logo

сиёсат

ТАҲКИМБАХШИ ҲАДАФҲОИ ОЛӢ. БАРДОШТ АЗ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Боиси  ифтихор аст, ки дар муқаддимаи Паём Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд: “Бинобар аҳамияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва таъмин намудани иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла раванди саноатикунонии босуръати кишвар, пешниҳод менамоям, ки солҳои 2022 - 2026, яъне то Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон «Солҳои рушди саноат» эълон карда шаванд”.
Вале лозим ба таъкид аст, ки аз нуқтаи назари талаботи ҳозиразамон мо бояд суръати рушди иқтисодиро тақвият диҳем, зеро агар мо  чунин  суръати  миёнасолонаи  рушдро  (7,5 %) дар оянда нигоҳ дорем, барои ду маротиба афзоиш додани истеҳсоли ММД зиёда аз 9 сол лозим аст, ки ба соли 2030 рост меояд. Аз ин рӯ, баҳри то Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ноил гаштан ба ҳадафи мазкур суръати миёнасолонаи рушди иқтисодиро ба бештар аз 10% расондан ба мақсад мувофиқ аст. Бо итминони комил гуфтан мумкин аст, ки мамлакати мо дар самти ноил гаштан ба ҳадафи мазкур ва таъмини рушди устувори иқтисодиёти кишвар иқтидори зарурӣ дорад.
Ҷойи шубҳа нест, ки соҳаи саноат бевосита соҳаи асосии таъминкунандаи аҳолӣ бо шуғли пурмаҳсули доимӣ, имконияти хуб дар самти баланд бардоштани ҳам даромади буҷети давлат, ҳам даромади аҳолии кишвар, ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, механизми таъмини гуногунсамтиву рақобатнокии иқтисоди миллӣ, таҳкурсии асосӣ барои гузаштан ба раванди рақамикунонии иқтисодиёт, рушди неруи инсонӣ мебошад. Пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок ба корхонаҳои саноатӣ, ҷорӣ кардани имтиёзҳои андозӣ ва дигар имтиёзҳо аз ҷумлаи он чораҳое мебошанд, ки боиси афзоиши истеҳсоли маҳсулоти соҳа мегарданд.
Дар солҳои охир аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри расидан ба яке аз самтҳои стратегии давлат, яъне саноатикунонии босуръат корҳои зиёд амалӣ мешаванд. Бо вуҷуди ин, соҳаи саноати ҷумҳурӣ имкониятҳои хеле зиёд дорад, ки дар Паёми Пешвои муаззами миллат дар ин бобат зикр шудааст. Дар ин радиф баъзе андешаҳои худро оид ба ҳолати имрӯзаи соҳаи саноат иброз менамоем. 
Ҳангоми таҳлили сарчашмаҳои оморӣ маълум гардид, ки соли 2020 ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ ба ҳар сари аҳолӣ дар ҳаҷми 3249,4 сомонӣ рост омадааст. Соли 1991 бошад, ин нишондиҳанда 2458,9 сомониро ташкил додааст, ки суръати афзоиш  1,3 маротиба мебошад.
Шумораи корхонаҳои саноатӣ дар мамлакат соли 2020 нисбат ба соли 2000 қариб 1,8 маротиба зиёд гаштааст. Нишондиҳандаи хуб аст, вале корхонаҳои навташкил дар соҳаи саноат нисбатан хурд буда, дар ҳалли муаммои ташкили ҷойҳои кори холӣ ҳиссаи назаррас надоранд. Масалан, шумораи миёнаи солонаи кормандони саноатию истеҳсолӣ соли 2020-ум 84,3 ҳазор нафарро ташкил кард, ки нисбат ба соли 2019-ум 1,7 маротиба зиёд мебошад, вале агар бо соли 1991 муқоиса намоем, кам аст, яъне ҳамагӣ 39,2 дарсади онро ташкил медиҳад, бинобар ин нишондиҳандаи соли 2020 қонеъкунанда нест. Дар ҷумҳурӣ бо сармояҳои хориҷиву дохилӣ ташкил кардани корхонаҳои азими саноатӣ, ки шумораи зиёди қувваи кориро бо ҷойи корӣ таъмин менамояд ба мақсад мувофиқ аст.
