Хабарҳо
ҲАФТАИ КИТОБИ КӮДАКОНУ НАВРАСОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ
Ҳамасола дар ҷумҳуриамон фестивалу озмунҳои гуногун баргузор мегарданд. Ҳадафи асосии баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Файзи истиқлол», «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» ва Фестивали «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи таърихӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, бой гардондани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва фаъолгардонии доираи забондонӣ миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа мебошад. Натиҷаи озмуну фестивалҳои мазкур исбот намуд, ки, дар ҳақиқат, насли навраси тоҷик мисли гузаштагони хеш китобдору китобхон мебошад.
Чунин фестивалу озмунҳо маҳз бо амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир мегарданд. Онҳо аз шаҳру ноҳия ва вилоятҳо оғоз гардида, дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст мешаванд. Дар натиҷа, беҳтарин истеъдодҳо муаррифӣ гардида истодаанд.
Фестивали «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» дар Театри вилоятии мазҳакаи мусиқии ба номи Сайдалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб таҳти унвони «Хуҷаста бод, истиқлол!» бо иштироки адибону олимон, тарбиягирандагони муассисаҳои таълимиву кӯдакистонҳо ва васоити ахбори омма баргузор гардид. Он бори дигар нишон дод, ки ҳанӯз ҳам ин миллати фарҳангӣ ба китобхонӣ таваҷҷуҳ дошта, ба илму адаб арҷу эҳтиром мегузорад. Саҳни ҳавлии театр ба тариқи идона оро дода шуда, дар он намоишгоҳи китобҳои адибони классику замони муосир, ҳунарҳои мардумӣ ва дастранҷи наврасону кӯдакон ташкил гардид.
Дар қисмати тантанавӣ намояндагони аҳли фарҳанг суханронӣ намуда, аз эҷодиёти шоирону адибон ҳарф заданд. Пасон, наврасону кӯдакон аз китобҳои мутоилакардаи худ порчаҳо қироат намуда, дар васфи модар ва Ватан шеъру сурудҳо хонданд.
Фарҳод МАДАМИНОВ, журналист
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2505