иҷтимоиёт
ДАВЛАТИ ДУНЯВӢ - ГАРАВИ АДОЛАТИ ИҶТИМОӢ
Бояд тазаккур дод, ки имрӯз дар таҳкими истиқлоли сиёсӣ, давлати миллӣ ва ташвиқи ғояҳои дунявият нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле барҷаста арзёбӣ гардидааст. Сарвари давлат бунёди давлати дунявиро ягона роҳи мусоид барои амнияти миллӣ ва расидан ба ҳадафҳои стратегӣ дониста, ибрози андеша доранд, ки «талошҳо дар роҳи бунёди типи нави давлати дунявӣ дар Тоҷикистон, тарроҳӣ ва шарҳу тафсири моҳияти давлати дунявии ҳуқуқбунёди демократӣ ва озодии виҷдон ҳамчун гарави адолати иҷтимоӣ, фитрати ҷавҳарӣ ва руҳиву маънавии инсон мебошад».
Дарвоқеъ, дар баробари ин, ифодагари асосии давлати дунявӣ ин истиқлоли сиёсӣ, ҳудуди муайян ва фарҳанги якхелаи гурӯҳие мебошад, ки дар маҷмуъ, ҳувияти миллиро ташкил дода, мазмун ва моҳияти чунин давлатро муайян менамояд. Ба ибораи дигар, давлати дунявӣ як шакли олитарини таъмини озодии виҷдон ва эътиқод буда, ҳангоми баррасӣ ҳамчун институти марказии системаи сиёсӣ вазифадор аст, ки дар ҳудуди худ амнияти дохилӣ ва берунии ҷомеаро таъмин намояд.
Айни замон, муайян намудани мазмун ва моҳияти давлати дунявӣ, масъалаҳои асосии инкишофи давлати дунявӣ, озодии виҷдон ва эътиқоди динӣ, баробарии иттиҳодияҳои динӣ, амнияти давлатӣ, тарбияи шаҳрвандӣ, зери назорат қарор додани озодии ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ва фаъолияти идораи руҳониён дар ҷомеа, раванди қабули қарорҳои сиёсӣ, баамалбарории хизмати давлатӣ рӯз то рӯз муҳимияти хоса пайдо карда истодаанд.
Ҳамзамон, давлати дунявӣ сохтори сиёсие мебошад, ки дар он дин аз сиёсат ҷудо мебошад. Яъне, дар давлати дунявӣ руҳониён наметавонанд дар ҳаёти сиёсӣ ширкат варзанд ва ҳатто ҳизби динӣ таъсис диҳанд. Дар чунин давлат муносибатҳои ҷамъиятӣ на дар асоси меъёрҳои динӣ, балки дар асоси меъёрҳои шаҳрвандӣ ба танзим дароварда мешаванд. Инчунин, қарорҳои сиёсии қабулшуда низ асоси динӣ дошта наметавонанд, ки барои як қисми ҷомеа то ҳанӯз нофаҳмо будани онҳо ҷой дошта бошад.
Маълум аст, ки давлатҳои дунявӣ дар натиҷаи инқилобҳои гуногун, барқароршавии низоми сармоядорӣ ва пайдоиши давлатҳои мутамарказ ба вуҷуд меоянд, ки раванди ташаккулёбии онҳо бо мафҳуми «секуляризатсия» ифода мегардад.
Масалан, дар асрҳои миёна аксари давлатҳо характери динӣ, дошта, оҳиста-оҳиста дар зери таъсири секуляризатсия ба давлатҳои дунявӣ табдил ёфтаанд. Айни замон бошад, давлатҳои Ғарб пурра сохтори сиёсии дунявӣ доранд. Дар Шарқ низ як қатор давлатҳо сохтори сиёсии худро дунявӣ эълон намудаанд. Аммо ҳанӯз як қатор давлатҳои дигар, ба монанди Эрон, Арабистони Саудӣ, Афғонистон ва монанди инҳо давлатҳои теократӣ, яъне динӣ, мебошанд. Аммо кам нестанд давлатҳое, ки аксари аҳолии онҳо мусулмононанд, вале онҳо давлатҳои дунявианд, ба мисли Туркия, Озарбойҷон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва ғайра. Аммо ҳолатҳое низ ба мушоҳида мерасанд, ки дар кишвар дини давлатӣ мавҷуд аст, аммо давлат худро дунявӣ эълон намудааст. Масалан, Британияи Кабир, Дания, Қоҳира, Тунис, Бангладеш аз ҷумлаи чунин кишварҳо мебошанд.