Сатҳи рушди истеҳсоли молҳои саноатӣ аз соли 2000-ум инҷониб ба ҳисоби миёна 9 дарсадро ташкил медиҳад, ҳисоби китоби иқтисодӣ нишон медиҳад, ки танҳо тақрибан пас аз 8 сол ҳаҷми истеҳсолоти маҳсулоти саноатиро ба ҳар сари аҳолӣ 2 маротиба зиёд кардан мумкин аст. Масалан, ҳоло ба ҳар сари аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 3249,4 сомонӣ маҳсулоти саноатӣ рост меояд, ҳамин нишондиҳандаро соли 2030 дар сурати нигоҳ доштани рушди имрӯза ба 6498,8 сомонӣ расондан мумкин аст. Ин нишондиҳанда дар назари аввал хуб аст, вале аз нуқтаи назари талаботи муосири тағйироти сохторӣ, гузариш ба иқтисодиёти рақамӣ, қафо намондан аз рушди кайҳонии ҷаҳонӣ нокифоя мебошад. Бинобар ин, ба ақидаи мо, агар суръати рушди истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба ҳисоби миёна дар ҷумҳурӣ  12 - 14 дарсадро ташкил диҳад, пас аз панҷ сол, яъне то Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба ҳадафҳои асосии саноатикунонӣ ноил гардидан мумкин аст. Барои таъмини иҷрои ин масъала имкониятҳо мавҷуданд. Масалан, чӣ тавре ки аз сарчашмаҳои оморӣ бармеоянд, ҳоло дар истеҳсоли намудҳои ҷудогонаи маҳсулот иқтидорҳои истеҳсолии корхонаҳои саноатӣ пурра истифода намешаванд. Мушаххасан гӯем дар ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёна ҳоло ҳамагӣ на зиёда аз 39 дарсад иқтидорҳои корхонаҳои саноатӣ ба гирдгардиш ҷалб карда шудааст, яъне аз панҷ танҳо ду ҳисса дар истеҳсолот машғул буда, қисми боқимонда бекор истодааст. Ғайр аз ин, дигар имкониятҳо низ дар самти рушди истеҳсоли молҳои саноатӣ хеле зиёд мебошанд. 
Дар асоси маълумоти мазкур, ба ақидаи мо, дар шароити муосири рушди иқтисодиёти Тоҷикистон дар давраи минбаъда баҳри гузариш ба иқтисодиёти индустриалии инноватсионӣ амалишавии равияҳои зерин мувофиқи мақсад аст:
– афзоиш додани соҳаҳои саноате, ки дар асоси истифодаи технологияҳои сатҳи баланди муосир, ки пешрафти илму техника ва инноватсияро муайян месозад, аз ҷумла саноати дорусозӣ, авиакайҳонӣ, компютер, таҷҳизоти радиоӣ ва телекоммуникатсионӣ, роботсозӣ, саноати мудофиа ва нанотехнология;
– рушди соҳаҳои саноатӣ, ки воридотивазкунанда буда, иқтидори содиротии кишварро мустаҳкам менамоянд;
– воридоти техника ва технологияи нав оид ба самаранок истифода бурдани захираҳои маҳаллӣ дар корхонаҳои саноатӣ;
– ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ ва тайёр намудани мутахассисони соҳибтаҷриба дар соҳаи саноат;
– таҳия ва такмили фаъолияти инфрасохтори истеҳсолӣ, мустаҳкам намудани базаи моддӣ-техникии онҳо.
Дар баробари ин, мардуми шарафманди кишвар баҳри таъмини рушди устувори соҳаи саноат дар асоси амалӣ намудани дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паём инъикос гардид, ҳамеша омода аст ва дар роҳи таҳкими истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва ҳифзи ягонагии Тоҷикистони азиз беш аз пеш талош варзида, ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти мавҷуда саҳми арзандаи хешро мегузорад.
 
Т. Р. РИЗОҚУЛОВ,
муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, 
доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори  Донишгоҳи давлати ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон,
Ҷовиди АШТӢ,  “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.04.2022    №: 70    Мутолиа карданд: 1134
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед