фарҳанг
МУҲАҚҚИҚ. ПОРАЕ АЗ ЗИНДАГИНОМАИ ҲИКМАТ ҲИСОРИЕВ
Тоҷикистон сарзамини пурганҷ аст, вале боигарии асосии он фарзандони бонангу номус ва фарҳангиаш мебошанд.
Эмомалӣ РАҲМОН
Дар вохӯрӣ бо зиёиёни мамлакат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуда буданд: «Номи миллатро аслан фарзандони бонангу номусаш зинда медоранд. Ва ҳар боре, ки ба роҳи паймудаи миллати хеш бо чашми хирад назар афканем, мебинем, ки бузургони ҳар давру замон чун ҳалкаҳои як занҷир бори миллатро бар дӯши хеш кашидаанд. Ин занҷир аз овони «Авасто»-ву Зардушт сарчашма гирифта, бо нағмаҳои Борбад, бо нақшҳои Монӣ, бо сурудҳои оташкадаҳои Балху Суғд, бо шеъри Рӯдакию теғи ҷонофарини Сино, бо каломи мавзуни Ҷомию мусаввараҳои нотакрори Беҳзод, бо саъю талошҳои тақдирсози Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров ва Мирзо Турсунзодаву Турсун Ӯлҷабоев то ба имрӯз расидааст».
Барҳак, ин анъанаи неки ниёгон ҳоло ҳам идома дорад. Фарзандони фарзонаи миллат дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат ҷоннисорона заҳмат мекашанд, ки яке аз онҳо олими шинохта, хатмкардаи кафедраи ботаникаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ) доктори илмҳои биология, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, президенти Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон, сарходими илмии Институти ботаника, физиология ва генетикаи рустании АМИТ Ҳикмат Ҳисориев мебошад.
Ҷавони кӯҳистонӣ аз давраи донишҷӯйӣ аз рӯйи тахассуси рустанишиносӣ бо роҳбарии узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои биология, профессор М.И. Исмоилов ба омӯзиши гуногунии биологии наботот ва махсусиятҳои фитосенотикии авлоди эфедра (хома) машғул гардид ва соли 1974 дар мавзуи «Ҷамоаҳои хомазори ҳавзаи кӯли Искандар» рисолаи дипломӣ ҳимоя кард, ки маводи он дар китоби «Флора ва набототи ҳавзаи кӯли Искандар» соли 1975 ба табъ расид. Ҳангоми донишҷӯйӣ дар конфронсҳои сатҳи Иттиҳоди Шуравӣ, дар шаҳрҳои Киев, Ленинград, Новосибирск бо маърузаҳои пурмазмуни илмӣ баромад кард. Шурои олимони факултети биология ӯро ба аспирантураи Институти ботаникаи Академияи илмҳои Тоҷикистон аз рӯйи ихтисоси рустанишиносӣ тавсия кард. Дар Институти набототшиносии ба номи Н.Г. Холоднии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Украина ба таҳқиқи илмӣ машғул гашт. Солҳои 1974-1977 бо роҳбарии олим - обсабзшинос, сарходими илмии шуъбаи обсабзшиносии назди Институти ботаникаи ба номи Н.Г. Холодний, доктори илмҳои биология, профессор Г.М. Паламар-Мордвинсева кори таҳқиқотиро дар омӯзиши обсабзҳо, ки дар Тоҷикистон то ҳол таҳқиқ нашуда буданд, оғоз намуд.
Олими ҷӯянда дар натиҷаи ҷустуҷӯ ва заҳматҳои пайваста соли 1981 дар мавзуи “Обсабзҳои иншоотҳои обтозакунии шаҳри Душанбе” рисола ҳимоя карда, соҳиби дараҷаи илмии номзади илмҳои биологӣ гардид.
Донишмандӣ ва истеъдоди баланди омӯзгорӣ доштани устод Ҳикмат Ҳисориев боиси он гашт, ки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ӯро ба сифати дотсенти кафедраи ботаникаи факултети биология ба кор даъват намояд. Олим дар соли 1993 дастури таълимӣ - методии “Ботаника – растаниҳои талломӣ”-ро, ки моҳиятан аввалин китоб барои донишҷӯёни биолог дар омӯзиши рустаниҳои дараҷаи паст бо забони тоҷикӣ маҳсуб меёфт, ба нашр расонд.
Соли 2015 академик Ҳикмат Ҳисориев бо шогирдонаш китоби «Омӯзиши обсабзҳо»-ро ба табъ расонд, ки дар он тарзи ҷамъоварӣ, омӯзиш ва гузарондани дарсҳои амалӣ барои ҳар як шуъба дар мисоли намояндагони маҳаллии обсабзҳо оварда шудааст.
Саҳми академик Ҳ. Ҳисориев дар омода намудани нашри дуюми Китоби сурхи Тоҷикистон (соли 2015) ва ҷилди 1-уми Атласи рустаниҳои шифобахши Тоҷикистон калон аст. Дар омода намудани чопи дуюми Китоби сурхи Тоҷикистон 18 олими рустанишинос ҷалб гардид ва он соли 2017 ба забонҳои русӣ ва англисӣ тарҷума шуд. Бахши “Рустаниҳо”-и Китоби сурх, ки ба он 267 рустании нодир ва дар дараҷаи нестшавӣ қарордошта, зери назар ва таҳрири Ҳикмат Ҳисориев омода гардид. Ҳамзамон, муаллифи чандин монографияҳои “Обсабзҳои эвгелении Осиёи Марказӣ” (флора, таксаномия, экология ва флорогенез), “Обсабзҳои эвгелении ҳавзаҳои континенталӣ”, “Обсабзҳо, гуногунии биологӣ ва хусусиятҳои экологӣ” ва ғайраҳо мебошад, ки мавриди истифодаи олимону муҳаққиқони дохилию хориҷӣ қарор ва аҳамияти илмию амалӣ доранд.
Муҳаққиқ муаллифи 250 асари илмӣ, аз ҷумла 8 китоб ва монография, 5 кори илмӣ-методист. Ҳоло узви Шурои экспертӣ доир ба илмҳои биологии КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
А. А. МАДАМИНОВ, мудири озмоишгоҳи
экология ва захираи рустанӣ,
М. Қ. САИДОВ, дотсенти кафедраи экологияи ДМТ,
П. А. ҚУРБОНОВА, дотсенти кафедраи экологияи ДМТ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 12.04.2022 №: 70 Мутолиа карданд: 2020