Хабарҳо
ҶАҲОН ДАР ЯК САТР
INTERFAX.RU. Дмитрий Полянский, муовини намояндаи доимии Федератсияи Россия дар СММ, гуфт, ки хуруҷи Россия аз Шурои ҳуқуқи башари СММ маънои онро надорад, ки мо ширкат дар фаъолиятҳои байналмилалии ҳуқуқи башарро қатъ мекунем.
Российская газета. Дар чанд шаҳри Олмон гирдиҳамоӣ барои дифоъ аз шаҳрвандони русзабон баргузор шуд. Дар яке аз майдонҳои Франкфурти соҳили Майн 300 кас ҷамъ омада, яке аз сершумортарин гирдиҳамоӣ барпо намуданд.
Мир24. Ҳукуматдорони Арабистони Саудӣ бори аввал дар се соли ахир ба зоирони хориҷӣ адои маросими Ҳаҷро иҷозат доданд.
РБК. Намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Россия Мария Захарова аз роҳбари дипломатияи Иттиҳоди Аврупо Ҷозеп Боррел, ки гуфта буд, низоъ дар Украина бояд «дар майдони ҷанг» хотима ёбад, интиқод кард. «Дар ин ҷо шумо «ташкилоти иқтисодӣ» доред. Ин дигар Иттиҳоди Аврупо нест. Ин танҳо як шуъбаи муносибатҳои иқтисодӣ бо НАТО аст», - навиштааст вай дар шабакаи Telegram-и худ.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2515