Дар давлати дунявӣ ташкилотҳои динӣ институти сиёсӣ ба шумор нарафта, танҳо яке аз институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дониста мешаванд. Яке аз нишонаҳои муҳими давлати дунявӣ озодии виҷдон аст. Яъне, шаҳрвандон метавонанд озодона ба дилхоҳ дину мазҳаб пайравӣ намоянд ва ё баръакс, пайравӣ накунанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи моддаи якуми Конститутсияи Тоҷикистон ҳамчун «давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона» эълон шуда, амнияти ҷамъиятиву давлатиро кафолат медиҳад.
Маълум аст, ки раванди ташаккулёбии давлати дунявӣ тули даҳсолаҳои охир яке аз равишҳои муҳимтарини ҳаёти ҷамъиятии Тоҷикистон ба шумор меравад ва оид ба ин масъала шаҳрвандони мо баҳсу мунозираҳои зиёдеро паси сар намуда, ба муваффақиятҳои чашмрас, махсусан дар масъалаҳои рушди давлати дунявӣ, муносибати дину давлат, сиёсати давлат дар соҳаи дин, озодии виҷдон ва эътиқоди динӣ, ноил гардидаанд.
Мавриди зикр аст, ки давлати дунявӣ раванди дунявикунонии соҳаҳои гуногуни ҷомеа, аз қабили соҳаи сиёсат, маориф ва илмро роҳандозӣ намуда, дар самти ташаккул ва рушду инкишофи давлати дунявӣ нақши калон дорад. Зеро он давлатҳое, ки ба ин масъала таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, барои таъмини рушди давлати дунявӣ барномаҳо ва стратегияҳои давлатӣ қабул кардаанд, ҷиҳати амалишавии онҳо шароити мусоид низ бояд фароҳам оваранд. Истифодаи принсипҳои давлати дунявӣ ва озодии виҷдон дар раванди идоракунии давлатӣ имкон медиҳад, ки дар шароити муосир самаранокии системаи сиёсӣ ва идоракунии давлатӣ чандин маротиба баланд бардошта шавад ва пеши роҳи як қатор падидаҳои номатлуби ҷомеа, аз қабили хурофотпарастӣ, тақдирпарастӣ, амалҳои ифротгароию террористӣ, гирифта шаванд.
Бо назардошти он, ки вазъи ҳаракатҳои исломи сиёсӣ дар ҷаҳони имрӯза хеле пуртазод аст, руҳонияти сиёсӣ барои ба даст овардани қудрат ва ба ҷониби хеш кашидани мардум бештар аз андешаи адолати иҷтимоӣ истифода бурда, давлати дунявиро қабул надорад. Бинобар ин, зарур аст, ки бо истифода аз ҳар роҳу восита кӯшиш ба харҷ дода шавад, ки дар давлати дунявӣ халои иҷтимоӣ ба вуҷуд наояд, то он мӯҷиби халалдор шудани суботи иҷтимоиву сиёсӣ нагардад.
Хулоса, барои Тоҷикистони соҳибистиқлол, айни замон, ҳисси боварӣ ба давлати дунявӣ ва раванди дунявикунонӣ бояд муҳимияти хосса дошта, ҳамчун гарави устувории ҳаёти иҷтимоӣ ва саодатмандии баркамоли миллат шинохта шаванд.
Муҳаммад АБДУРАҲМОН,
ноиби президенти АМИТ, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 12.04.2022 №: 70 Мутолиа карданд: 664