанд. Суханҳои духӯра ва маъниҳои пурбори фалсафӣ, истифодаи зарбулмасал, мақолу офоризм, ҳикмати рӯзгор ба ҳикояҳои Ҳошим Гадо ҳусни дигаре зам намудаанд. Дар ҳикоёти тамсилӣ - фалсафии устод ҷонварон беақлу сода ва беғайрат нестанд. Балки муҳокимаи онҳо чунон дилчаспу воқеӣ ба амал меояд, ки дар худ як ҷаҳон маънӣ доранд. Муносибату шеваи гуфтору муомила бо ҳайвонот ҳикмат дорад. Онҳо моро огоҳ месозанд, ки нисбат ба оянда ва қисмати хеш бетараф набошем. Ҳамин тавр, ҳикояҳои нави устод хонандаро ба сӯйи олами пурасрори ваҳшу тайр, зиндагии онҳо раҳнамун месозанд, зеро дар олами вуҳуш ҳайвоноту парандаҳо ҳеҷ гоҳ қонунҳои табиатро  асло вайрон намекунанд. Ҷонварон нисбат ба ҳамдигар меҳрубон мебошанд ва танҳо саркашону фиребгаронро ҷазо медиҳанду халос. Танҳо инсон аст, ки худ қонунҳояшро вайрон менамояд. Устод бо ҳикояҳои нави тамсилиашон низ ба дили хонандагонаш роҳ ёфтааст. 
 
Маҷид САЛИМ,адиб, 
барандаи Ҷоизаи адабии 
ба номи Садриддин Айнӣ
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.04.2022    №: 69    Мутолиа карданд: 802
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед